logo

иҷтимоиёт

INNOPROM. МАҲСУЛОТИ САНОАТИИ ТОҶИКИСТОН МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲИ ХОССА

Дар Маҷмааи миллии намоишгоҳҳои “Ӯзэкспомарказ”-и шаҳри Тошканд Намоишгоҳи байналмилалии саноатии “INNOPROM” таҳти унвони “Осиёи Марказӣ: майдони кашфиёти технологӣ” баргузор гардид. Дар он 700 ширкати тавлидотиву тиҷоратӣ, ҳайатҳои соҳибкорӣ ширкат дошта,  се рӯз идома хоҳад кард. 
Ноиби Сарвазир, вазири сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Ӯзбекистон Сардор Умурзоқов дар маросими ифтитоҳи он меҳмононро хайрамақдам гуфта, ибрози умед кард, ки Намоишгоҳ барои кашфи технологияҳои навтарин, барқарор кардани робитаҳои нави корӣ, имзои созишномаҳо ва татбиқи лоиҳаҳои кооператсияи саноатӣ мусоидат хоҳад кард. 
Ба таъкиди Сардор Умурзоқов, дар ин Намоишгоҳ  барои иштирок ҳудуди 200 ширкати хориҷӣ ва беш аз 1300 нафар ба намояндагӣ аз кишварҳои ИДМ, инчунин, Фаронса, Италия, Нидерландия ва Ҳиндустон худро сабти ном кардаанд. Гуфта шуд, барномаи тиҷоратии Намоишгоҳ зиёда аз 20 сессияи махсусро дар бар мегирад, ки мавзуъҳои муҳимтарини онро рӯзномаи саноат ташкил медиҳад. Иштирокчиёни он дар шакли ҷаласаҳои панелӣ, мубоҳисаҳо, мизҳои мудаввар ва вохӯриҳои корӣ дурнамои Осиёи Марказиро ҳамчун фазои пешрафти технологӣ, инчунин, иқтидори сармоягузорӣ ва саноатии кишварҳои минтақа таҳти баррасӣ қарор медиҳанд.
Дар Намоишгоҳи мазкур намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир бо як ҳайати густардаи иборат аз роҳбарони корхонаҳои бузурги саноатӣ ва намояндагони доираҳои соҳибкорӣ ширкат меварзанд. Павилёне, ки соҳибкорони тоҷик ташкил кардаанд, “Тоҷикистон-кишвари энергияи сабз” унвон гирифтааст.  
Тавре ки Шералӣ Кабир зимни суханронӣ изҳор намуд, дар Тоҷикистон неруи барқ, асосан, тавассути оби рӯдхонаҳо тавлид карда мешавад, барои ҳамин павилёни онҳо кишвари “энергияи сабз” номгузорӣ шудааст.
- Мо ба воситаи маҳсулоти намоишии худ нишон хоҳем дод, ки Тоҷикистон ҳоло дар кадом сатҳ қарор дорад. Омори расмии ИДМ эълон кардааст, ки рушди саноати Тоҷикистон дар ду соли охир 20 дарсадро ташкил медиҳад. Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро муваззаф сохтаанд, ки дар панҷ сол рушди саноати Тоҷикистон ду баробар афзоиш ёбад. Барои чунин рушди устувори саноат мо аз тамоми имкониятҳо истифода мебарем, - зикр намуд Шералӣ Кабир.
Ба таъкиди мавсуф иҷрои чунин нақша бидуни роҳандозии робитаҳои таърихии кооператсионӣ ва ҳамкорӣ бо дӯстони хориҷии онҳо мушкил хоҳад буд. Дар ин замина, “Харитаи роҳ” таълиф шудааст ва ҳар як тарафи ҳамкор муваззаф аст, ки уҳдадориҳои худро дар вақти муқарраршуда анҷом диҳад.
- Баъди фурӯпошии шуравӣ корхонаҳои муқтадире, ки яке дар шимоли Тоҷикистон ва дигаре дар Ҷумҳурии Осетия фаъолият менамуданд, ғайрифаъол гаштанд. Аммо ҳоло мо бо истифода аз имкониятҳо талош ба харҷ медиҳем, ки ин корхона ба тавлиди маҳсулоти худ оғоз намояд. Дар ин маврид ба мо “Евразхолдинг” кумак мерасонад. Инчунин, мо коркарди партовҳои корхонаи маъдани кӯҳии Олмалиқро ба роҳ мондаем, ки ҳамчун маводи нолозим ва ғайриэҳтиёҷ хонда мешавад, - иброз дошт вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон.
Вай афзуд, ки 93 дарсади Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд ва дар ин хазина тақрибан тамоми намудҳои филизот, ки дар ҷадвали Менделеев нишон дода шудаанд, мавҷуд мебошанд. Шералӣ Кабир гуфт, ки мисли соири кишварҳои минтақа Тоҷикистон низ аз рӯи барномаи локализатсия истихроҷи маъдани кӯҳиро ба роҳ монданист, барои ҳамин, омодааст дар ҳамкорӣ бо шарикони таърихии худ дар ин самт робитаҳоро барқарор намояд.
- Дар ояндаи наздик Тоҷикистон аз рӯи истихроҷи маъдани кӯҳӣ метавонад ғайр аз он ки эҳтиёҷи соири кишварҳои Осиёи Марказиро бароварда созад, дар бозори ҷаҳонӣ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол намояд. Ба таври мисол, 10 дарсади захираи сурмаи ҷаҳон дар    Тоҷикистон истихроҷ хоҳад шуд. Инчунин, ҷиҳати истихроҷи панҷ намуди филизот низ мо дар хати пеш қарор мегирем,-гуфт Шералӣ Кабир.   
Ба гуфтаи ӯ,  Тоҷикистон ба манзури рушди саноат дастовардҳои хеле бузургро ноил мегардад. Ҳоло тавлиди мошини боркашони “Шагман” ва электробуси “АКИА Авесто” дар рушди иқтисоди ҷумҳурӣ хеле нақши муассир мебозад, ки дар майдони “Экспомарказ” чанд адади он ба намоиш гузошта шудааст.
Маҳсулоти намоишии Тоҷикистон дар корхонаҳои гуногуни он истеҳсол шудаанд. Ин маҳсулот намунаҳо аз саноати истихроҷи маъдан, нассоҷӣ, сохтмон, хӯрокворӣ, матоъҳои абрешиму пахта, маҳсулоти чарму пойафзол, қолинҳо, либос, намунаҳои нодири заргарӣ, ҷавоҳирот, сангҳои қиматбаҳо ва маснуоти алюминийро ташкил медиҳанд. 
Ширкатҳои пешқадами Тоҷикистон, аз қабили «ТАЛКО Групп», «Акия Авесто Автоматив Индастрӣ», «Авесто Групп», КМ «Зарафшон», «Ғаюр», «ТАЛКО Голд», «Апрелёвка», КМ «Анзоб», «Комбинати маъдани Тоҷикистону Хитой», «Комбинати металлҳои нодири Ленинобод», “Рухом”, “Агротехсервис”, “Узавтрак”, “Тоҷирон”, “Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил”, «Ваҳдат Текстил», «Қолинҳои Суғд», «Атласи Хуҷанд», «Ҷавонӣ», «САТН», «Тоҷтекс», “Чарм”, “Гулистони Душанбе” ва   “Оби зулол” бо маҳсулоти рақобатпазири худ дар ин Намоишгоҳ таваҷҷуҳи иштирокчиёни зиёди онро ба худ ҷалб менамоянд.
Дарвоқеъ, сарвазирони Ӯзбекистон ва Беларус Абдулло Аримов ва Роман Головченко зимни боздид аз намоишгоҳи “Тоҷикистон-кишвари энергияи сабз” бо қаноатмандӣ иброз намуданд, ки саноати Тоҷикистон дар ин солҳо хеле рушду нумӯ кардааст. 
Интизор меравад, ки соҳибкорони тоҷик бо ҳамтоёни зиёди худ дар самтҳои гуногун созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд ва барои ишғоли бозорҳои хориҷӣ соҳиби имкониятҳои иловагӣ мешаванд. 
 
Мирасрор АҲРОРОВ, 
“Ҷумҳурият”,
шаҳри Тошканд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.04.2022    №: 82    Мутолиа карданд: 471
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед