logo

иқтисод

ЗАНБӮРУҒ.ЗАҲРОЛУДШАВӢ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН

 
Заҳролудшавии шадид аз занбӯруғҳо, асосан, тирамоҳу баҳор рӯй медиҳад, вале ба як ҳисоб сабзиши занбӯруғ тамоми сол мушоҳида мешавад. Рағбати мардум ба ҷамъоварӣ, тайёр ва захира кардани занбӯруғҳо афзуда бошад ҳам, вале дар бораи онҳо маълумоти кофӣ надоранд.
Ғайр аз ин, бо сифати паст тайёр кардани ғизо аз занбӯруғҳо метавонад ба оқибатҳои вазнин оварда расонад. Доир ба ин масъалаи муҳим андешаҳои Нурулло Бояков, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлонро, манзури шумо-хонандаҳои гиромӣ мегардонем. 
Занбӯруғҳо ғизои пурқиммат буда, ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд: хӯрданбоб, шартан хӯрданбоб (яъне занбӯруғҳое, ки пеш аз истеъмол коркарди махсуси таббохиро металабанд) ва заҳрнок. Одатан, одамон аз занбӯруғҳои заҳрнок ва шартан хӯрданбоб заҳролуд мешаванд.
Аз занбӯруғҳои заҳрнок телпаки қозӣ, марги магас, шайтонзанбӯруғ маъмуланд. Заҳролудшавӣ аз телпаки қозӣ хеле вазнин мегузарад (то 90 дарсади осебёфтагон ҳалок мешаванд). Ин занбӯруғ дар таркибаш ду гурӯҳи моддаҳои заҳрнок дорад: фаллоидини зудтаъсир ва аманитини дертаъсир, вале бағоят заҳрнок. Ҳар ду ҷигар ва гурдаро аз кор мебароранд. Заҳролудӣ аз телпаки қозӣ чор давра дорад: давраи ниҳонӣ (аз лаҳзаи истеъмоли занбӯруғ, ки 8 – 24 соат тул мекашад); осеб дидани меъдаю рӯда (аз 1 то 6 шабонарӯз давом мекунад; дар ин маврид организм аз сабаби исҳол миқдори зиёди об ва намакҳои барои ҳаёт заруриро талаф медиҳад); ихтилоли кори ҷигар ва гурдаҳо (аз шабонарӯзи 5 – 6-ум оғоз меёбад); давраи шифо бо барқарор шудани кори узвҳои зарардида (агар бемор зинда монад).
Нишонаҳои заҳролудшавӣ, одатан, пас аз давраи ниҳонӣ пайдо мешаванд. Онҳо ногаҳон падид омада, тез шиддат мегиранд (дилбеҳузурӣ, қай, дарди шикам, исҳоли зиёд, баъзан бо омехтаи луоб ва хун). Заҳролудшавӣ дар кӯдакон хеле вазнин буда, иллати фаъолияти ҷигар аксар вақт ба марг меанҷомад.
Заҳролудшавӣ аз марги магас (мухамор) кам вомехӯрад, чунки онро аз занбӯруғҳои хӯрданбоб зуд фарқ кардан мумкин аст. Заҳри мускарин, ки дар таркиби ин занбӯруғ вуҷуд дорад, боиси ҳаяҷони ҳаракат, ихтилоҷ, тангии мардумаки чашм, афзудани оби даҳон, арақ, дарди шикам, дилбеҳузурӣ ва қай мегардад. Дертар ҳазаён ва таваҳҳум (галлютсинатсия) падид меоянд. Нишонаҳои аввалини заҳролудшавӣ пас аз 1,5 – 6 соати истеъмоли занбӯруғ пайдо мешаванд.
Аломатҳои заҳролудӣ аз занбӯруғҳои шартан хӯрданбоб (дилбеҳузурӣ, қай, исҳол) пас аз 1 – 3 соати истеъмоли онҳо ба мушоҳида мерасанд. Сабаби заҳролудшавӣ истеъмоли занбӯруғҳои нодуруст нигоҳдошта ё дуруст пухтанашуда аст. Мариз баъди 1 – 2 рӯз шифо меёбад. Занбӯруғи строчок дар таркибаш кислотаи гелвеллат дорад, ки эритроситҳоро нобуд (гемолиз) мекунад. Аввалин нишонаҳои заҳролудшавӣ бо дарди шикам, дилбеҳузурӣ, қай, дарди сар (баъди 6 – 10 соат) падид меоянд. Ҳангоми заҳролудшвии вазнин (2 – 3 рӯз баъд аз гемолиз) зардпарвин инкишоф меёбад. Кислотаи гелвеллат ноустувор буда, ҳангоми табохӣ зуд вайрон мешавад.
Дар сурати ҳар гуна заҳролудшавӣ, ҳатто, агар он хеле сабук бошад ҳам, фавран ба духтур муроҷиат кардан ё зарардидаро ба беморхона бурдан зарур аст. Ба беморони мубталои заҳролудшавии шадид ёрӣ расонда, ҳаминро бояд дар хотир дошт, ки самараи он бештар ба табобати бармаҳал вобаста аст. То омадани духтур меъда ва рӯдаи беморро шуста, ӯро ба бистар мехобонанд. Меъдаро бо оби ширгарм, намакоб ё маҳлули сусти перманганати калий мешӯянд. Барои шустани рӯдаҳо маводи исҳоловар (равғани канадона ё намаки исҳол) ва барои пурра тоза шудани онҳо ҳуқнаро истифода мебаранд. Барқарор намудани моеъ, ки организм дар натиҷаи қай ва исҳол гум мекунад, хеле зарур аст. Барои ин, ба бемор ҷуръа-ҷуръа оби шӯртаъм менӯшонанд (ин шиддати қай ва дилбеҳузуриро паст мекунад) ё чойи талх медиҳанд. Ҳангоми заҳролудшавӣ ба ҳеҷ ваҷҳ нӯшидани машруботи спиртӣ мумкин нест, чунки онҳо боиси ҷаббиши фаврии заҳри занбӯруғ дар организм мегарданд.
Ҳангоми зуд ба бемористон бурдани зарардида табобати комплексӣ бо истифода аз дастгоҳи «гурдаи сунъӣ» гузаронда мешавад. Ин, ҳатто, дар мавриди заҳролудшавии вазнин аз занбӯруғҳо имкон медиҳад, ки бемор наҷот ёбад.
 
Зокир ҲАСАН, 
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.04.2022    №: 82    Мутолиа карданд: 2572
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед