logo

иҷтимоиёт

«ЗАРАФШОН». 90-УМ СОЛГАРДИ РӮЗНОМАИ ВАТАНСАРО МУБОРАК БОД!

Шумораи нахустини рӯзнома 1-уми майи соли 1932 бо номи «Коммунисти Панҷакент» аз чоп баромадааст. Он замон муассисонаш Кумитаи ҳизби коммунист ва Шурои намояндагони халқи шаҳр буданд. Рӯзнома бо ду забон - тоҷикӣ ва ӯзбекӣ нашр мешуд. 
То соли 1934 бо кӯшишҳои муҳаррири рӯзнома А. Отахонов ва котиби масъули он Ҷунайдулло Эсоев нашрияи «Коммунисти Панҷакент» дар матбааи шаҳри Самарқанд бо теъдоди 1000 нусха ва моҳе ду маротиба ба табъ мерасид. Ин далелро бастаи соли 1934-и рӯзнома асоснок мекунад. Дар саҳифаи охири шумораҳои ин сол чунин маълумот омадааст: «Чопхонаи давлатии Уз (Ӯзбакистон) шаҳри Самарқанд. Заказ 2031». Ҳангоми ҷустуҷӯ як нусхаи ин рӯзномаро, ки аз моҳи июни соли 1934, дар шаҳри Самарқанд  ба дасти чоп  расидааст, дарёфт шуд. Он бо хати лотинӣ буда, аз ду саҳифа ё худ як варақ иборат аст. Дар шумораи мазкур  дар маҷмуъ, 19 мавод нашр шудааст, ки калонтарини он дар ду сутун (36 сатр) ҷойгир аст.
«Коммунисти Панҷакент» яке аз аввалин рӯзномаҳои ноҳиявӣ буд. Соли 1934 80 мухбири коргару деҳқон бо он ҳамкорӣ менамуд. Фаъолияти ин нашрия давраҳои зеринро дар бар мегирад: аз замони таъсис то оғози солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ; солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945); солҳои баъдиҷангӣ ва барқароркунӣ; давраи бозсозӣ ва замони соҳибистиқлолӣ.
Дар давраи аввал нашрия аз нигоҳи сифати мавод ва теъдоди нашр пеш рафта, ба талабот ва таъиноти умумии рӯзнома мувофиқ гардидааст. Дар давраи дуюм, ки солҳои ҷангиро фаро мегирад, «Коммунисти Панҷакент» новобаста аз он, ки аксари ходимони он ба фронт даъват шуданд, фаъолияташро қатъ накард. Аммо, дар ин давра, теъдоди нашри рӯзнома кам ва фосилаи чопаш гоҳо номуназзам гардид. Бо вуҷуди ин, нашрия то ҳадди имкон дар тарғиби сиёсати ҳизб ва давлат дар ҷанбаи ҳушёрии сиёсӣ амал карда, дар роҳи ба меҳнати дучанд сафарбар кардани мардум, ёрӣ ба фронт, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва муборизаи беамон ба муқобили фашизм бо нигоштаҳои оташин мубориза бурдааст. 
Давраи сеюмро метавон “давраи тиллоӣ” номид. Дар ин давра на танҳо нашрия аз ҷиҳати шаклу мазмун тағйир ёфт, балки ба минбари боэътимоди таблиғи рӯзноманигорону кормандони ҳизбӣ ва ба майдони сухани як зумра шоирону нависандагон ва фарҳангиёни диёр табдил ёфт. Соли 1962 дар замони муҳарририи Зайниддин Насриддинов рӯзномаи «Коммунисти Панҷакент» тағйири ном карда, унвони «Зарафшон»-ро гирифт.
Дар солҳои аввали истиқлол бо иллати кашмакашиҳои дохилӣ, фалаҷ гардидани шохаҳои ҳокимият ва заиф шудани иқтисодиёт чопи аксари нашрияҳои даврӣ, аз ҷумла рӯзномаи «Зарафшон», муддате қатъ гардид. Баъдан гоҳ коғаз, гоҳ дурии матбаа, гоҳ норасоии маблағ садди роҳи нашри он мегардид. Дар муддати як сол теъдоди нашри он аз 17 000 нусха ба 1000 адад поён рафт. Бо вуҷуди ин мушкилиҳо, ҳайати эҷодии рӯзнома кӯшиш намуданд, ки имкониятҳои мавҷударо истифода бурда, фаъолияти худро қатъ насозанд, бо теъдоди кам ҳам бошад, иртиботи худро бо хонандагон нигоҳ доранд.
Имрӯзҳо ҳам нашрия дар самти тарғиби дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ ва боло бурдани сатҳи маънавиёти ҷомеа саҳми босазо гузошта истодааст. 
 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.04.2022    №: 83    Мутолиа карданд: 599
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед