logo

иҷтимоиёт

КИТОБИ ДАРСӢ – ПОЯИ АСОСИИ ТАҲСИЛОТ

 
Солҳои охир дар низоми таҳсилоти кишвар масъалаи таҳия ва таҷдиди назар кардани китобҳои дарсӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот аз ҷумлаи мавзуъҳои доғ ва баҳсбарангез ба ҳисоб меравад. Чунки дар замони мо на танҳо меъёрҳои таълиму тадрис ва, умуман, низоми маориф дигар шуд, балки баъди ба истиқлоли воқеӣ расидани кишвар фазои маънавӣ ва фарҳангӣ куллан тағйир ёфт. Маҳз омилҳои мазкур масъалаи беҳтар кардан ва ба талаботи замон мувофиқ намудани китобҳои дарсиро ба миён гузошт. Аммо аксари иштирокчиёни ин баҳсҳои тулонӣ масъаларо аз ин ё он паҳлу мавриди андеша қарор доданд, ки онҳо дар ҳалли ин мушкилот нокифоя маҳсуб меёбад. 
 
Ахиран дар матбуоти кишвар, аз ҷумла дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” (4 апрели соли 2022) мақолаи профессор С. Ятимов “Дар бораи як китоби дарсӣ” ба нашр расид, ки дар он масъала ба таври дигар ба миён гузошта шудааст. Ин мақола, асосан, бо сабки тақриз, тақриз ба китоби “Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти классикии тоҷику форс” (Душанбе, 2021, дар ҳаҷми 310 саҳ.) таълиф гардидааст. Аммо муаллиф зимни баррасии муҳтавои китоб масъалаҳои бунёдӣ ва меъёрҳои муосири таълифи китобҳои дарсиро матраҳ менамояд, ки он на танҳо барои муаллифони китобҳои дарсӣ, балки барои ҳамаи аҳли маориф ва хосса омӯзгорони зинаҳои гуногуни таҳсилот муҳим аст. Дар бахшҳои муқаддимавии мақолаи мазкур масъалаҳои асосии таълим, омӯхтани илмҳои муосир, таносуби илмҳои муосир бо маънавият, мафкура ва ҷаҳонбинии ҷомеаҳои имрӯза мавриди баррасӣ қарор мегирад. Профессор С. Ятимов дуруст таъкид менамояд: “Китобҳои дарсӣ ва воситаҳои таълимӣ бояд сирф дар асоси талаботи илмӣ ва илмиву методӣ таълиф гарданд. Мафҳум ва истилоҳот тибқи ҳамин усул бидуни эҳсоси духӯрагӣ ва мавҳумот истифода шаванд”. Ин талаботи дар дунёи муосир эътирофшуда мебошад, ки олимону омӯзгорон ҳангоми таълиму тадриси фанҳои гуногун ва таҳияи китобу дастурҳои таълимӣ бояд онро риоя кунанд. Чунки ҳадафи ҳар гуна шакли омӯзиш азхудкардани ин ё он соҳаи илму дониш аст. Нуқтаи ниҳоӣ дар ҳамаи илмҳо ошкор кардани  ҳақиқати масоили илмӣ мебошад. Аз ин рӯ, дар мақола дуруст таъкид мешавад, ки бояд дар масири илмомӯзӣ ва аз бар кардани донишҳои муосир бояд духӯрагӣ, калавиш ва нобасомонӣ набошад.
Зимни баррасии мақолаҳои китоби “Андешаҳои дунявӣ дар адабиёти классикии тоҷику форс” камбудиҳои мақолоти он аз нигоҳи талаботи илми муосир, асосан, дуруст нишон дода шудааст. Муҳим он аст, ки муаллифи мақола ҳар як бахши китоби зикргардидаро ба таври илмӣ ва тибқи талаботи таҳқиқи илмӣ баррасӣ менамояд, ки дар он бидуни андешарониҳои илмӣ гапи дигаре нест. 
Ҷолибияти дигари мақолаи профессор С. Ятимов дар он аст, ки муаллиф масъаларо ба чанд бахш тақсим намуда, ҳар якеро ба хотири он ки фаҳмотар ва равшантар бошад, дар алоҳидагӣ баррасӣ мекунад. Вай масъалаҳои моҳияти давлатдории миллӣ ва иртиботи он бо ҷаҳонбинӣ, нақши андешаҳои дунявӣ дар давлатсозӣ ва давлатдории муосир, нақши адабиёт ва илм дар инкишофи ҷаҳонбинии солим дар ҷомеаи муосир ва ғайраро ба таври мушаххас ва бо далелҳои қобили эътимод ба миён мегузорад. Зимни баррасии мақолаҳои ҷудогонаи китоби номбурда, аз қабили “Умари Хайём – ринди маорифпарвар”, “Носири Хусрав  - шоири озода ва хирадгаро”, “Асирӣ – намояндаи насли маорифпарвар” ва ғайра муаллиф мақому ҷойгоҳ ва нуфузи бештар доштани ҷаҳонбинии солими илмӣ, худшиносию худогоҳии воқеӣ дар фарҳангу адабиёти гузаштаи тоҷиконро таъкид мекунад. Дар баробари ин, камбудиҳои асосии китоби мавриди баррасӣ дуруст қайд мешаванд:“Ба андешаи мо, мушкилии асосӣ дар  таълифи “Андешаҳои дунявият дар адабиёти классикии тоҷику форс” ба таври мушаххас муайян набудани объект ва предмети таҳқиқи илмӣ аст. Маҳз ба ҳамин сабаб, бисёре аз муаллифон ҳангоми таълифи мақолаҳо вазифаҳои худро пурра дарк накардаанд ва  китоби мазкурро на ба сифати дастури таълимӣ, балки ҳамчун ҷамъи мақолаҳои назариявӣ, ибрози дидгоҳ ё бархӯрди субъективӣ ба мавзуъ қабул карданд”.
Илова бар ин, дар бахши хулосавии мақола муаллиф дар робита ба таълифи маводи таълими як қатор андешаҳои қобили мулоҳиза пешниҳод менамояд, ки онҳо барои дастандаркорони соҳаи таълиму тадрис хеле муфид мебошанд. Аз ҷумла, зикр мегардад: “Мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти “миллат”, “тоҷик”, “тоҷикият”, “давлати миллӣ”, “манфиатҳои миллӣ”, “хештаншиносӣ”, “худшиносии миллӣ”, “истиқлоли миллӣ” ва “ҷаҳонбинии илмӣ” ҳамсанг аст”. 
Дар замони мо, ки масоили мазкур нуктаҳои меҳварии мафкураи ҷомеаи муосири тоҷиконро ташкил медиҳад, он бояд дар низоми таълим ва омӯзиш дар кишвар авлавият дошта бошад. Ба таври куллӣ, ба андешаи мо, мақолаи профессор С. Ятимов аҳли маорифи кишвар, устодону омӯзгорон, муаллифони китобҳои дарсӣ ва муҳаққиқони соҳаҳои гуногуни илм, хосса илмҳои ҷомеашиносӣ ва, умуман, аҳли илму маорифи ҷумҳуриро ба андеша водор месозад. Зеро мақолаи мазкур ба хотири ба талаботи замон ва ниёзҳои маънавию мафкуравии ҷомеаи имрӯзаи кишвар мувофиқ будани натоиҷи таҳқиқотҳои илмӣ ва китобҳои дарсию васоити таълимӣ таълиф ва интишор  гардидааст. 
 
Шамсиддин СОЛЕҲОВ,
мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёти ДДОТ ба номи С. Айнӣ, доктори илми филология, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.04.2022    №: 76    Мутолиа карданд: 491
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед