logo

Хабарҳо

ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

 
Дар ноҳияи Лахш бо ҷалби соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ тайи се моҳи соли равон 3 иншооти хизматрасонии тиббӣ ба истифода дода шуд. Ду бунгоҳи тиббӣ - яке  дар Ҷамоати деҳоти Пилдон, дигаре дар Ҷамоати деҳоти Хуррамшаҳр  ва маркази саломатӣ  дар Пилдони Мина  аз аввали соли ҷорӣ  дарҳои худро ба рӯи мардум боз намуданд.  
 
Зимни кушодашавии бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Боғзор Файзулло Баротзода, раиси ноҳия, изҳор дошт, ки фароҳам овардани шароиту имкониятҳои беҳтар дар ҷодаи хизматрасонии тиббӣ яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат буда, талошу кӯшиши роҳбарият ба иҷрои босифати он равона шудааст. То имрӯз дар ноҳия дар ин бахш  як қатор корҳои муҳиму назаррас анҷом ёфтанд, ки ифтитоҳи иншооти дорои таҷҳизоти муосир аз ин зумра аст. 
Ба иттилои Абдурашид Саидов, роҳбари Хадамоти Оғо Хон оид ба тандурустӣ дар ноҳияи Рашт,  бунёди иншооти тандурустӣ дар доираи амалигардонии лоиҳаи “Беҳсозии ҳамҷояи ҳифзулсиҳат ва макони зист” дар минтақаи мазкур  бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария ва  дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ  сурат гирифта, бо ҳамаи таҷҳизоти тиббӣ  таъмин гардиданд.  Ҳамчунин, бунгоҳи тиббии деҳаи Ҷаниҷери ноҳияро Хадамоти Оғо Хон  бо таҷҳизоти тиббӣ таъмин намуд. То моҳи июни соли ҷорӣ маркази саломатии деҳаи Янгишаҳр низ ба нақша гирифта шудааст.  
Тавре Анвар Маҳмудов, сардори муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия, изҳор дошт, давоми солҳои охир вазъи бунгоҳҳои тиббӣ рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст. Ба хотири таъмини эҳтиёҷоти  деҳоти ноҳия ба хизматрасонии босифати тиббӣ  шарикони ҳамкор, ба мисли Хадамоти Оғо Хон доир ба тандурустӣ дар Тоҷикистон, барои  соҳаи тандурустии ноҳия лоиҳаҳои навро роҳандозӣ намуда истодааст. 
-Мо бовар дорем, ки бунгоҳҳои боқимонда, ки таъмирталаб ва қисме бидуни бинои алоҳида фаъолият мекунанд, соҳиби бинову таҷҳизоти нав хоҳанд шуд, - гуфт ӯ.  
 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5546
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед