logo

сиёсат

ҲНИ ҲАНӮЗ ҲАМ ДАР КАМИН АСТ, ТО ВАЗЪРО НООРОМ СОЗАД

Таҷриба собит намудааст, ки ҳузури ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии диниву мазҳабӣ дар майдони сиёсӣ ҳамеша боиси харобиву сар задани низоъҳои гуногун дар кишварҳои алоҳида мегардад. Дар ҳақиқат, таҷрибаи ҳизбсозӣ дар динҳо як амали носозгор буда, чунин рӯйкард дар ислом аз ҷониби аксари мусулмонон қобили қабул нест.  Вале  сиёсисозии дин аз ҷониби ашхосу давлатҳои манфиатҷӯ бо истифода аз сатҳи пасти иҷтимоӣ ва бемаърифатии сиёсию динии мардум барои пиёда кардани ҳадафҳои сиёсиву иқтисодӣ тарҳсозӣ мешавад.
Аз ҷумла, таҷрибаи таъсиси ҳизби динӣ дар кишвари мо ҳам, маҳз дар  заминаи ба майдони сиёсӣ кашидани ҷавонони кишвар пас аз пошхӯрии шуравӣ рӯи кор омад. Чуноне медонем, дар ин даврон фазои идеологӣ куллан холӣ монда буд ва ҳаракатҳои динӣ аз он истифода бурда,  худро дӯстдору ҳомии мардуми одӣ муаррифӣ карданд. Дар натиҷа, қисме аз мардум ба ин дасисаҳо дода шуда, аз пушти онҳо вориди майдони сиёсӣ гардиданд, ки пайомадҳои фоҷиабори он дар таърихи давлатдории навини тоҷикон фаромӯш нахоҳад шуд. 
Баъд аз расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, ки ҳосили талошҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ба хотири ҳифзи оромию осудагии кишвар барои фаъолияти сиёсии ҳизби исломӣ низ дар асоси қонунгузории кишвар иҷозат дода шуд. Ҷомеа аз таъсису фаъолияти ин ҳизб интизории тамоман дигар дошт. Нахуст мардум бовар доштанд, ки таҷрибаи ҷанги шаҳрвандӣ ба аъзои он сабақ гаштааст, то дигар ба тавтеаҳои харобиовар даст назананд. Аммо бо гузашти солҳои зиёд омӯзиши фаъолияти Ташкилоти террористӣ-экстримистии ҳизби наҳзати ислом натиҷаҳои тамоман дигарро ба бор овард. Дар фаъолияти сиёсии онҳо  дини ислом танҳо барои пиёдасозии ҳадафҳои сиёсӣ истифода мешуду халос. Мутаассифона, кишварҳое, ки дар минтақа ҳадафҳои сиёсӣ доранд, минбаъд сарпараст ва пуштибони ТТЭ ҲНИ шуданд.
Ҳоло саркардагони ин ташкилоти террористӣ дар Аврупо “ҷомаи демократия” ба бар карда, бо нишондоди хоҷагони хориҷиашон бо ҳар роҳу усул, аз ҷумла ташкили гурӯҳҳо, шабакаву каналҳои ҷудогона дар интернет алайҳи манофеи давлату миллати тоҷик дасиса эҷод менамоянд. Мақсади асосии онҳо ба даст овардани қудрати сиёсӣ асту бас, вагарна бо он гузаштаи нангине, ки доранд, ба камтарин кори манфиатбахш қодир буда наметавонанд. Зеро дуруст ба назар мерасад, ки ин раҳгумзадагон ҳанӯз аз зери таъсир ва дастгоҳи идории хоҷагони хориҷиашон раҳо наёфтаанд. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди ватанпарастро зарур  аст, ки дар муқобили рафтору кирдор ва идеяҳои ифротии бегонапарастонаи душманони миллат бетарафӣ зоҳир накарда, ба ҳар гуна ҳаракатҳои зиддимиллии онҳо посухи сазовор диҳанд.
 
Яқуб ШОДИЁН
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.04.2022    №: 79    Мутолиа карданд: 978
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед