logo

иҷтимоиёт

ФАРМОНИ № 622. БОЗ ДАР БОРАИ БЕМАСЪУЛИЯТИИ МАСЪУЛОН

Баҳри баланд бардоштани нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии ҷомеа ва бо мақсади мустаҳкам намудани интизоми иҷроия, 7 феврали соли 2009  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармони № 622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма»-ро ба имзо расонда буданд, ки дар банди 2-и он омадааст:
 
«Роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати вокуниш ба мулоҳизаҳои танқидӣ ва пешниҳодҳое, ки дар воситаҳои ахбори омма иброз мегарданд, дар муҳлатҳои тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ муқарраргардида тадбирҳои бетаъхири мушаххас андешида, аз натиҷаи баррасии онҳо ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори оммаи дахлдор иттилоъ диҳанд». Дар банди 4 моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» низ дар ин хусус чунин зикр шудааст: «Роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо вазифадоранд ба маводи танқидӣ ва таҳлилии вобаста ба фаъолияташон, ки омӯзиши иловагиро талаб мекунанд, дар муҳлати на бештар аз ду ҳафтаи баъди рӯзи нашри (пахши) онҳо ба воситаи ахбори оммаи дахлдор ҷавоб диҳанд». 
Мутаассифона, шахсони масъулу дахлдор ба мақолаҳои танқидиву таҳлилии Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи «Ҷумҳурият»  сари вақт вокуниш нишон намедиҳанд. Масалан, нашрия дар соли 2019-ум 150 мақолаи танқидиву таҳлилӣ чоп кард, вале то ба имрӯз ҳамагӣ ба 29 мақола вокуниш расидааст. Рӯзнома 2 августи соли 2019 мақолаи танқидии “Фармони № 622. Роҳбарон аз иҷрои уҳдадориҳояшон саркашӣ мекунанд. Чаро?”-ро ба нашр расонд. Баъди чопи ин матлаб низ вазъ беҳбудӣ наёфт. Дар соли 2020-ум ҳам. 
Фармони № 622-и Сарвари давлат бо мақсади мустаҳкам намудани интизоми иҷроия ва баланд бардоштани масъулияти роҳбарони сатҳҳои гуногун, ки вазифаашон хизмат ба Ватану миллат, таъмини некуаҳволии халқу шукуфоии кишвар аст, ба тасвиб расидаасту саҳлангорӣ дар иҷрои он баробар ба қонуншиканист. 
Новобаста ба бемасъулиятии баъзе роҳбарон ба иҷрои саривақтии Фармони № 622, рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар соли 2021 низ 74 мақолаи танқидию таҳлилиро ба нашр расонд, вале ба матлабҳои зерин: “Нуқтаҳои радиоро барқарор кунем” (7 январ),  аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии (МИҲД) шаҳри Хуҷанд, “Касбият аз миён рафтааст” (9 феврал), аз Вазорати фарҳанг, “Зимистони Бадахшон. Агар кони ангишти Равноб аз нав фаъол мешуд…» (22 феврал), аз Вазорати саноат ва технологияҳои нав, «Роҳу нақлиёт. Сабақҳои айёми яхбандӣ» (24 феврал), аз Вазорати нақлиёт, «Чоргул бо айби кӣ гул намекунад?»  (1 март), аз Вазорати нақлиёт ва КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ, «Самар». Ҳоли табоҳи корхонаи замоне овозадор дар ноҳияи Восеъ» (2 март), аз МИМҲД-и ноҳияи Восеъ, «Хатлон. 500 ҳазор кӯдак аз тарбияи томактабӣ маҳрум аст. Чаро?»  (3 март), аз МИҲД-и вилояти Хатлон, «Ёдгориҳои таърихӣ. Вазъ ҳамоно ташвишовар боқӣ мемонад!» (20 апрел), аз Вазорати фарҳанг, «Клубҳо. Таҳқиқе дар ҳастиву нестии онҳо» (20 апрел), аз МИМҲД-и шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, «Мискинобод. Чаро калонтарин деҳоти Файзобод иншооти варзишӣ надорад?» (28 апрел), аз МИМҲД-и ноҳияи Файзобод, «Аз бенизомии маршруткаҳои мусофирбар то беэътибории кормандони БДА» (29 апрел), аз БДА ВКД Тоҷикистон, «Як мушкили деҳот. Об бошад суруд ҳам мешавад!» (4 май), аз МИМҲД-и ноҳияи Хуросон, «Як мушкили деҳот. Лоҳур. Об, об, об…» (11 май), аз МИМҲД-и ноҳияи Рӯдакӣ, «Чашмаи Кулло кай соҳиби майдон мешавад?» (20 май), аз  МИМҲД-и шаҳри Роғун, «Минбари андеша. Дар суроғи «тухми тиллоӣ» (26 май), аз Вазорати саноат ва технологияҳои нав, «Замин. Чаро он ҳамеша мавзуи баҳс аст?» (23 июн), аз МИҲД-и вилоятҳои Хатлон ва Суғд, «Аз бетаваҷҷуҳии масъулон «Кӯли ҷавонон» ба чарогоҳ мубаддал гаштааст» (23 июн), аз МИҲД-и шаҳри Кӯлоб, «Осоишгоҳи кӯдакона чаро валангор шуд?» (14 июл), аз МИМҲД-и ноҳияи Восеъ, «Хатлон. Қарздорӣ аз истифодаи неруи барқ меафзояд» (10 август), вобаста ба сметаи хароҷоти неруи барқ дар муассисаҳои буҷетӣ аз Вазорати молия ва Раёсати молияи вилояти Хатлон, «Суғд. Дурнамои моҳипарварӣ чӣ гуна аст?» (19 октябр), аз МИҲД-и вилояти Суғд, «Чӣ гуна ҳосили картошкаро баланд бардорем?  Масъалаи рақами яки кишоварзони Лахш» (18 ноябр), аз МИМҲД-и ноҳияи Лахш ва ғайра вокуниши бо далелҳои муътамад асоснокшуда нагирифтааст.  Яъне роҳбарон иҷрои фармонро сарфи назар кардаанд. Ҳол он ки Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» ҳар сол 2 маротиба ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рафти иҷрои Фармони № 622 гузориш пешниҳод менамояд ва ин вазорату мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ зикр мешаванд, аммо ҳамоно вазъ тағйирнопазир мондааст. 
Дар семоҳаи аввали соли 2022-юм рӯзнома 22 мақолаи танқидию таҳлилиро ба нашр омода кард, вале танҳо ба 3 матлаб вокуниш расид.  Мақолаҳои танқидиву таҳлилии «Истеҳсоли орд. Иқтидор ҳаст, тадбир чӣ? (5 январ), аз Вазорати кишоварзӣ, Академияи кишоварзӣ, МИҲД-и вилоятҳои Суғду Хатлон, «Замин доданду сертификат не…» (10 январ), аз  МИМҲД-и ноҳияи Вахш, «Инкишофи нутқ. Чаро ба он таваҷҷуҳ бояд намуд?» (12 январ), аз Вазорати маориф ва илм, «Ховалинг. Соҳаи тандурустӣ ба дастгирӣ ниёз дорад» (17 январ), аз раёсати тандурустии вилояти Хатлон, «Вазъияти ВМКБ ислоҳоти бунёдиро тақозо дорад ё ҷинояткорӣ дар Хоруғ ва атрофи он бояд решакан гардад» (24 январ), аз прокуратураи ВМКБ, «Сайёҳӣ. Чӣ тавр рушди чашмраси онро таъмин кард?» (1 феврал), аз Кумитаи рушди сайёҳӣ, «Таъминот бо китобҳои дарсӣ мушкили чанд соли пеш нест» (1 феврал), аз Вазорати маориф ва илм, «Мусиқӣ моро куҷоҳо мебарад?» (2 феврал), аз Вазорати фарҳанг, «Баскетбол дар Тоҷикистон то куҷо рушд кардааст?» (14 феврал), аз Кумитаи ҷавонон ва варзиш, Федератсияи баскетболи Тоҷикистон, «Замин. Ман обод кардам, акнун ба он чашм ало мекунанд…» (15 феврал), аз МИМҲД-и ноҳияи Деваштич, «Даҳкатсой - Даҳанасой» Шабакаи обёрии яхбаста кай об мекушояд?» (18 феврал), аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, «Роҳсозӣ. Камбудиҳо дар маблағгузорӣ» (22 феврал), аз МИМҲД-и ноҳияҳои Шаҳритус ва Қубодиён, «Оила. Афзоиши бекоршавии ақди никоҳ аз мушкилоти доғ боқӣ мемонад» (2 март), аз Кумитаи занон ва оила, «Нигаронӣ» (3 март), аз Вазорати фарҳанг, «Восеъ. Сад ҳайфи кинотеатри «Шоҳин» (18 март), аз МИМҲД-и ноҳияи Восеъ, «Кӯпруки ларзону мардуми ҳайрон. Мушкиле, ки аз масъулон масъулияти воқеӣ мехоҳад» (28 март), аз Вазорати нақлиёт, «Саноат. Либоси мактабӣ аз мушкилоти ҳалталаб боқӣ мемонад!» (28 март), аз Вазорати саноат ва технологияҳои нав интизори вокунишанд. 
Бо назардошти ин ва далелҳои зиёди дигар, ки бетаваҷҷуҳии аксаран роҳбаронро дар иҷрои фармони мавриди назар бозгӯ мекунанд, магар вақти он нарасидааст, ки ҷараёни иҷрои он дар мақомоти салоҳиятноктаре мавриди таҳлилу чораҷӯӣ қарор бигирад?!
 
Қурбон МАДАЛИЕВ, 
«Ҷумҳурият» 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.04.2022    №: 81    Мутолиа карданд: 1848
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед