logo

барқияҳо

МУБОДИЛАИ БАРҚИЯҲОИ ТАБРИКӢ

27 апрел миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Корея муҳтарам Мун Чжэ Ин ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Корея муҳтарам Мун Чжэ Ин омадааст:
 
«Ҷаноби Олӣ,
Табрикоти  самимӣ ва таманниёти неки ин ҷонибро ба муносибати 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея лутфан бипазиред.
Боиси қаноатмандист, ки тайи ин давра муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди кишварҳои мо арсаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро фаро гирифта, имрӯз дар марҳилаи рушди устувори худ қарор доранд.
Ҷониби Тоҷикистон хоҳони вусъати тоза бахшидан ба ин раванд буда, омода аст, ки ҷиҳати таҳкиму тавсеаи робитаҳои гуногунҷанбаи ду ҷониб дар ҳама соҳаҳои ҷавобгӯ ба манфиатҳои аслии ду давлат минбаъд ҳам кӯшишҳои пайвастаи муштарак ба харҷ диҳад.
Бовар дорам, ки идомаи анъанаҳои неки муколамаи сиёсӣ дар сатҳҳои мухталиф ва татбиқи пайгиронаи мувофиқаҳои дар ин роҳ қаблан бадастомада аз ин баъд низ натиҷаҳои самарабахш ба бор хоҳанд овард.
Бо истифода аз  фурсати фараҳманд ба  Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳатии комилу саодатмандӣ ва дар пешбурди фаъолияти пурмасъулиятатон комёбиҳои нав ба нав, ба мардуми дӯсти Ҷумҳурии Корея пешрафту шукуфоии рӯзафзун орзумандам».
 
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Корея муҳтарам Мун Чжэ Ин ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:
 
«Муҳтарам Ҷаноби Олӣ,
Ба муносибати 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Корея ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо, ҷаноби Президент ва халқи тоҷик саломи дӯстонаамро мерасонам.
Баъди барқарории муносибатҳои дипломатӣ дар санаи 27 апрели соли 1992 робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, мубодилаи инсонӣ ва дигар соҳаҳо мунтазам рушд ёфта истодаанд. Барои ман, махсусан, хурсандиовар аст, ки ба туфайли ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли гузашта барои тақвияти муносибатҳои ҳамкории ҳар ду кишвар заминаи мусоид муҳайё гардидааст.
Умедворам, ки ба шарофати 30-солагии муносибатҳои дипломатӣ ҳамкориҳои судманди ҳар ду кишвар дар бахшҳои мухталиф тавсеа ёфта, ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстии байни  мардумонамон дар заминаи баргузории чорабиниҳои гуногунсатҳ боз ҳам амиқтар мешаванд.
Ҷаноби Президент, ба Шумо саломатии комилу некуаҳволӣ ва рушди беканори кишваратонро орзумандам».
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.04.2022    №: 82    Мутолиа карданд: 3352
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед