logo

туризм

САЙЁҲИИ САНОАТӢ. ЧАНД ПАҲЛУИ МУСБАТИ ПАДИДАИ НАВИ ИҚТИСОДСОЗ

Ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Солҳои рушди саноат эълон намудани солҳои 2022 - 2026 ба рушди саноати сайёҳӣ дар кишвар мусоидат хоҳад кард. Дар ин росто, сайёҳӣ ҳамчун соҳаи муайян пеш рафта, шаклҳои нав ба нави он фаъол хоҳанд гашт. Яке аз онҳо ин сайёҳии саноатӣ мебошад.
Сайёҳии саноатӣ падидаи нисбатан нав буда, ҳамчун бахши алоҳида тақрибан 100 сол пеш пайдо шудааст. Аввалин кишварҳое, ки ба рушди сайёҳии саноатӣ шуруъ карданд Олмон, Фаронса, Чехия, Чин, Ҷопон буданд. Дар Тоҷикистон сайёҳии саноатӣ дар ҳолӣ ташаккул қарор дорад. 
Рушди сайёҳии саноатӣ метавонад шавқу рағбати сайёҳиро дар Тоҷикистон бамаротиб афзун гардонад, дар баробари ин, ба тарғиби касбҳои коргарӣ ҳисса гузорад. Ростӣ, ҳоло ин бахши сайёҳӣ амалан фаъол нест: на ҳамаи корхонаҳо мефаҳманд, ки барои чи бояд дарҳои худро барои сайёҳон боз намоянд. 
Бояд гуфт, ки сайёҳии саноатӣ ин ташкили сайрҳо дар корхонаҳои саноатӣ бо мақсади шиносоӣ бо раванди истеҳсоли маҳсулоти муайян мебошад. Дар назар ғайриодӣ менамояд, вале биёед бифаҳмем, ки ҷолибияти ин чорабинӣ дар чӣ аст? Рушди сайёҳии саноатӣ дар кишвари мо чӣ бартариятҳо дорад? 
Аввалан, он ба ташкили истеҳсолот ва фурӯши маҳсулот дар асоси омӯзиши бозор ба мол ва хизматрасонӣ тавассути ба вуҷуд овардани раванди иртиботӣ дар муҳити соҳибкорӣ, метавонад воситаи тавоно бошад. Ин, махсусан дар давраи пас аз маҳдудиятҳои коронавирусӣ, ки бисёри корхонаҳо зарари ҷиддӣ диданд, муҳим мебошад. Ҷустуҷӯи бозорҳои нав ва пешниҳоди маҳсулот барои бисёр корҳонаҳо як мушкили калон аст. Имрӯз, дар ҳоле ки ҳама усулҳои таблиғот зуд куҳна мешаванд, сайёҳии саноатӣ ҳамчун нафаси тоза дар соҳаи тиҷорат баромад мекунад. Зеро, роҳандозии он метавонад, на танҳо сайёҳон, балки сармоягузорони эҳтимолӣ ё шарикони манфиатдорро ҷалб намояд. 
Афзалияти дигар ин афзоиши боварии истеъмолкунандагон ба тамоми ҷиҳатҳои истеҳсолот мебошад. Ошкористеҳсолот ин тамоюлест, ки солҳои охир фаъолона дар ҷаҳон амалӣ мешавад. Истеъмолкунандаи асри XXI мехоҳад дар бораи моли интихобкардааш бештар донад. Аз ин ҷост, ки дидан ва назорати раванди истеҳсолоти молу маҳсулот муҳиму ҷолиб хоҳад буд. Дар ин ҳолат, истеъмолкунанда боварӣ ҳосил мекунад, ки маҳсулот ба таври табиӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тоза тавлид мешавад.   
Ба андешаи коршиносон, корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ аз ташкили саёҳат дар корхона бо имкони чошнӣ манфиати бештар хоҳанд гирифт. Маҳсулот метавонад харидорони зиёд пайдо кунад. Ҳамзамон, дар ин ҷо корхонаҳои мошинсозӣ, металлургӣ ва истихроҷи маъдан, ки таърихи бой доранд, мисол шуда метавонанд. Дар ин гуна корхонаҳо дар баробари ташкили саёҳат, ҳамчунин, барои дӯстдорони табиат дар наздикии объектҳо сайёҳии экологӣ ва барои нафарони шавқманд дар ҷойҳои ҳоло омӯхтанашуда сайрҳои геологӣ ташкил кард. Дар баробари ин, сайёҳии саноатӣ барои гурӯҳи рӯзноманигорон ва блогерҳо, молинтиқолдиҳандагон, мизоҷон, мутахассисони соҳаи молия, олимон, муҳандисон, ҳамчунин, донишҷӯёне, ки дар ҳамин ришта таҳсил доранд, ҷолиб буда метавонад. 
Бино ба арзёбии мутахассисон, хизматрасонии сайёҳӣ дар сурате рақобатпазир ва ҷолиб мегардад, ки агар иншооти дар ҳудуди корхона буда дуруст пешниҳод карда шавад. Ба сайёҳон, албатта, майдонҳои корӣ, таҷҳизот, раванди истеҳсолотро нишон додан зарур аст. Имкони ба даст гирифтани баъзе намунаҳои маҳсулотро низ, иҷозат дод. Дар акси ҳол тур ҷолибияти худро гум мекунад. 
Аслан ҳавасмандони сайёҳии саноатӣ хеле зиёд аст. Бисёр корхонаҳо метавонанд барои одамони синну соли гуногун диданӣ бошанд. Аммо, муҳимтарин дар байни онҳо мактаббачагон ба ҳисоб мераванд. Махсусан, барои роҳнамоии муҳассилин ҷиҳати интихоби касб. 
Дар ҳоле ки сайёҳии байналмилалӣ давраи таназзулро аз сар мегузаронад, ин намуди сайёҳӣ тавассути ҷалби сайёҳони дохилӣ метавонад соҳаро то ҷое наҷот бахшад. Вале, омода набудани корхонаҳо барои боз намудани дарҳои худ ба сайёҳон, набудани хатсайр ва барномаи мукаммали коркардшуда барои роҳандозии сайр, мушкили асосӣ дар ин самт маҳсуб меёбанд. Яъне, ташкили сайёҳии саноатӣ кори дастаҷамъона ва ташкилиро тақозо менамояд, ки онро ширкатҳои сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо мутахассисони донандаи соҳа ва корхонаҳо таҳия, коркард ва ба роҳ монанд. Дар шароити феълӣ сайёҳии саноатӣ дар ҳамбастагии ду омил метавонад муваффақ шавад. Аввалан, барои корхона симои ташаккулёфтаи мақсаднок муҳим бошад. Дуюм, ташкили раванди саёҳат ба ширкати сайёҳӣ бовар карда шавад. 
Умедворем, ки бо фаъолияти намунавӣ ва кушодашавии корхонаҳои нав ба нави саноатӣ дар Тоҷикистон солҳои оянда ин бахши сайёҳӣ низ ба яке аз шаклҳои писандида ва серталабот табдил меёбад.
 
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.04.2022    №: 81    Мутолиа карданд: 5856
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед