logo

иҷтимоиёт

ВАҚТЕ ФАЗОИ ХИРАДАНДЕШӢ ТИРА МЕШАВАД...

 
Яке аз масъалаҳои баҳсноке, ки ҳамеша касро ба андешидан водор месозад, ин аст, ки чаро миллате, ки таърихи ҳашту ним ҳазорсола дорад ва барои кишварҳои ҷаҳон дар дунёи бостон тамаддун ва инсониятро омӯхтааст, дар дарозои таърих ва махсусан, дар ҳазорсолаи охир, ба мушкилот дучор шудааст. Парчамбардорони тамаддуни даврони Ҳахоманишӣ, Ашконӣ ва Сосонӣ дар ду - се ҳазор сол қабл, вақте ниме аз ҷаҳон дар торикиву ҷаҳл ба сар мебурд, машғули сохтмони тамаддуну пешравӣ ва интиқоли аносири фарҳангӣ ба миллатҳои дигар буданд. Ҳатто онҳо ба миллатҳои ҳамҷавори хеш унсурҳои тамаддунро интиқол доданд.
Мардумоне, ки бори аввал маншураи ҳуқуқи инсонро (манзур маншураи ҳуқуқи инсони Куруши Бузург аст)  пешниҳод намуда, одамиро ба ҳайси меҳвари тамоми арзишҳо бунёд гузошта буданд, дар қарни равон ба вопасгароиву даргириҳои байниқавмӣ, таассуб ва амалкардҳои хурофотӣ рӯ ба рӯ шуданд.  
Дар  садсолаҳои қабл аз мелод мардумони мо ба ҳайси мардумони «озодагон», «некманиш» ва «некухирад» дар ҷаҳон шинохта шуда буданд. Асилтарин шиорашон, ки пояи асосии тамоми ахлоқи башар аст: «пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек» буд. Вақте вазъи бади пасовандагони ин фарҳанги бузургро дар Хуросон ба чашми сар мебинӣ, инсон ҳайратзада мешавад, ки чӣ гуна вақте миллате, қавме арзишҳо ва худии андешаашро аз даст медиҳад, ба зиллату бадбахтӣ дучор мешавад. 
Душмани асосии мо нодониву ноогоҳӣ аст. Ҳар бегонае дар тули таърих ба ин сарзамин ҳамла кард, китобҳоро сӯхт, донишмандро кушт ва ё ба он барчаспе зад. Хурофот ва таассуби диниро дониш эълон дошт ва мардумонро дар нодониву тарси ҳамешагӣ қарор дода ба онон дастур муқаррар кард, ки дониш ҳамин аст.
Дар дарозои ҳазорсола ин тарзи бинишу тафаккур ба як одат табдил ёфт ва аз насл ба насл то ба ҳол идома дорад.  Ин омили асосие, ки мардумони мо аз ҳар ҷиҳат мустаманд ва дармондаанд. Чи дар арсаи саноат ва чи дар арсаи зироат ва чи дар арсаи тиҷорат на бар пояи кишварҳои бузурги ҷаҳон қарор доранд. 
Нодонию таассубе, ки имрӯз дар Хуросон, ки ҷузъе аз сарзамини куҳани тамаддунии мо аст, ҷой дорад, чунин ба назар мерасад, ки фоҷиаи гуруснагӣ, бадбахтӣ ва нобудии бераҳми инсонҳо дар ин марз бедод мекунад. Гӯё марг дар ин сарзамин ҳокимият дорад ва ҳар лаҳза даҳҳову садҳоро ба коми хеш мепечад. Имрӯз таассуби густурдае, ки дар хоки Хуросон ҳоким аст, мардумонро заиф, нотавон, бадбахт ва ба як навъ бемории фалаҷи умумӣ гирифтор кардааст. Мутаассифона, хурофазадагию нодонӣ ва таассуб мардумонро дучори карахтии андеша ва беҳаракатӣ намудааст. 
Аз ҳама нигаронкунанда ин аст, ки вақте қавмҳо ва миллатҳо шуҷоату ҷасоратро аз даст медиҳанд, онҳо ба мардумон ва миллатҳои тарсу табдил меёбанд. Дар ин сурат, наметавонанд дар баробари ҳар гуна ҳуҷумҳои аҷнабӣ истодагарӣ намоянд. Чунин ба назар мерасад, ки решаи ҳамаи ин бадбахтиҳо дар таассубу нодонӣ бовармандии густурда, таваккулӣ, хурофазадагӣ, андешаҳои осмонӣ ва ба зиндагиву ҷаҳон ба тариқи воқеият назар накардан аст.
Кишварҳои зиёди шарқӣ тавонистанд дар баробари пешрафтҳои чашмгири Аврупою Амрико худро созанд. Пеш аз ҳама, бо такя кардан ба илму маърифат ва расидан ба фанновариҳои навин, даст кашидан аз таассуботи динию ҷаҳлу хурофот ва шинохти арзишҳои баланди милливу умумиинсонӣ, кишварҳои худро то ба сатҳи  зарурӣ боло бурдаанд ва имрӯз ба ҳайси мамлакатҳои бузурги истеҳсолии ҷаҳон қарор доранд, ки дар ин радиф метавон давлатҳои Ҷопон, Корея, Чин, Ҳинд ва чанди дигарро ном бурд. Ин кишварҳо бо назардошти арзишҳои волои фарҳангии хеш, ки ифодагари бунёди ин миллатҳо буданд, ҳамчунин, кор гирифтан аз донишу илму хирад, дастовардҳои бузурги тамаддуни ғарбӣ тавонистаанд ба кишварҳои соҳибнуфузи ҷаҳон табдил ёбанд. 
То замоне, ки бедонишӣ, таассубзадагӣ, ҷаҳолат, бовармандии вопасгаро ҷой дорад, пешравӣ аз лиҳози фарҳангию сиёсӣ ва ҳам иқтисодию иҷтимоӣ номумкин аст.  То замоне нодонию таассуб бар доноӣ тарҷеҳ дода мешавад, донишманду хирадгаро дар ҷомеа ҷойгоҳе надорад, ҷавонон ва неруи асосии ҷомеа аз пайи хирадандешиву донишу фанноварӣ нестанд ва мисли пирон худро бо асотири  асримиёнагии таскин медиҳаду барояш достону қиссаҳои боварманд бартар аз донишу фазилатанд, одат ва русуме, ки ба даврони асри сангу замони барбарият ба ҳайси арзиш қабул мешаванд ва иддае аз гурӯҳҳои иҷтимоӣ чунин навъи ақидаро ҳақиқати мутлақ ҳисобида, аз он дифоъ мекунанд,  пешрафт нахоҳад шуд. 
 
Исомиддин ШАРИФЗОДА,
номзади илмҳои фалсафа, мудири кафедраи гуманитарии
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.04.2022    №: 79    Мутолиа карданд: 596
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед