logo

иҷтимоиёт

ИММУНИЗАТСИЯ МУҲИМТАРИН РОҲИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ

Бо ташаббуси Бюрои минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз 24 то 30 апрел даври ҳабдаҳуми  Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия гузаронда мешавад. Тоҷикистон ташаббуси Бюроро ҷонибдорӣ намуда, дар доираи Ҳафтаи иммунизатсия зери шиори «Умри дароз барои ҳама» миёни аҳолии манотиқи гуногуни кишвар чорабиниҳои гуногун роҳандозӣ менамояд. 
Дар ин бора зимни нишасти матбуотии Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикаи назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, ки бо ҳузури Абдухолиқ Амирзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Виктор Олшавский, сардори намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон, баргузор гардид, иттилоъ доданд.
Мақсад аз роҳандозии чорабиниҳо баланд бардоштани дониши аҳолӣ оид ба аҳамияти эмкунии кӯдакон ва бо ин роҳ,  ҳимояи онҳо аз бемориҳои сироятӣ арзёбӣ гардид. 
Коршиносон ваксина ва иммунизатсияро кашфиёти муҳим шумурда, таъкид доштанд, ки барои ҳифзи аҳолӣ аз бисёр бемориҳои сироятӣ мусоидат менамояд. Ба шарофати ваксинаҳо қисми зиёди кӯдакон, наврасон ва калонсолон зидди бемориҳои гуногуни сироятӣ, аз ҷумла сурхча, гулафшон, гулузиндонак, ки қаблан марговар буданд, масуният пайдо менамоянд. 
Файзалӣ Саидзода, директори Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика гуфт: «Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ гузарондани иммунизатсияро зидди 11 намуди бемориҳои сироятӣ барои кӯдакон, аз ҷумла фалаҷ, гепатити В, сил, кабудсулфа, гулузиндонак, кузоз, сурхча, баногӯшак, гулафшон, тавсия медиҳад. Барои гирифтани вояи ваксина зидди ин бемориҳои сироятӣ, кӯдак бояд 6 маротиба дар муассисаи тиббии ҷойи зист эм шавад».
Абдухолиқ Амирзода  бошад, зимни суханронӣ пешгирии бемориҳои сироятиро бо истифода аз ваксина самаранок ва  дастрас шумурда,  таъкид дошт, ки ба воситаи иммунизатсия сатҳи бемориҳои сироятӣ паст ва ҳатто маҳв мегардад.
- Дар мубориза зидди бемориҳои сироятӣ пешравиҳои назаррас бошанд ҳам, хатари хуруҷи онҳо  пурра аз байн нарафтааст. Ба ин хотир, ташкил  ва роҳандозии чорабиниҳои профилактикӣ бояд сари вақт, мунтазам ва босифат анҷом бипазиранд. Кӯдакон бояд ҳатман тибқи тақвими миллии эмкунӣ ба иммунизатсия фаро гирифта шаванд. Волидоне, ки ин тақвимро риоя намекунанд ё эмкунии кӯдаконашонро ба таъхир мегузоранд, зери хатари сироят  қарор  доранд, - афзуд Амирзода.
Дар нишаст таъкид гардид, ки Ҳукумати кишвари мо барои сари вақт пешгирӣ намудани бемориҳои сироятӣ ва дастрасии осони мардум ба ваксинаҳо шароити мусоид фароҳам овардааст. Ҳоло эмкунии на танҳо кӯдакон бар зидди бемориҳои сироятӣ, балки калонсолон зидди COVID - 19 низ, ройгон мебошад.
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.04.2022    №: 81    Мутолиа карданд: 439
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед