logo

иҷтимоиёт

МУАЛЛИМ

 
Бо вуҷуди маъюби гурӯҳи 1 будан, пойи равон надоштан, Неъматуллои Айниддин, то охири умр, кам не, 40 сол рисолати омӯзгориашро сарбаландона иҷро кард. Яъне, то лаҳзаи вопасини умраш омӯзгор буд, омӯзгори ҳақиқӣ. 
 
Муаллим Неъматулло дар синфи панҷум моро аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс медод. Дар мактаб кабинети фанни забон ва адабиёти тоҷик буд, аммо муаллим Неъматулло бо завқу ҳавсалаи зиёди худ як кабинети дигари фанниро муҷаҳҳаз гардонид. Мо-ҳамаи хонандагон дафтари луғат доштем, шеърхону шеърдон будем.
Субҳдам муаллимро, ки маъюб буд, аз хонаашон ба мактаб ва баъди дарсҳо боз ба хонаашон меовардем. Хонаи ин муаллим ҳам барои мо мактаб ҳисоб меёфт. Дар хонаашон тахтаи синфӣ буду китобу китобхона ҳам.
Дар мактабу дар хонааш барои мо мусобиқаи байтбаракро ташкил мекард.
Раҳмдил буд, барои ҳар сокини деҳа, ки аз дунё мегузашт, кӯдаквор мегирист. Ба касбаш содиқ буд. Дар солҳои ноороми 90-ум ҳам тарки касби омӯзгорӣ накард, дарсҳояш, рисолати омӯзгориаш, масъулияташ чун солҳои пешин буд.
Вақте китобхонаи деҳа аз байн рафт, мағозаи тиҷоратиашро, ки рӯзгорашро пеш мебурд, ба китобхона табдил дод. Дар ин солҳои вазнин дар баробари омӯзгорӣ бо дӯстони маъюбаш ташкилоти ҷамъиятии «Мушфиқи маъюбон»-ро таъсис дод ва то вопасин лаҳзаҳои умраш муовини раиси ташкилоти мазкур буд. Маъюбонро номнавис ва  онҳоро дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ дастгирӣ ҳам мекард.
Ҳоло ҳам дар китобхонааш бастаҳои «Пионери Тоҷикистон», «Машъал», «Мактаби советӣ», «Газетаи муаллимон» ва номгӯи рӯзномаю маҷаллаҳое, ки солҳои охир нашр гардидаанд, нигоҳдорӣ мешаванд. 
Дар китобхонааш дафтарҳои шогирдонаш, диктантҳову иншоҳои навиштаамон ҳаст ва конспектҳои навиштаи 40-солаи омӯзгориаш нигоҳдорӣ мешаванд. Рӯзномаҳои мактабии моро ҳам ҳар охири сол мегирифт, ки  онҳо ҳам нигаҳдорӣ шудаанд. То вопасин лаҳзаҳои умраш ҳам бо шогирдонаш дар робита буд. Тамаъ надошт, аммо хоҳиш дошт, хоҳиш. Хоҳиш мекард, ки аз шаҳр, пойтахти кишвар танҳо барояш китоб, маҷалла, рӯзнома биоранд.
Як сол пеш муаллими Неъматулло зиндагиро падруд гуфт. Аммо барои деҳа хотироти бузургеро аз худ боқӣ гузошт. Китобхонааш ҳоло ягона китобхона дар деҳа мебошад. Масъулияту рисолати омӯзгориаш ҳам афсона шуданд. Асобағалу аробачаи маъюбиаш нишоне барои мо - шогирдон монд.
Борҳо дар бораи масъулият ва рисолати омӯзгору омӯзгорӣ навиштам. Дар ин мавридҳо дар пеши назарам ҳамеша муаллим Неъматуллои Айниддин буд, муаллиме, ки новобаста аз маъюбияш рисолати омӯзгории худро бо масъулияти баланд иҷро кард.
Яъне, агар аз пайи масъулият, рисолати омӯзгорӣ шавем, ҳеҷ як мушкилот монеаи мо шуда наметавонад. Агар монеа барои иҷрои рисолат мешуд, ба муаллим Неъматулло мешуд, аммо нашуд. Сахтиҳо, бемориҳо, озурдахотириҳои рӯзгорро пушти сар кард ва оқибат худ ба пуштаи мазори деҳа рафт.
То замоне деҳа ҳаст, мактаб ҳаст, китобхона ҳаст, масъулияту рисолати омӯзгорӣ ҳаст, ӯ барои ҳамдеҳагони ман зиндаву бо ном аст.
 
Қурбоналӣ МАҶИДЗОДА,
ноҳияи Восеъ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.04.2022    №: 82    Мутолиа карданд: 437
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед