logo

ҳуқуқ

ТАНЗИМ. ҚОНУНИ МИЛЛӢ САРЧАШМАИ БАРАКАТИ РӮЗГОР АСТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ асос гузошта, суннатҳои динию мардумиро ба танзим даровард, пеши роҳи худнамоию зоҳирпарастӣ ва исрофкорию зиёдаравиҳоро гирифт. Бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул шудани  Қонуни мазкур, яке аз қадамҳои устувор дар рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар, аз ҷумла дар беҳбудии сатҳи зиндагии аҳолии кишвари азизамон Тоҷикистон, аст.  Қонун имконият дод, ки низому тартиботи ягонаи баргузории чорабиниҳои миллию мардумӣ дар байни оммаи васеи аҳолӣ пурра ба ҳукми анъана дарояд.  
Аз ин ҷост, ки китобдорони   Муассисаи давлатии “Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб” ҷиҳати иҷрои  Қонуни мазкур  саҳми муносиби хешро  гузошта истодаанд. Барои тарғиби адабиёт ва дигар маводҳои чопӣ оид ба шарҳу эзоҳи Қонун дар мавзуоти “Танзим зиндагиро баракат бахшид”, “Танзими расму оин кори хайру савоб аст”, “Файзу баракат аз танзим аст” картотекаи мавзуӣ ва намоиши пурмазмуни китобӣ тартиб дода шуда, ҳамеша бо маводи нави хонданибоб пурра гардонда мешавад. 
Ҳамзамон, китобдорон мунтазам ҷиҳати пешгирӣ намудани хароҷоти зиёдатӣ ҳангоми барпо намудани маъракаҳо, риояи талаботи Қонун ҳангоми таҷлили  Иди саиди Фитр , Иди Қурбон  бо дасрасии моддаи 7, банди 4, (ҚҶТ аз 28.08.2017, №1461) корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондаанд.
Ҳамин буд, ки дар моҳи шарифи  Рамазон ва дар арафаи таҷлили Иди  саиди Фитр бо аҳли кормандон  ва аъзоёни фаъоли маҳфили “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки дар назди Китобхона амал мекунад  дар мавзуи “Танзим фардоро беҳтар аз имрӯз мекунад” суҳбати пурмуҳтаво баргузор гардид. Дар рафти суҳбат раиси комиссияи ҷамъиятии  назди муассиса оид ба харҷҳои бемаъниву серхароҷот барои густурдани дастархони идона тибқи риояи талаботи Қонун  ба кормандон маслиҳатҳои муфид дод.   
Ҳамин тавр, иҷро ва риояи Қонуни мазкур дар дигар чорабиниҳои оммавӣ, ки бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ  мегузаранд, мавриди таҳлилу омӯзиш ва хулосабарории хонандагону китобдорон қарор мегирад. Чунки ҳар як қонуне, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мегардад, ҳадафҳои худро дорад ва ба хотири пешрафту шукуфоии Тоҷикистон баҳри ба зиндагии шоиста расондани мардум нигаронда мешавад.  
 
Абдулҳакимзода САОДАТ, 
директори  Муассисаи давлатии 
«Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 
ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.04.2022    №: 80    Мутолиа карданд: 2562
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед