logo

ҳуқуқ

Ҷиноят ва ҷазо

Ҳукми абад ба фарзанди нохалафе, ки қасд ба ҷони модар кард
 
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванд Мустақим Қосимовро дар куштори модараш муҷрим шинохта, то поёни умраш ба зиндон фиристод.
Дар ин бора маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ, тафтиши парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои «в, е» Кодекси ҷиноятӣ нисбат ба Мустақим Қосимовро прокуратураи шаҳри Роғун анҷом додааст. Дар рафти тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ муайян шудааст, ки маҳкумшуда шаби 30 апрели соли 2021 ба ҳуҷраи хоби модараш Зебунисо Маҳмудова даромада, дар айни хоб ӯро бо зарби корд ба қатл расондааст.
Ин ҷинояти мудҳиш дар шаҳри Роғун содир гардид, бар пояи ҳукми суд, қотили модар ҳукми абади худро дар муассисаи ислоҳии дорои низоми махсус сипарӣ хоҳад кард.
 
 
ҚАЛЛОБӢ
Кормандони ҷамоат бо 13000 сомонӣ ришва ба даст афтоданд
Корманди Ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ Ҳақназар Садуллоев ҳангоми гирифтани 13000 сомонӣ аз шаҳрванд «А» дастгир шуда, ҳоло парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ӯ баъд аз анҷоми тафтишоти пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол гардидааст.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар дод, ки Ҳ. Садуллоев, мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои андоз ва бойгонии Ҷамоати деҳоти Чоргултеппа, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо муовини раиси ҳамин ҷамоат Зокиржон Гулмуродов ин миқдор маблағро барои омода карда додани шиносномаи техникии манзили истиқоматӣ ва шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии қитъаи замин аз шаҳрванд «А» талаб намудаанд.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба З. Гулмуродов ва Ҳ. Садуллоев  бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятӣ (қаллобие, ки ба миқдори махсусан калон содир шудааст) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. 
 
 
ДУЗДӢ
Боздошти як зан бо ин ҷурм
Кормандони мақомоти милитсия дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як сокини ҳамин ноҳияро, ки маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ аз ӯ зани 41-сола ном мебарад, ба гумони содир кардани ҷинояти дуздӣ дастгир карданд.
Боздошти ин зан, дар пайи муроҷиати марди 69-солаи сокини ноҳия ба мақомоти милитсия муяссар шудааст. Ин мард дар аризааш ба ШВКД дар ноҳия арз намудааст, ки дар давоми моҳи октябри соли 2021 то моҳи феврали соли 2022 шахсони номаълум аз манзили истиқоматиаш молу ашёи рӯзгорро дуздидаанд. 
Зарари расондашуд 160 ҳазору 800 сомониро ташкил дода, айни ҳол нисбат ба ин ҳолат тафтишот оғоз шудааст.
 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.04.2022    №: 80    Мутолиа карданд: 3993
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед