logo

иҷтимоиёт

МУҲОРИБАИ КӮҲИ НАМАК. ДАР ҲОШИЯИ ОМӮЗИШИ “ТОҶИКОН”-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ

Ин мунозираи Бадр – тархон (волии Хатлон) бо Асад ибни Абдуллоҳ (сарлашкари араб), ки  Табарӣ хотира кардааст, басе шигифтангез аст. Бадрро назди Асад хонданд, ки таслим шавад ё аз Хатлон берун равад. 
“Бадр – тархон гуфт: - Ту бо даҳ аспи думбурида ба Хуросон омадӣ ва агар аз он берун шавӣ, бо камтар аз пансад шутур нахоҳӣ рафт... Ҷавон будам... ва Худо хонадону фарзанд ба ман насиб кард, ҷавонии маро бидеҳ, то аз Хатлон биравам. 
Ин сухан Асадро хуш наёмад, Бадр – тархонро дар банд кард ва ба Абуасад  супурд, ки ӯро шабонгаҳ ба урдӯгоҳ бибарад...
Асад кас пеши Бадр – тархон фиристод, ки вайро бибурданд ва бад – ӯ носазо гуфт. Бадр – тархон бидонист, ки паймони вайро шикаста ва реге бардошт ва ба тарафи осмон афканд ва бигуфт:
- Ин паймони Худост!
Он гоҳ реги дигаре гирифт ва ба тарафи осмон афканд ва бигуфт:
- Ин паймони Муҳаммад (с) аст!
Дар паймони амири муъминон ва паймони мусалмонон низ чунин кард. Асад бигуфт, то дасти ӯро бибуриданд.
Пас аз он Асад яке аз бани Аздро даъват кард, ки Бадр – тархон яке аз ин қавмро кушта буд ва гуфт: Гарданашро бизан! Ва ӯ чунон кард.
Пас аз он Асад бар қалъа тасаллут ёфт... ва сипоҳро ба дараҳои Хатлон пароканд.”
Сарчашмаҳо ба вуқуъ пайвастани муҳориба ва паймоншикании Асад ибни Абдуллоҳро дар гирду ванаи Кӯҳи Намак ба соли 737 мансуб медонанд.  Аз ин пайкор аллома Б. Ғафуров  ва ҳамлаи  лашкари  30- ҳазорнафараи  арабу мағлубияти  хатлониён бо таассуф менависад. Агар хиёнат содир намешуд, муқовимати ҷавонмардон солҳо идома мекард.  Манзара ё саҳнаи шигифтангез аз диловарӣ ва ватандӯстии размоварони сарзамин далелу дастак  мебошад. Дар шеваи худшиносӣ ва зимни омӯзиши китоби “Тоҷикон” куҷост адибе, ки ситоиши зумраи номоваронро ба имрӯзиён бинамояд? Як саҳнаи хотирмоне хоҳад буд барои филмномаҳои таърихӣ. То ҳар фарди ватандор аз дину диёнат ва фаросату хиёнати араби биёбонгарди он рӯзгор воқиф бишавад.       
Ва дар навиштаҳо сабт шуда, ки арабҳои ба кину қасд ғӯтида, то ин дам 5 маротиба ба Хатлон бо қувваи зиёд ҳамла карда буданд ва дар анҷом ба василаи найрангу ҳила бар мардуми размовараш пирӯз шуданд. Ва пардохтанд ба ғорату куштор. 
Кӯҳи Намак ҳаводис ва воқеоти зиёдеро шоҳид аст. Агар ба забон меомад, аз ғорату ғасби минтақа аз ҷониби арабҳо бароямон қисса мекард. Дар миён шаммае аз ин ҳаводисро сарчашмаҳои хаттӣ ва фарзандони бономусу нанг дар навиштаҳои худ барои огоҳӣ ва зиракии мо то имрӯз нигоҳ доштаанд. 
Асноди таърихӣ ва осори вомондаи бостоншиносӣ таъкид мекунад, ки аз гузаштаи пурифтихорамон бинозем. Чуноне араб қисматҳои афзуни Варорӯдро фатҳ кард, вале аспи ғазабаш дар гили Хатлон фурӯ монда буд. Бино ба маълумоти ал – Балозурӣ ҳамлаи нахустини арабҳо ба Хатлон соли 676 бо сарварии Саъид ибни Усмон ва дувумашон соли 696 ба василаи Умая ибни Абдуллоҳ ба вуқуъ пайваста буд. Арабҳо, ки мисли тӯфон ва сел ҳар чи сари роҳ буд, мерӯфтанду хароб мекарданд ва  бо лашкари сершумор Шому Байнаннаҳрайн ва Эронро ғорат намуда буданд, дар Хатлон ночор монданд. Пас аз омодагии комил, баъди 30 сол боз ба Хатлон ҳуҷум оварданд ва ин бор низ  шикаст хӯрданд. Ин далели рӯшани ободӣ ва ҷасорати ҷавонмардони сарзамин будааст.
Пас аз  ҳамлаи сеюми бенатиҷаи арабҳо солҳои 718 – 719 силаҳшӯрии волии тозатаъини Хуросон Асад ибни Абдуллоҳ бурӯз кард ва пас аз забти як қатор вилоятҳо, аз ҷумла Ғӯр ва Нимрӯзу Толиқон аз Омӯ  гузашт ва соли 725 – 726  майли ғасби Хатлон намуд. Вале дар муқобили  лашкари 50 - ҳазораи шоҳи Хатлон  Шоҳбол ва иттифоқчиёнаш напоист ва комилан торумор шуд. Тасвири ҳолат бори дигар амали арабҳои ғаниматҷӯро намоиш дод. Асад, ки молики дижи Зағарзаг шуда буд, амволу гӯсфанди зиёд гирд овард ва ҳирсаш меафзуд. Дар миён волии  Хатлон ибни Соиҷӣ  бо сипоҳи муттаҳида  омода шуданд ва пас аз 17 рӯз бо арабҳо ба ҷанг пардохтанд. Асади ҳарис бо ғаниматҳо шикасти сахт хӯрд. 
Маъхазҳо  мегӯянд, ки  ин ба рӯзи фитр буд. Асад сӯйи Балх рафт ва дар марғзори он ҷо урду зад, то зимистон биёмад. Он гоҳ касон дар хонаҳо пароканда шуданд ва Асад вориди шаҳр шуд.
Мардуми Балх шеъри тамасхӯромезе гуфтанд ба порсӣ:
Аз Хуталон омадия,
Рӯ ба табоҳ омадия,
Обор боз омадия,
Хушку низор омадия.
     
Манзури мо аз ёдоварии пайкорҳо бар зидди таҷовузкорон донистани саҳифаҳои дурахшони таърихи миллат аст, ки дар тарбияи ватанпарастӣ ва худшиносии аъзои ҷомеа, хосса ҷавонон, саҳми муносиб дорад. 
Ҳангоме ки дастур дар нашр ва ба ҳар хонадон расондани китоби аллома Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” паҳн шуд, умедворӣ буд аз донишу хиради зиёиён ва мардуми садоқатманди мамлакат дар тарғиб ва самтҳои фарогири омӯзиши китоб.  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон китобро “Шиносномаи миллат” унвон дода, талқин мекунад, ки ҳар фарди ватанпараст аз китоб баҳра бигирад, гиромӣ бидорад ва аз намунаи муқаддасоти  хонадони худ бипазирад. 
Дар ҳар хонадон мавҷудияти “Тоҷикон” тақвиятбахши руҳию ҷисмонии насли ҷавон аст. Панд аст ва сабақ, роҳнамост ва асари илмӣ. Табиист, навишта дар заминаи осори пешин ва андешаҳои донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ ба хонандаи одӣ мушкилот ба вуҷуд меорад. Дар раванди омӯзиши он нақши рӯшанфикрон барҷаста менамояд.  “Мо ба таърихи халқи худ назар андохта, - менависад Эмомалӣ Раҳмон, -  саҳифаҳои пурифтихори онро меомӯзем, бо корномаи гузаштагон шинос мешавем, анъанаҳои неки баёдгоргузоштаи онҳоро идома медиҳем ва ҳар як рукни онро гиромӣ медорем.” 
Ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи худшиносӣ аз рӯзҳои нахустини  ба сарварӣ нишастанаш ибтидо гирифта буд.  Нишонаи возеҳаш сулҳи сартосарӣ, таҷлили 1100 - солагии Давлати Сомониён ва тадбирҳои баъдина ба шумор мерафтанд. Дар чанд соли охир ошноии сокинони кишвар бо ному тасвирҳои Куруши Бузург, Гуштоспу Виштосп, Яқуби Саффорӣ, Аловидини Ғӯрӣ ва даҳҳои дигар натиҷаи ҳамин сиёсати дурандешона мебошад.
Ба таъкиди Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон ҳар фарди  аз оинҳои ниёкон ошнову огоҳ  ба нигаҳдорӣ ва ба насли оянда вогузор намудани анъанаҳои миллӣ вазифадор буда, дар омӯзиши  ҳар пораи хокаш масъул аст. Замини Тоҷикистон асрори нуҳуфтаи фаровон дорад. Яке аз механизмҳои амалӣ гардидани андешаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар раванди омӯзиши китоби “Тоҷикон” ба ҳамин нукта равона шудааст. Замони нав осори сазовори давронро тақозо дорад. Ва ин ҳама дар заминаи ақидаҳои огоҳона, беғараз, илмии аллома Бобоҷон Ғафуров ва дастури дурандешонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бояд сурат бигирад. 
“Моро зарур аст, ки давраҳои таърихии рӯзгори халқамонро бо диққати том мутолиа намоем, - менависад Эмомалӣ Раҳмон ва илова мекунад, -  аз ҳар саҳифаи гузаштаи ниҳоят пуршебу фарозаш сабақ омӯзем, аҷдоди номбардори худро шиносем, аз решаҳои қадимаи миллати хеш огоҳ бошем, ба мардуми бумӣ, фарҳангиву тамаддунсоз, ҳунарманду эҷодкор ва соҳибмаърифат будани халқамон ифтихор кунем, таърих, забон, фарҳанг ва суннату анъанаҳои миллиро ҳифз намоем.”
Аз нашри китоби “Тоҷикон” бештар аз ним аср гузашт. Он дар замоне офарида шуд, ки аллома Бобоҷон Ғафуров на аз ҳама имкониятҳои фитриаш истифода карда тавонист. Реҷаи шуравӣ, принсипҳои интернатсионализми пролетарӣ ва чеҳраҳои машҳури сиёсату илми ҳамсоягон ба баёни ҳақиқати таърихӣ монеъ мешуданд. Дар ҳоле ки мавқеи Бобоҷон Ғафуров ҳамчун ходими намоёни сиёсӣ ва таърихнигори мумтоз дар шинохти ҳаққи тоҷикон маълум буд. 
Ҳамзамон, ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аст, ки аз давраи нашри китоб то “...ин муддат илмҳои ҷомеашиносӣ, пеш аз ҳама, таърихшиносиву бостоншиносӣ хеле рушд намуда, ба дастоварду кашфиёт ва таҳқиқот ноил гардидаанд.” 
Пас аз нашри китоби “Тоҷикон”, балки баъди марги олими шаҳир ёдгории асри биринҷи Саразм, ки ба феҳристи осори шигарфи моддии ЮНЕСКО дохил аст, кашф гардид. Ёдгории Ғелоту Дарнайчӣ аз саҳифаҳои тозаи  ободкорӣ дар соҳили рӯди  Ёхсу маълумот доданд. Дар ин рав намунаи барҷастаи шаҳрсозӣ дар  Кӯлоб, Ҳулбук, Мунк ва Сайёд, Истаравшан, Ҳисор асрорашонро ба бостоншиносон намуданд. Баррасӣ ва пешниҳоди осори пасин дар рӯшан гардидани таърихи халқи тоҷик аҳамияти бағоят бузург хоҳад дошт. 
“Тоҷикон” – и Бобоҷон Ғафуров асоси назариявӣ ва дастурҳои Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон мебояд роҳнамои  амали донишмандони таъриху фарҳанг буда бошад. Ҳине ки Бобоҷон Ғафуров аз корномаи мардуми Кӯлоб васф мекунад: “Арабҳо дар муҳорибаи Хатлон чунон сахт шикаст хӯрда буданд, ки дар муддати бештар аз даҳ сол ишғол кардани онро ҳатто ба гӯшаи хотир ҳам намеоварданд”, таъкид пурифтихор  аст аз муҳорибаи соли 725 дар назди Кӯҳи Намак, шикасту фирорӣ шудани Асад ибни Абдуллоҳ ва тавлиди суруди тамасхуронаи “Аз Хуталон омадия...”. Тавлиди ин суруд ва чанди дигар аз корномаи мардуми Хатлон дар ташаккул ва ҳифзу пок нигоҳ доштани забони модарӣ низ ҳаст. Хонандаи оқил дар ҳамин лаҳза аз ишораи банда дарк намуд. Чанде пас, яъне соли 2025 ба таърихи пайкори музаффариятнок ва пайдоиши суруд 1300 сол мешавад. Дар заминаи омӯзиши китоби “Тоҷикон” ва дастурҳои ташаббускоронаи Сарвари давлат мебояд барои таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин падидаи таърихӣ шуғл варзид ва конференсияи илмиро бар сатҳи байналмилал созмон дод. Ширкати олимони ҳамзабон ва донишмандони ҳамсоя Россия ва Аврупо ба суди таъриху фарҳангамон хоҳад буд. Албатта, ба паҳлуҳои масоили таърихии минтақаҳо низ таваҷҷуҳ бояд. Ҳамзамон, бо фасли вижа ворид кардани “Муҳорибаи Кӯҳи Намак” дар китобҳои дарсӣ  зарурат дорад (мисли муҳорибаи Куликово, Ватерлоо, Москва ва ғ.). Барои хонандагон омода намудани  ҳикоя, қисса ва достонҳои бачагона, филмҳои мустанад ва аниматсионӣ аз рӯзгори номварони таърих низ ба манфиат  хоҳад буд. 
Мо пораеро аз сарзаминҳои таърихӣ ба мерос доштаем ва он сазовор ба таваҷҷуҳи ҷиддист. Ҷойи эътироф аст, ки мардуми хушсуратамон бо нигаҳдошти оину анъана ва симои антропологӣ, хулқу хислат тоҷиктар дар тамоми Хуросон будаанд. Ва ба чанд хотири дигар ба шону шарафмандиашон мебояд ифтихор кард ва хидматҳояшонро пеши таърих барчид. Мардуми ҳунарвар ва  покдилаш  он қадр нодиракорӣ доранд, ки зеби тамаддуни башаранд. Асноди қотеона “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров аст!
 
Ҷонибек АСРОРИЁН,  
мудири кафедраи таърихи халқи 
тоҷики ДМТ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.04.2022    №: 78    Мутолиа карданд: 435
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед