logo

фарҳанг

ТОШКАНД. БОЗТОБИ МУНОСИБАТҲОИ ДӮСТӢ ДАР ДОИРАИ ЯК ҶАШНВОРАИ ФАРҲАНГӢ

Дар шаҳри Тошканд бахшида ба 30 - солагии робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷашнвораи байналмилалии санъати тасвирӣ ва амалӣ баргузор гардид. Дар заминаи ин, маҳсули эҷоди рассомони ду кишвари ҳамҷавор - Парвин Гулов ва Хуршед Зиёхонов ба тамошо гузошта шуд.
- Ин намоишгоҳ дар Хонаи аксҳои Тошканд таҳти унвони “Сайру гашт дар маҳалла” ба вуқуъ пайваст.  Дар Ӯзбекистон соли 2022  - Соли гиромидошти қадри инсон ва маҳаллаи фаъол унвон гирифтааст. Ба ин муносибат, ман бо ҳамтои ӯзбеки худ – Хуршед Зиёхонов дар мусаввараҳоямон маҳаллаҳоеро ба тасвир кашидаем, ки он ҷо зодаву ба камол расидаем, - мегӯяд Парвин Гулов.
Ӯ афзуд, ки барои мардуми ду кишвари ҳамҷавор маҳалла “Ватани кӯчак” маҳсуб меёбад, ки бо суннату анъанаҳо, ҳаёти пурҷӯшу хурӯши худ барои ҳар як фард ҳаргиз бетафовут нест. Хусусан, барои шахси эҷодкор он манзараҳои дилфиреб ва ҳаёти ороми дур аз шаҳр, маҳз бо ҳамон суннатҳои ҷолиби худ ҳатман боиси таваҷҷуҳ хоҳад буд.
Ногуфта намонад, ки як мусаввир дар яке аз маҳаллаҳои шаҳри Тошканд зодаву парварда шудааст ва мусаввири дигар зодаи яке аз рустоҳои ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. 
Рассоми тоҷик Парвин Гулов аввал Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимовро хатм намуда, баъд таҳсилашро дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода давом додааст. Ҳоло дар ҳамон Коллеҷе, ки таҳсил намудааст, ба шогирдон нозукиҳои ҳунари суратгариро ёд медиҳад.  Ӯ солҳои мухталиф бо маҳсули эҷоди худ дар намоишгоҳҳои мухталифи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок карда, аз тарафи коршиносону муштариён сазовори баҳои баланд гардидааст.
- Замоне ки ман ба дунё омадам, шаҳри Тошканд ҳанӯз чунин ободу зебо нашуда буд. Ман дар кӯчаҳои тангу борики шаҳри куҳнаи он калон шудаам. Ҳоло аз ин минтақаи шаҳр танҳо баъзе маҳаллаҳо боқӣ мондаанд, ки ҳамон намои қаблии худро ҳанӯз устувор нигоҳ медоранд, - мегӯяд Хуршед Зиёхонов ва меафзояд: - Тавассути мӯйқалам кӯшиш кардам, ки ҳаёти пурҷӯши маҳаллаамро рӯйи коғаз оварда, онро ба мардум нишон диҳам.
Хуршед Зиёхонов ҳоло дар Донишкадаи миллии бадеӣ ва дизайни ба номи Камолиддин Беҳзод машғули фаъолияти омӯзгорӣ мебошад.
Ҷашнвораи байналмилалии санъати тасвирӣ ва амалӣ дар шаҳри Тошканд як ҳафта давом карда, дар он рассомони зиёд аз шаҳру ноҳияҳои Ӯзбекистон низ ширкат намуда, мусаввараҳои худро ба маъраз гузоштанд.
 
Мирасрор АҲРОРОВ, барои “Ҷумҳурият”, шаҳри Тошканд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.04.2022    №: 80    Мутолиа карданд: 2017
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед