logo

иҷтимоиёт

“АМОНАТБОНК”. МАРҲИЛАИ НАВИ ТАВСЕАИ САРМОЯГУЗОРӢ

 
Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”  дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ дар ҳаҷми 18,4 миллион сомонӣ даромади соф ба даст овардааст. Дар маҷмуъ, 17 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳои  ҳатмиро ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ интиқол додааст.
Дар иртибот ба дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатӣ, “Амонатбонк” ҷиҳати саҳмгузорӣ баҳри дар 7 соли оянда ба беш аз 100 миллиард сомонӣ расондани ҳаҷми қарзҳо дар низоми бонкӣ  ва ҷалби сармояи хориҷӣ чораҳои зарурӣ андешида истодааст, - иброз дошт Сироҷиддин Икромӣ, раиси раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”.
“Амонатбонк” то 31 марти соли 2022 аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба зиёда аз 16 ҳазор муштарӣ 342 миллион сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намуда, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми қарздиҳӣ 43,8 фоиз зиёд гардидааст. Баҳри татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар ва таъмини амнияти озуқаворӣ наздики 50 фоизи қарзҳоро ба соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ пешниҳод намудааст.
Бо назардошти талаботи зиёди муштариён қарзҳои имтиёзнокро таҳти унвони «Кишоварз», ки соли 2021 ҷорӣ намуда буд, иловатан аз 1 феврал то 30 апрели соли 2022 вобаста ба оғоз гардидани давраи киштукор роҳандозӣ намуда, дар самти ҷалби ҳарчи бештари сармоягузорӣ ба иқтисодиёти кишвар ва дар ин замина пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ вусъат бахшида, аз оғози ҷалби сармоягузориҳо 81,1 миллион доллари ИМА ҷалб намудааст, ки бо истифодаи маблағҳои қарзӣ дар 51 шаҳру ноҳия 79 лоиҳаи сармоягузорӣ барои рушди соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат амалӣ шуда истодааст. 
Дар раванди дастрасии бештари маблағҳои қарзӣ ба сокинон, бахусус соҳибкорон, аз ҷумла соҳибкорони истеҳсолӣ, дар бонк меъёри фоизи солонаи қарзҳо бо пули миллӣ аз 18 то 24 фоизи солона ва бо асъори хориҷӣ аз 8 то 10 фоизи солонаро ташкил медиҳад.
Ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо дар самти идоракунии хавфҳои қарзӣ ва қарзҳои ғайрифаъол чораҳои бетаъхир роҳандозӣ шудаанд. Дар натиҷа то 31 марти соли 2022 қарзҳои таъхирафтода дар ҳаҷми 256,7 миллион сомонӣ баргардонда шуданд, ки аз он 30,9 миллион сомонӣ қарзҳои ғайритавозунӣ, батаъхирафтода, фоизҳои ҳисобшудаи онҳо ва фурӯши молу мулки барои бозфурӯшӣ дар тавозуни Бонк қарордошта мебошад.         
Сатҳи баланди пардохтпазирӣ яке аз нишондиҳандаҳои асосии устуворӣ ва эътимоднокӣ ба ҳисоб рафта, иҷрои ин нишондиҳанда  дар “Амонатбонк” дар сатҳи баланд таъмин аст ва натиҷа ин аст, ки  шумораи пасандозгузорон дар Бонк ба 1,6 миллион нафар расидааст.      
Бақияи пасандозҳои шахсони ҳуқуқию воқеӣ то 31 марти соли 2022 маблағи 3,7 миллиард сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,9  фоиз зиёд мебошад.
Аз ҷумла, бақияи пасандозҳои аҳолӣ ба 1,7 миллиард сомонӣ расондааст, ки 47 фоизи ҳаҷми умумии амонатҳоро ташкил медиҳад. Бақияи пасандозҳои муҳлатнок зиёда аз 1 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 10,7  фоиз афзоиш дорад.     
Фоизҳои ба аҳолӣ пардохташуда, 17,8 миллион сомонӣ буда, ба сатҳи даромад ва баланд  гардидани  сатҳи некуаҳволии онҳо  мусоидат намуданд.         
Бонк бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати ба пасандоз ҷалб намудани маблағҳои интиқолии ба ҷумҳурӣ воридшаванда, пасандози  муҳлатноки  “Ҳамватани  берунмарзӣ”-ро роҳандозӣ  кард ва то 31 марти соли 2022 бақияи пасандозҳои мазкур 93,8 миллион сомониро ташкил дод. 
Барои ҷалби мутахассисони ҷавону ихтисосманд ва дорои қобилияти таҳлилӣ, “Амонатбонк” озмун баргузор намуд ва аз 189 довталаб бо назардошти касбият, маҳорати ояндабинӣ ва таҳлилӣ, инчунин, забондонӣ 101 нафар, аз ҷумла 57 бону ба кор қабул шуд.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.04.2022    №: 82    Мутолиа карданд: 429
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед