logo

иҷтимоиёт

ЧЕРНОБИЛ. АЗХУДГУЗАШТАНҲОИ ҲАМВАТАНОН ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД

Сиву шаш сол муқаддам, 26 апрели соли 1986 дар Неругоҳи барқи атомии Чернобил фалокате рух дод, ки дар таърихи инсоният мудҳиштарин маҳсуб меёбад. Дар натиҷаи инфиҷор дар блоки чоруми истгоҳ моддаҳои радиоактивӣ ба садҳо ҳазор километри мураббаъ паҳн шуданд. Ин фалокат ба қисмати миллионҳо нафар сокини Украина, Беларус, Россия ва дигар кишварҳо таъсири манфӣ дошт.
Дар бартарафсозии оқибатҳои садамаи Чернобил 1900 шаҳрванди Тоҷикистон низ, иштирок дошт. Барои бартараф кардани оқибатҳои садама дар рӯзҳои аввал беш аз чил мошини оташнишонӣ, 300 корманди милитсия, инчунин, коршиносони илмӣ, муҳандисон ва кормандони соҳаи тиб сафарбар шуда буданд. Сипас, шумораи зиёди одамон ва техника ҷалб гардид. Дар семоҳаи аввали баъди садама 31 кас ба ҳалокат  расид. Тайи 15 соли баъдӣ аз таъсири нурҳои радиактивӣ наздик ба 80 нафар фавтида, 134 кас ба бемориҳои гуногун мубтало шуданд.
Мардонагию шуҷоат ва фидокории садҳо ҳазор бартарафсозандаи оқибатҳои садамаи НБА Чернобил дар ёдҳо боқӣ хоҳанд монд, зеро онҳо ҳаёт ва саломатии худро зери хатар гузошта, паҳншавии минбаъдаи партовҳои ҳалокатовари радиоактивиро пешгирӣ карданд. Бо вуҷуди андешидани тадбирҳои зарурӣ оқибатҳои садамаи Чернобил ҳамоно ба ҳаёти сокинони кишварҳои зарардида таъсири манфӣ мерасонанд.
Он солҳо бо таъсиси хазинаи махсус миллионҳо шаҳрвандони Иттиҳоди Шуравӣ дар бартарафсозии ин фоҷиа ёрӣ расондаанд, ки ҷои ситоиш аст. Бояд зикр кард, ки он солҳо баҳри болидаруҳии бартарафсозандагони оқибатҳои садама аз кишвари мо дастаи рубобнавозони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ва гурӯҳи ҳунарии «Садбарг» аз шаҳри Ваҳдат (он замон ноҳияи Орҷоникидзеобод) ба ҷои ҳодиса рафта ҳунарнамоӣ карда буданд.
Ҳамасола аз тарафи Ҳукумати мамлакат дар баробари иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҷанговарони интернатсионалист ба иштирокчиёни  садамаи Чернобил низ, ёриҳои тиббию иҷтимоӣ ва молиявӣ расонда мешаванд. Гузашта аз ин, ҳар сол дар ҷумҳурӣ 26 апрел ҳамчун Рӯзи чернобилчиён таҷлил мешавад ва дар доираи он ба иштирокчиёни бартарафсозии оқибатҳои ин садамаи мудҳиш ғамхории махсус зоҳир мегардад.
Аъзои Ташкилоти ҷамъиятии «Иттифоқи маъюбони Чернобил»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар идораву муассисаҳои гуногун бо насли ҷавони ҷомеа вохӯриву суҳбатҳои судманду самимӣ мегузаронанд. Дар ин чорабиниҳо мафҳуми муқаддаси сулҳ тарғибу тараннум ва ифодаи сиёҳи ҷанг маҳкум мешавад.
Ҳафт сол пеш дар кишвар 1980 маъюби Чернобил номнавис шуда буданд: 1150 нафари онҳо маъюбони гурӯҳҳои I - II. Аз онҳо 2940 кӯдаки маъюб ба дунё омада, 250 зан ҳамсаронашро аз даст додааст.
Зарардидагони ин фоҷиа аз пардохти андозҳои замин, амволи манқул ва қитъаи наздиҳавлигӣ озоданд. Ҳар сол 20 ва бештар аз ин фарзандони иштирокдорони ҳодисаи Чернобил тавассути квота ба макотиби олии мамлакат дохил мешаванд, ки натиҷаҳои ғамхории давлату Ҳукумат нисбат ба онҳо аст ва мо-иштирокчиёни бартарафсозии оқибатҳои садама умедворем, ки чунин дастгириҳо идома ёфта, минбаъд низ мавриди таваҷҷуҳ қарор хоҳем дошт.
 
Асадулло ФАЙЗУЛЛОЕВ,
раиси Ҷамъияти ибтидоии 
чернобилчиён дар ноҳияи Сангвор,
маъюби гурӯҳи III
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.04.2022    №: 80    Мутолиа карданд: 376
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед