logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

 
ҚАЛЛОБӢ
Боз як заминфурӯш дар толори суд
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ирсоли парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Олимҷон Муҳаммадҷонзода ба суд, ки марбут ба замин аст, хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, О. Муҳаммадҷонзода ба ҳайси мутахассис - заминсози ҶДММ «Кошиф-2017»  аз шаҳрванд «А» барои мусоидат намудан ҷиҳати ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 7000 сомонӣ талаб намуда гирифтааст. Баъдан, ӯ барои гирифта додани сертификати ҳуқуқи истифодаи замин  боз аз шаҳрванд «А» 5000 сомонӣ гирифтааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбат ба О. Муҳаммадҷонзода бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «в, г» Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ бо истифода аз мақоми хизматӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ҳоло бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд фиристода шудааст.  
 
 
ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ
Ҷазои мансабдор барои риоя накардани талаботи қонун
Сардори раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон барои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷазо дода шуд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ, ҳолати иҷрои ин санади ҳуқуқӣ дар фаъолияти Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон аз ҷониби прокуратураи вилоят мавриди санҷиш қарор гирифта, дар натиҷа чанд мавриди қонуншиканӣ ошкор шудааст. Чунончи, Шодӣ Мӯсозода, сардори раёсат, то ҳол муҳр ва тамғаҳои бо забони ғайридавлатӣ навишташудаи ин ниҳодро истифода намудааст, ки хилофи моддаи 20 Қонун мебошад. Ҳамчунин, ӯ меъёри моддаи 18-ро риоя накарда, номи раёсати ҳифзи муҳити зистро бо забони ғайридавлатӣ нивишта, дар даромадгоҳи бинои коргоҳ насб намудааст.
Вобаста ба ин ҳолат, суди шаҳри Бохтар нисбат ба Ш. Мӯсозода ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 1920 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин кард. 
 
 
ТАНЗИМ
Қонуншикан ҷазо гирифт
Талабхоҷа Ҷобиров, сокини шаҳри Кӯлоб, барои вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд.
Аз Маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар доданд, ки ба ин шаҳрванд барои нақзи меъёри моддаи 14 банди 3 Қонун айб эълон гардид. Талабхоҷа Ҷобиров ҳангоми баргузор намудани маъракаи хонадоршавии фарзандаш вақти муайяншударо риоя накарда, 29 январи соли 2022 аз соати 11:30 бо оростани дастархон ва додани зиёфат тӯйи домодии фарзандашро оғоз намуда, сипас аз соати 18:00 то 20:00 бо иштироки сарояндагон базмро идома додааст.
 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.04.2022    №: 77    Мутолиа карданд: 2937
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед