logo

иқтисод

КӮЛОБ. ҲАНӮЗ ҲАМ ХАТАРИ СЕЛ ЭҲТИМОЛ ДОРАД!

 
Бо фарорасии фасли баҳор, ки боришот аз меъёри  муқаррарӣ зиёд мегардад, садҳо сокинони деҳаҳои назди Шураксой, Девонасой ва Тебалай серташвиш мешаванд. Ёдовар мешавем, ки 11 майи соли 2021 бар асари боришоти зиёд ва омадани сел дар маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳри Кӯлоб 145 хонаи истиқоматӣ, аз ин 43 хона пурра, 102 хона қисман ва 606 иншооти ёрирасон хисороти ҷиддӣ диданд. Инчунин, 10 пул, 4 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ, 6 километр роҳҳои автомобилгарди кӯчаву маҳаллаҳо, хатҳои интиқоли барқу сутунпоя, 7 истгоҳи барқӣ, 13 километр хати каналҳои обёрӣ, 5 агрегати барқӣ ва 128 сар чорво зарар дида буданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб 15 июни соли 2021 аз маҳаллаҳои аз офати табии зарардида дидан намуда, ба масъулон дастур доданд, ки дар кӯтоҳтарин фурсат манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти дигари харобгашта пурра барқарор карда шавад. 
Хотиррасон бояд кард, ки оби каналҳои Шӯраксой бо дарозии 6251 метр, Девонасой 6700 метр ва Тебалай 18700 метр аз ҳудуди ноҳияҳои Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин ва қисмати болоии шаҳри Кӯлоб ҷорӣ шуда, ба пуррагӣ аз дохили маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳр мегузарад. Оби каналҳои болозикр ба дарёчаи Кӯлоб ворид шуда, дар ноҳияи Восеъ бо дарёи Ёхсу якҷоя шуда, манбаъҳои селро ба вуҷуд меорад. Оқибатҳои сели солҳои охир далели онанд, ки яке аз масъалаҳои муҳими ҳалталаби замон имрӯз корҳои соҳилбандӣ ба ҳисоб мераванд. Махсусан, дар сойи Тебалай, Шӯраксой, Девонасой ва дарёи Ёхсу ин масъала хеле шиддатноктар аст. Аз ин рӯ, аз ҷониби роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят дар масъалаи соҳилбандӣ дар ин мавзеъҳои ҳаётан хатарнок диққати ҳамарӯза дода мешавад. Мувофиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳакаш   КВД «Тоҷикгидроводхоз» иҷрои корҳои сохтмониро дар ҳар се сойи номбаршуда ба маблағи 62 миллиону 120 ҳазор сомонӣ ҳисоб кардааст. Дар соли 2021 – ум 22 миллиону 450 ҳазор сомонӣ бо ин мақсад ҷудо гардид. То 31 декабри соли 2021 корҳои иҷрошуда дар ин мавзеъҳои ҳаётан муҳим зиёда аз 5 миллиону 300 ҳазор сомониро ташкил додааст. Аз ҷумла, дар сойи Тебалай 160 метр, Шӯраксой 190 метр ва дар Девонасой – 1120 метр корҳои оҳану бетонии  соҳилбандӣ иҷро карда шудааст. Дар Девонасой – 2 бошад 80 метр чунин корҳо анҷом пазируфт. Айни ҳол дар маҳали якҷояшавии каналҳои Девонасой ва Шӯраксой ба дарозии 1350 метр корҳои заминӣ, оҳану бетонӣ ва барқарорсозии иншооти пасткунандаи суръати об ҷараён дорад. Метавон гуфт, ки сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ дар ҳамаи мавзеъҳои корӣ хуб буда, зери назорати ҷиддии масъулони соҳа қарор дорад. Бо дастури роҳбарияти олии мамлакат дар қитъаҳои кандашуда, роҳи даромад ба маркази шаҳри Кӯлоб ва мустаҳкам намудани соҳили Шӯраксой ва Девонасой дар ин мавзеъ дар асоси лоиҳаи тасдиқшуда аз ҷониби лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаи – Хумб, қитъаи Кӯлоб – Шамсиддин Шоҳин амалӣ гардида, 1000 метри мукааб корҳои бетонӣ ба анҷом расонда шуда, 180 метр лӯлаи оби нӯшокӣ ва 80 метр лӯлаи канализатсия бо лӯлаи қутраш 500 мм иваз карда шудааст. 
Соли сипаришуда аз ҳисоби маблағҳои худӣ, корхона ва ташкилоту муассисаҳои шаҳр дар сойи Даҳана, дарёи Ёхсу мавзеъҳои Чорчашма ва Ментут ва дарёчаи Кӯлоб ба маблағи 328 ҳазору 730 сомонӣ корҳои соҳилбандӣ ба субут расидаанд. Имрӯзҳо корҳои соҳилбандӣ ва барқарорсозӣ дар мавзеъҳои аз офати табиӣ зарардида, бо суръати баланд идома доранд.
 
Холназар КАСИРОВ, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.04.2022    №: 77    Мутолиа карданд: 1183
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед