logo

иҷтимоиёт

МОРАТОРИЙ. БОЗ ЯК ИҚДОМИ ДУРБИНОНАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРӢ

 
Дар робита ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2022 «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» вакилони Маҷлиси намояндагон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ»-ро қабул намуданд. 
 
Зимни баррасии лоиҳа Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, иброз дошт, ки ҳадаф аз қабули Қонун дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мебошад. 
- Муносибатҳои вобаста ба мораторийи эълоншуда дар доираи лоиҳаи Қонуни мазкур танзим шуда, он асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро муайян карда, тартиби татбиқи мораторий ба санҷишҳоро муқаррар ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро ҳифз менамояд. Тибқи муқаррароти лоиҳа, дар давраи татбиқи мораторий ба санҷишҳо ҳолатҳои таҳти санҷишу назорат қарор гирифтани фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ бо назардошти хавфҳои истисно аз татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ пешбинӣ шудааст, - гуфт раиси кумита.
Бар асоси лоиҳа, мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ масъул гардидааст, ки аз натиҷаи татбиқи мораторий ба санҷишҳо мониторинги татбиқи қонунро бо тартиби муқарраргардида гузаронда, аз натиҷаи он гузориши таҳлилӣ ба Ҳукумати кишвар манзур менамояд. 
Бояд гуфт, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар вобаста ба фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани онҳо ислоҳоти бомаром идома дорад. Дар ин замина, ҷиҳати дастгирии  фаъолияти соҳибкорӣ ва бартараф намудани монеаҳои мавҷуда қаблан се маротиба (солҳои 2008 – 2010, 2011 – 2014 ва 2018 – 2020) ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна ва соҳаҳои истеҳсолӣ мораторий эълон гашта буд, ки натиҷаи он назаррас арзёбӣ мегардад. 
Бо назардошти таҷрибаи мазкур, ташаббуси навбатии Сарвари давлат доир ба эълон гардидани мораторий дар доираи ҷаласаи ХХII Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ (16 марти соли 2022) амри зарурӣ дониста шуд. Зеро дар шароити кунунии иқтисоди ҷаҳонӣ, афзоиши рақобатҳои тиҷоратӣ, болоравии нархи молу маҳсулот дар ҷаҳон, ҷорӣ гардидани маҳдудият дар масири интиқоли молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон иқдоми саривақтист.
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.04.2022    №: 82    Мутолиа карданд: 441
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед