logo

сиёсат

ДУШАНБЕ. ШАҲРЕ, КИ ШУКӮҲИ ДАВЛАТ ВА СИМОИ МИЛЛАТРО ТАҶАССУМ МЕКУНАД

Воқеан, ҳамасола шанбеи ҳафтаи сеюми моҳи апрел ҷашн гирифтани Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе боиси фараҳмандӣ аст. Пеш аз ҳама, ба ин хотир, ки ба эътирофи умум, айни замон шаҳри Душанбе - пойтахти кишвари маҳбуби мо рӯз ба рӯз ободу зеботар мегардад ва дар шумори шаҳрҳои дар ҳоли тараққӣ қарор дорад. Ҳоло меҳмонони дохиливу хориҷие, ки аз ин шаҳри зебову гулпӯш боздид ба амал меоваранд, шоҳиди он ҳастанд, ки дар зарфи чанд соли охир дар ҳақиқат Душанбе аз файзи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кӯшишу талошҳои раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз ҳар ҷиҳат рушд ёфта, бо қомат афрохтани чандин коху иншооти муҳими фарҳангӣ, боғу гулгаштҳо симои зеботар касб кардааст.
Воқеан, дар зарфи 4 - 5 соли охир тарҳу симои меъмории шаҳр босуръат тағйир ёфта, муҳимтарин ва наҷибтарин суннатҳои фарҳанги шаҳрсозӣ рушду такомул пайдо карданд. Кӯшишу талош ва иқдомҳои навоваронаи раиси шаҳри Душанбе имконият фароҳам овард, ки дар кӯтоҳтарин фурсат падидаҳои нодири фарҳанги шаҳрсозии ҷаҳонӣ дар саросари шаҳри Душанбе мавриди татбиқ қарор дода шаванд. 
Як нукта қобили зикри хос аст, ки эълон шудани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба он мусоидат кард, ки имкониятҳои фаровони рушди сайёҳӣ дар пойтахти Тоҷикистон босамар истифода шуда, аз ин роҳ меҳмонони зиёде аз гӯшаву канори олам ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд. 
Бо нуфузи бештар касб кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва ҳамчун кишвари ташаббускор эътироф шудани он шаҳри Душанбе ҳарчи бештар мавриди таваҷҷуҳ ва мизбони ҳамоишҳои сатҳи баланди минтақавию ҷаҳонӣ мегардад, ки мо солҳои охир шоҳиди суръат пайдо кардани ин раванд ҳастем. Ҳузури чеҳраҳои сатҳи баланди сиёсати ҷаҳонӣ, роҳбарони созмонҳои бонуфуз, сарварони сиёсии кишварҳои мухталифи олам ба Тоҷикистон, ки, пеш аз ҳама, фурсати бештари сафари онҳо дар шаҳри Душанбе сурат мегирад, борҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ мақоми пойтахти Тоҷикистонро муаррифӣ намудааст. Зеро табиист, ки аксари онҳо таассуроти хешро дар бораи пойтахти кишвари азизи мо ба дигарон мегӯянд, ба симои зоҳирӣ, фарҳанги шаҳрдории мардум баҳо медиҳанд.
Маҳз, мизбонии чорабиниҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ боис гардид, ки шаҳри Душанбе ба унвони пойтахти фарҳангии ташкилоту созмонҳои сатҳи ҷаҳонӣ эълон шавад. Аз ҷумла, соли гузашта ба шаҳри Душанбе мақоми пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дода шуд ва маросими расмии эълони он дар остонаи Наврӯзи хуҷастапай баргузор гардида буд. Ширкати фаъоли аҳли ҳунари кишварҳои Россия, Беларус ва дигар ҷумҳуриҳои ИДМ дар рӯзҳои баргузории ин рӯйдоди муҳим саҳифаҳои тозаеро дар самти робитаҳои фарҳангии шаҳри Душанбе бо пойтахти кишварҳои дигар боз намуд. 
Шукуфоии ҳамарӯза ва нуфузи баланд касб кардани шаҳри Душанбе бо роҳнамоии Сарвари давлат ва амалкарди муваффақонаи раиси ҷавону оянданигари он Рустами Эмомалӣ муаяссар гардида, дурнамои боз ҳам шоистаро дар пай дорад. Барои расидан ба зинаҳои нави рушд сокинони шаҳри Душанбе бояд худро вазифадор шуморанд, ки бо эҳсоси баланди шаҳрвандӣ ва сокини шарафманди ин шаҳри бузурги ҷаҳонӣ будан, дар роҳи расидан ба ормонҳои бузург ва саҳм гузоштан дар барномаҳои ояндасози раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ саҳми худро гузоранд. Дар ин сурат, мо якҷоя муваффақ ба он мешавем, ки пойтахти мамлакати азизамон  - шаҳри Душанбе боз ҳам пешрафта ва шинохтатар гардад. 
 
Оламбегими НЕКҚАДАМ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.04.2022    №: 77    Мутолиа карданд: 1872
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед