logo

иҷтимоиёт

ШОВАЙСИДДИН ШОНАСРИДДИНОВ. ТАБИБЕ, КИ РӮЗГОРАШ ИБРАТОМӮЗ АСТ

Дар ҷаласаи машваратии  назди  раиси  ноҳияи Ванҷ Одинашо Мардзода  натиҷаҳои семоҳаи аввали  соли  2022-ро таҳлил намуда, ба бурду бохти ҳар сардори идораву муассиса баҳои мушаххас доданд. Фаъолияти сардухтури беморхонаи марказии ноҳия Шовайсиддин Шонасриддиновро ҳамчун намунаи хизмати содиқона ба мардум ва ибратомӯз  муаррифӣ карданд. Раиси ноҳия гуфт, ки кори шоистаи чунин сарварони идораву муассисаҳо, сазовори ташвиқ ва тарғиб мебошад.
Баъди чунин баҳои баланд ба касалхонаи марказии ноҳияи Ванҷ рафтем. Маълум гардид, ки сартабиби ин муассиса аз рӯи одат  саҳарии барвақт ба кор омада, тамоми ҳуҷраҳои табобатиро, ки дорои  158 кат мебошанд, аз назар мегузаронад. Аз ҳолу аҳволи беморон пурсон мешавад, баъд бо кормандон машварати кӯтоҳ намуда, корафтодагонро, ки барои ташхис ва маслиҳат наздаш меоянд, қабул мекунад. Ҳамчун ҷарроҳи пуртаҷриба ба кормандони шуъбаи ҷарроҳӣ кумак расонда, ҷарроҳиҳои мураккабро худаш мегузаронад.
Рӯзи истироҳатӣ низ Шонасриддинов хеле серкор  буд. Ӯ соате вақт пайдо намуда бо мо ҳамсуҳбат шуд.  
Вақте бо шарҳи ҳоли мухтасари табиб  шинос  шудем, маълумамон гардид,  ки  ҷуғрофия ва ё чорсуи  фаъолияти табибиашон хеле васеъ будааст. 
- Соли 1988  баъди  таҳсил дар Институти  тиббии пойтахт  ба раёсати тандурустии  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  роҳхат гирифтам. Зиёда аз як сол дар  шуъбаи ҷарроҳии касалхонаи вилоятӣ кор кардам. Аз табибони  номдор таҷриба омӯхтам. Ҳамон солҳо дар ноҳияи Ванҷ духтурони ҷарроҳ намерасиданд. Бо хоҳиши  роҳбарони  раёсати тандурустии вилоят ба ноҳияи Ванҷ фиристода шудам. То соли 1994 дар зодгоҳам  ҳамчун духтури ҷарроҳ  иҷрои вазифа кардам.
Пасон, дар  ноҳияи Мурғоб то он вақте  ки духтурони ҷарроҳи маҳаллӣ ба кор наомаданд,  хизмати  мардуми ин диёрро   сидқан ба ҷо овардам. Ҳамчунин, дар хотир дорам, ки  дар солҳои нахустини истиқлолият   Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба табибон, пеш аз ҳама, духтурони ҷарроҳ   сахт эҳтиёҷ дошт.  Бо хоҳиши худам   тайи зиёда аз  ду сол  дар госпитали  отряди сарҳадии шаҳри Хоруғ  иҷрои вазифа кардам. Барои такмили  маҳорати касбиам аз соли 2004 то соли 2021 дар  беморхонаи  рақами 3, шаҳри Душанбе духтури ҷарроҳ ва сипас, мудири шуъбаи ҷарроҳии  ин муассисаи табобатӣ кор кардам.
Инак қариб як сол мешавад, ки ба сифати сардухтури касалхонаи марказии ноҳияи Ванҷ ифои вазифа дорам,  -  мегӯяд табиб. 
Дар ин давра беморхонаи марказии ноҳия соҳиби дастгоҳи рентгении рақамӣ, оксигенераторҳо, дастгоҳҳои сунъии нафаскашӣ, ки дар муолиҷаи беморони ба коронавирус дучоршуда самаранок истифода бурда шуданд,  инчунин, таҷҳизоти  ташхиси дил ва  се  мошини ёрии таъҷилӣ низ,  гардидем. Яке аз  мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва дигар асбобу анҷомҳо ва миқдори зиёди дорувориро ба беморхонаи минтақавии деҳаи Мотравни Ҷамоати деҳоти Язгулом  додем. 
Ҳоло дар бемористони мо 145  корманди зинаҳои гуногун фаъолият дорад. Дар  давраи кориам  Бибимо Пирова  ва Муҳсин Карамшоев, ки  тариқи Квотаи  президентӣ дар Донишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе ба номи Абуалӣ ибни Сино таҳсил мекарданд, баъди хатми он ба зодгоҳашон баргаштанд. Онҳо ва боз  даҳ нафар  хатмкунандагони коллеҷу омӯзишгоҳҳои  тиббӣ дар касалхона ва  дигар  муассисаҳои  муолиҷавӣ пурмаҳсул  заҳмат мекашанд. Ҳамчунин, дар    10 маркази саломатӣ ва 22 бунгоҳи тиббӣ кормандони соҳа вазифаи худро бошарафона ба ҷо меоранд. Марҳилаи якум ва дуюми  ваксинагузаронии  аҳолии ноҳияро зиёда аз 98 фоиз ба иҷро расонданд. Ҳоло бошад, марҳилаи сеюми эмкуниро барои  пешгирии коронавирус  зиёла аз 70 фоиз ба иҷро расондаем. Аз ҳама муҳимаш дар  чор моҳи соли  равон  ягон сокини  ноҳия  мубталои ин беморӣ нагардидааст, - иброз дошт Ш. Шонасриддинов.  
Бинои шуъбаи касалиҳои сироятӣ, ки тайи се сол  дар ҳолати  вайронӣ ва корношоямӣ қарор дошт,  таъмири асосӣ шуд. Ҳамчунин, биноҳои   шуъбаҳои  ҷарроҳӣ,  таваллудхона, касалиҳои дарунӣ ва бачагона,   қисмати берунии  тамоми иморатҳои  бемористон  аз таъмири ҷорӣ баровара шуданд.  Барои  беморону  табибон макони истироҳат ва дамгирӣ сохтанд.  Бо кумаки  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳибкорону  тоҷирон ва дигар шахсони хайрхоҳ ва ҳиматбаланд  қариб 600 метр роҳравҳои   бемористон   бетонпӯш  гардид. 
 
Муҳаммадзоиршо 
ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.04.2022    №: 79    Мутолиа карданд: 480
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед