logo

иҷтимоиёт

ТОҶИКИСТОН. НАҚШИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БЕҲБУДИ РӮЗГОРИ МАЪЮБОН

Тавлиди фарзандони маъюб дар хонадонҳо борҳои гарони ғамҳову андуҳҳоест, ки ҷисмҳову руҳҳо аз бардоштани онҳо оҷиз меоянд. Бо ин ҳама, ранҷҳову андешаҳои соҳибони онҳо камтар аз ранҷу андешаҳои маъюбон ба шумор мераванд. Волидон метавонанд бо коре ва дар пайи рӯзгоре муддате андармон шаванд, аммо маъюбон ин андак имконро низ надоранд. Хуруҷи дардҳо, надоштани ёре мувофиқу дастгир дар ҳар лаҳза оромашон намегузоранд. Ҳоли як маъюбро танҳо маъюби дигар медонад. Он дар навиштаҳову гуфтаҳо намеғунҷад ва ифшо намешавад. Тарбияву парвариши бархе аз маъюбон кори осон нест ва аз уҳдаи он волидону пайвандон намебароянд. 
Мавҷудияти онҳо як имтиҳони бузурги рӯзгор аст ва бояд ҳар солим дар дунё масъулияти ин имтиҳонро ҳис кунад. Ҷойи таассуф аст, ки ба ин масъала аксар бетафовут менигаранд ва ё аслан онро нодида мегиранд. Ин ҳақиқатро, ки ниёз ба собит сохтан надорад, аз ёд мебаранд, ки рӯзгор метавонад онҳоро дар ҳар лаҳза маъюб бигардонад ва ё дар хонадонашон маъюбҳоро бибахшад. 
Маъюб гоҳе ба як нигоҳи гарм, сухани нарм ниёз дорад. Чаро бояд ин ҳамаро аз ӯ дареғ бидорем? На танҳо дареғ медорем, балки ба ҳолаш механдем, бе андеша дар ҳаққаш суханоне мегӯем, ки дилу руҳи ранҷурашро ранҷуртар мегардонанд.
Маъюб ба ҳоли шоди солим менигарад ва дар дил ин орзуро мепарварад, ки ҳодисае ғайричашмдошт рух медиҳаду ӯ низ аз ин дарду ранҷҳо, шабҳои бехобӣ, азиятҳои руҳӣ раҳо меёбад. Аммо солим ба дидани ҳоли бади маъюб ин шукрро ба ҷо намеорад, ки, хушбахтона,  ӯ гирифтори дард нест ва бо номи маъюб хитоб намешавад.
Магар аз худ пурсидаем, ки кадом замоне ба маъюбе бо нигоҳи гарм нигаристаем ва дасти ёрӣ дароз кардаем? Афсӯс, посухҳо мусбат нестанд.
Вақте онҳоро мсъулон кор мефармоянд, ҳеҷ ба инобат намегиранд, ки маъюбанд. Мехоҳанд чун одамони солим, балки аз онҳо бештар фаъолият бинамоянд. Дар додани музди корашон аммо беадолатӣ мекунанд ва таъкид ҳам месозанд, ки як маъюб наметавонад, мисли як солим меҳнат бинамояду аз иҷрои кор ба хубӣ бибарояд. 
Дар умум, намехоҳанд онҳоро ба кори доимӣ ва ё мавсимӣ ҷалб бисозанд ва маъюб буданашонро рӯйирост асос мекунанд. Напазируфтан агар як бор ғамашонро биафзояд, изҳори маъюбиашон сад бор мефзояд. Дилшикаста ва ноумед бармегарданд. Ҳол он ки дар қонунҳои мо барои ин гурӯҳ имтиёзҳои зиёд барои пазируфтан ба кор ва фароҳам овардани шароити мусоид муқаррар шудааст. 
Ин як зарбулмасал дар миёни мо маъруф аст, ки ба маъюб моҳӣ надеҳ, балки моҳӣ гирифтанро биомӯз. Боре аз рӯйи инсоф аз худ бипурсем, ки ба ӯ моҳигириро омӯзондаем. Албатта, не. Ва ин нуктаро низ бояд зикр бикунему иқрор бишавем, ки моҳӣ низ надодаем.
Маъюб мехоҳад худро чун дигарон, як узви комилҳуқуқи ҷомеа ҳис бинамояд. Маъюб мехоҳад ҳама ба ӯ таваҷҷуҳ дошта бошанд, эътибораш бидиҳанд, хушбахту саодатмандаш бихонанд. Ба бахти онҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста аз ҳолашон бохабар мешаванд, имкониятҳои зиёдро барои таълиму тарбия, парваришашон фароҳам меоваранд. Ин ҳамаро кофӣ намедонанд. Самимона аз ҳолашон мепурсанд, бо онҳо суҳбат мекунанд, ҳамроҳашон сурат мегиранд, барояшон дастархони пурнозу неъмат меороянд, туҳфаҳо мебахшанд. Бар замми ин ҳама ба сарварону масъулони таълиму тарбияву парвариши онҳо таъкид месозанд, ки лаҳзае аз нигоҳубинашон фориғ набошанд, чун волидони меҳрубон ба онҳо муносибат бинамоянд. Ва ҳам иброз медоранд, ки подоши ин гуна амалҳои некашонро Худованд ҳатман медиҳад. 
Оре, агарчи борҳо изҳор доштаанду таъкид кардаанд, ки маъюбону муҳтоҷонро ҳаргиз хору зор шудан намемонанд. Инчунин, намегузоранд, ки «онҳо дар ҳаёт худро бепарастор, бепушту паноҳ ва бе ҳифзу ҳимоя эҳсос намоянд». 
Воқеан, дар як муддати бисёр кӯтоҳ дар кишвар чандин биноҳои хона – интернат, мактаб – интернатҳо барои кӯдакони маъюб ё худ дорои имкониятҳои маҳдуд бунёд гардидаанду таҷдид шудаанд. 
Сарвари давлат махсус худашон дар рӯзи ба истифода додани онҳо ширкат варзидаанд, сухан кардаанд ва барои беҳдошти зиндагӣ, таълиму тарбияи онҳо дастурҳои муфид додаанд. Имрӯз ҳазорон нафар кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд дар онҳо таҳсил мекунанд. Ин гурӯҳи ниёзмандон бо ғизо, либос, ашёи хониш ва дигар неъматҳо таъминанд. Онҳо хуб эҳсос мекунанд, ки дар паноҳи давлатанд ва Сарваре доранд, ки ҳеҷ гоҳ аз ҳолашон бехабар нестанд. Ба баъзе аз ин хона – интернатҳо, мактаб – интернатҳо Сарвари давлат борҳову борҳо ташриф овардаанд ва тарбиягирандагонро бо туҳфаҳои арзишманд, лутфу самимият, суханони пур аз меҳр шод намудаанд. Бешак, ин ташрифҳо, муҳаббатҳо як умр дар хотири кӯдакони имконияташон маҳдуд хоҳанд монд.
Дар ҳар Паём аз ин қишри ҷомеа ёд меоранд, дастур медиҳанд, ки тамоми тадбирҳои зарурӣ барояшон андешида шаванд, ба онҳо дасти ёрӣ дароз бикунанд.
Дар баробари фароҳамоварии имтиёзҳо қариб ҳамасола ба хотири беҳдошти зиндагияшон нафақаашонро зиёд менамоянд. Бо ин ки нишондиҳандаҳои нек  дар солҳои охир бо ғамхорӣ, дастуру ҳидояти Сарвари давлат афзоиш ёфтанд, таъкид медоранд, ки «мо минбаъд низ барои беҳтар кардани шароити зиндагии онҳо кӯшишу талош менамоем».
Баъзе аз ниҳодҳо вазифадор гардидаанд, ки сарпарастии ин гуна хона – интернатҳо, мактаб – интернатҳоро ба уҳда бигиранд ва дасти ёрӣ дароз бикунанд.
Аз суханон ва дастури Сарвари давлат аст: «Вале пӯшида нест, ки як гурӯҳи аҳолӣ бо сабабҳои гуногун дар ҳолати мушкили ҳаётӣ, яъне маъюбӣ, қарор дошта, ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёз доранд. Аз ин рӯ, ҳар як роҳбар, ҳар як шахси масъули давлатӣ, инчунин, ҳар як раиси шаҳру ноҳия ва ҷамоатҳо бояд теъдоди эҳтиёҷмандони ҳудуди худро хуб донанд, аз тамоми воситаву имкониятҳои мавҷуда исифода бурда, ба онҳо кумак расонанд.Танҳо дар чунин сурат мо метавонем гӯем, ки муқаррароти конситутсионӣ доир ба таъминоти иҷтимоии аҳолӣ амалӣ шуда истодааст ».    
Албатта, зарур аст, ки иҷрои ин дастуру раҳнамоӣ аз ҷониби мақомотҳои дахлдор махсус санҷида шавад ва натиҷаи онҳо ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардад. Ба ин васила ҳисси масъулиятшносӣ меафзояд ва дар баробари иҷрои онҳо ба ташаббусҳои созандаву муфид рӯ меоранд. Ҳанӯз чанд сол пеш Сарвари давлат бо изҳори нигаронӣ таъкид доштанд: «Дар асоси шумораи зиёди арзу шикоятҳои нафақахӯрону маъюбон, ки ба номи Президенти мамлакат ворид мегарданд, метавон гуфт, ки сифат ва самари кори баъзе роҳбарон ҷавобгӯи талабот нест. Хусусан, дар маҳалҳо ин кор беҳбудии ҷиддиро тақозо дорад». Инчунин, таъкид доштанд, ки «раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо намояндаи Президент дар маҳалҳо ҳастанд» ва «иҷрои ин супоришҳо (аз ҷумла дар мавриди маъюбон – А. Р.) масъулияти хоссаро талаб мекунад».
Бо таъкиди Сарвари давлат ҳалли масъалаҳои рӯзмарраи иҷтимоӣ танҳо хоси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ нест, «балки тамоми вазорату идораҳои давлатӣ, созмону иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дар маҷмуъ ҳамаи мардуми Тоҷикистон аст».
Яъне, ҳеҷ нафар, ҳеҷ ташкилоту идораву иттиҳодия, аз иҷрои ин вазифаҳову масъулиятҳо озод нестанд. Акнун як бори дигар аз худ бипурсем, ки то куҷо ин масъулиятҳоро шинохтаему дар иҷрои вазифаҳо саъй ба харҷ додаем?
Президенти мамлакат ҳанӯз соли 2008 дастур дода буданд, ки тадбирҳои зарурӣ барои тайёр кардани мутахассисони соҳаи иҷтимоӣ ҳарчи зудтар андешида шавад. Он замон изҳори нигаронӣ карда буданд, ки «беш аз 4 ҳазор нафар кормандони ин соҳа тахассуси зарурӣ надоранд». Ҳамзамон, ин нуктаро хотирнишон карда буданд, ки «дар 13 мактаб – интернатҳо барои кӯдакони аз ҷиҳати ҷисмонӣ имконияташон маҳдуд бештар аз 100 нафар мутахассисони соҳаҳои омӯзгории махсус намерасанд». Яъне, дар ин маврид масъалае вуҷуд надорад, ки аз мадди назар ва диққати Сарвари давлат дур монда бошад. Бо пайравӣ аз Пешвои муаззами миллат ҳар нафар бояд масъулияти бештару беҳтар эҳсос бинамояд.
Агарчи Сарвари давлат таъкид медоранд: «Мо минбаъд низ ҳамаи чораҳоро меандешем, ки ҳар як кӯдаки маъюб ва ниёзманд худро дар ҳимояи давлату Ҳукумат ва дар оғӯши гарми Ватан – модар эҳсос намояд ва ба камол расад», аммо ин нуктаро набояд фаромӯш бикунем, ки мо - ҳама дар иҷрои ин дастуру мақсади нек чун қарзи инсонӣ ва зиндагӣ бояд саҳми дурусту арзанда бигирем.
 
Абдулқодири РАҲИМ, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.04.2022    №: 80    Мутолиа карданд: 1180
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед