logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

 
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
АЗ ЧАП БА РОСТ:
5. Яке аз персонажҳои романи «Вафо»-и Ф. Ниёзӣ. 6. Ченаки қадимаи миллии тоҷикӣ, ки ба 5760 метр баробар аст.  10. Дар замони ҳукмронии ин шоҳ алифбои авестоӣ кашф карда шуд. 11. Асари нависанда С. Улуғзода. 12. Ҷӯрабек – ҳофизи халқии СССР.  17. Тамғаи автомобили Амрико. 18. Намоиши сиркӣ. 19. Шоири классики тоҷик, муаллифи асари «Ақлнома»  21. Аз он гӯй. 22. Ағба дар роҳи байни шаҳри Норак ва шаҳри Ваҳдат. 26. Шоири классики тоҷик дар асри XVIII Тошхӯҷа …  27. Бахтиёр … ҳаҷвнигори тоҷик. 28. Олиҳаи ҳусни Зардуштиён. 32. Номи қаблии ноҳияи Нуробод. 34. Повести нависанда А.Бухорӣ. 35. Амударё дар болообаш ин номро дорад. 36. Асари фантастикии А. Баҳорӣ. 37. Қутби шимол.
 
АЗ БОЛО БА ПОЁН: 
1. Даъво. 2. Писари Амир Темур, ки ҳокими Ҳирот буд. 3. Қаҳрамони достони «Ленин дар Помир»-и М. Миршакар. 4. Маҳаллаи ангиштканон дар ноҳияи Варзоб. 7. Шоири классики тоҷик, муаллифи асари «Ришнома» 8. Мустақилона. 9. Муаррих, файласуфи дарбори Сомониён, муаллифи асари «Калиди илмҳо» 13. Яке аз шоҳони давлати Ғуриён, ки соли 1330 ба тахт нишаста, 40 сол ҳукмронӣ кард. 14. Шаҳри Сосониён, ки дар он ҷой «Қалъаи духтарак»-ро сохта буданд. 15. … Муҳиддин, сарояндаи ансамбли «Гулшан» 16. Шоири классики тоҷик … Ансорӣ. 19. … Сироҷиддинова – сароянда. 20. Дини масеҳӣ. 23. Як қисми артиши Сомониён, ки аз туркзабонҳо ташкил карда буданд. 24. Кони нафт дар ҳудуди шаҳри Конибодом. 25. Капитани дастаи "Истиқлол". 29. Обанбор дар Истаравшан. 30. Маликушуарои дарбори Масъуди Ғазнавӣ. 31. Падари Ардашери Бобакон – асосгузори давлати сулолаи Сосониён. 33. …Масов, таърихшиноси тоҷик, академик.
 
Таҳияи Абдуҷалил ЮСУФОВ,
сокини шаҳри Ваҳдат
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
 
 
КОРРУПСИЯ
Дар Ветнам 21 ҳазор доллари ришва сари мансабдоронро мехӯрад
Агар дар Ветнам мансабдоре ба дуздӣ ё азхудкунии 500 миллион донг, баробар ба 21 ҳазор доллари амрикоӣ айбдор шавад, ӯро ҳабси абад ё ҳукми қатл интизор аст. Дар робита ба иҷрои ин муқаррарот ва, ҳамзамон, коҳиш додани мизони коррупсия дар мамлакат Ҳизби коммунисти Ветнам соли 2019-ро – Соли муборизаи пайваста ва қатъӣ алайҳи фасод эълон намуд. 
Вале, бо вуҷуди ин, аксар вақт мақомоти суд на ҳамаи порахӯронро ба ҷазои аъмоли худ мерасонад. Чунончи, собиқ вазири иттилооти кишвар Нгуен Бак Сон барои ришваситонӣ дар ҳаҷми се миллион доллари амрикоӣ танҳо ҳукми абад гирифт ва шариконаш аз 2 то 20 сол равонаи зидон шуданду халос.
Таҳияи Фаромарз РАҲМОНИЁН
 
 
 
 
ҚУДРАТИ ИНСОН
15. ЖАМЕЛ ДЕББУЗ 
Табиати инсонист, ки ҳамеша нафароне ёфт мешаванд ва мехоҳанд хати тақдири моро бо майлу хоҳиши худ рақам зананд. Бо даҳҳо далел, ки ғолибан содаву сохтаанд, моро бовар мекунонанд, ки ба чи коре қодирему аз уҳдаи иҷрои кадом кори дигар намебароем. 
Вале зиндагии Жамел Деббуз серталабтарин ҳунарманди маъюби фаронсавӣ чунин як муносибати тақдирсӯзро қотеона рад мекунад. 
Ин ҷавони шӯхтабиат ҳамагӣ 14 сол дошт, ки дасти росташ аз сабзиш мемонад. Вале бо иродаи қавию боварӣ ба худ ба тамоми олам исбот месозад, ки агар инсон ба худ бовар дошта бошад ва ба гапи дигарон гӯш наандозад, новобаста аз иллатҳои ҷисмонияш, ба қуллаҳое мерасад, ки пештар, ҳатто, тасаввур карда наметавонист ва орзуҳоеро амалӣ месозад, ки танҳо худаш ба онҳо бовар дошту халос.
Орзуи Жамели маъюб, ки ҳунарманди кино шуданӣ буд, ба тақдир тан надод, ба қавле сӯхт, то худро аз нав созад ва муваффақ ҳам шуд. 
Имрӯз ӯ на танҳо актёри оламгир, балки продюсеру шоумени маъруф аст. Дар як муддати кӯтоҳ иҷрои нақшҳои калидӣ дар филмҳое чун «Амели», «Астерикс ва Обеликс: Миссияи «Клеопатра»,«Астерикс дар бозиҳои олимпӣ» ба Жамел шуҳрати ҷаҳонӣ овардаанд. Миллионҳо мухлис, ки бесобиқа дӯсташ медоранд, ҳатто, аз маъюбияти ӯ хабар надоранд ва намедонанд, ки дасти рости ӯ, умуман, кор намекунад. 
Воқеан, барои муштоқони санъати кино муҳим ҳунари қаҳрамони мост, барои мо бошад, арҷгузорӣ ба қудрати шикастнопазири ӯ. 
 
Аз русӣ тарҷимаи Самад ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
 
КАШФИЁТИ НАВ
 
Замоне мӯд шуда буд, ки олимон беҳтарин кашфиётҳои худро ба номи дӯстону наздиконашон мегузоштанд. Химики машҳури швед Иоганн-Яков Бертселиус ҳам, бо мактуб аз шогирдаш хоҳиш менамояд, ки кашфиёти навбатияшро ба ифтихори дӯсти ӯ номгузорӣ кунад.
- Дӯстатон чӣ ном дорад, устод?
- Мигуэля Эрекокоексекохонерна.
- Эй Худо, талаффузи дурусти ин ном худаш кашфиёт аст-ку, устод!
 
Аз русӣ тарҷимаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
 
«ЧАШМИ БИНХАЙ»
КИТОБХОНАЕ, КИ ДАРМОНБАХШИ СОКИНОН ШУДААСТ
 
Дар шаҳри Тиянсзини Чин ширкати тарроҳии нидерландии «MVRDV» бо меъморони маҳаллӣ китобхонаи панҷошёнаи «Чашми Бинхай» (масоҳаташ 34000 мет-ри мураббаъ) сохтанд. Сабаби «Чашми Бинхай» ном гирифтанаш дар он аст, ки тарҳи бинои китобхона шабеҳи чашми инсон аст. 
Деворҳои китобхона бо равзанаҳои компютерӣ насб шудаанд, ки хонанда метавонад аз интернет истифода бурда, китобҳои лозимаро барои мутолиа пайдо намояд. Сокинони шаҳр мегӯянд, ки онҳо дӯстдори китоб набуданд, аммо баъд аз сохтани китобхона вақти холигияшонро бо мутолиа дар ин бинои хуштарҳ мегузаронанд. 
«Чашми Бинхай»-ро бархе аз бошандагон табобатхона ҳам, ном мебаранд, зеро онҳо дар дохили китобхона тамоми бемории баданро фаромӯш намуда, худро бо китобу китобхонӣ банд мекунанд. 
Таҳияи Шаҳноза САБУРОВА
 
 
 
 
АЗ ОЛАМИ ТЕХНОЛОГИЯ
Аввалин компютери электронии ENIAC беш аз 27 тонна вазн дошт ва масоҳати он 1800 метри мураббаъ буд, ки ҳоло дар чунин масоҳат метавон 3000 ноутбуки ҳозираро ҷой дод.
***
Аввалин  мушаки компютериро соли 1964 Дуг Энгелберт ихтироъ кард. Аҷибаш ин, ки маҳсулоте, ки  мушакро аз он тайёр намуд на металлӣ буду на пластикӣ. Ӯ мушакро аз дарахт омода намуд.  
***
Одам одатан дар як дақиқа 20 маротиба пилк мезанад, вале ҳангоми кор бо компютер танҳо 7 маротиба дар як дақиқа ин корро анҷом медиҳад.
***
Компютери воқеии Apple -1, ки дар гаражи Стив Ҷобс тобистони соли 1976 сохта шуда буд, соли 2014 ба маблағи 905000 доллари ИМА дар музояда фурӯхта шуд.
 
Таҳияи Оламбегими НЕКҚАДАМ
 
 
 
 
ТАВСИЯ
ЧӢ ГУНА АЗ ТАНБАЛӢ РАҲО ЁБЕМ?
 
13. ИСТИФОДАИ ВАҚТРО ОМӮЗЕД
 
Корҳои худро ба бахшҳои хурд тақсим кунед, то ба сомон расондани онҳо содатар гардад. Дар ин ҳол тарси шумо аз оғози амал кардан камтар мешавад ва имкон пайдо менамоед, ки корҳоро дар ҷой ва вақти худ анҷом диҳед, аз кам будани вақт камтар нолед.
Ба шеваҳои номуносиб истифода бурдани вақт надоштани барномаи мушаххас ошуфтагӣ эҷод мекунанд ва дар ин ҳолат мағзи сар қудрати мудирият ва тасмимгириро аз даст медиҳад.
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
 
ДАҲ ҚОИДАИ НӮШИДАНИ ЧОЙ
ЧОЙИ ДИРӮЗМОНДА АЗ ҶАВҲАР ВА ФТОР БОЙ МЕГАРДАД
Чойи аз рӯзи гузаштамондаро нанӯшед. Дар ин гуна чой баробари нобуд гаштани моддаҳои фоидабахш пайдоишу афзоиши ҳашароти зараровар эҳтимол дорад. Лек дар хотир доред, ки чойи дирӯзмонда аз ҷавҳар ва фтор бой мегардад, онро барои табобати узвҳои беруна истифода бурдан мумкин аст. 
Аз ҷумла, табибон онро воситаи хубе барои боздоштани хунравӣ медонанд ва барои чалқондани даҳони шамолкашида ва шифо бахшидан ба дарди забон тавсия медиҳанд. 
 
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
 
 
 
 
МУЪҶИЗАҲОИ ВАРЗИШ
«ҶАНОБИ YOUTUBE MAN»
НАЙЗАПАРТОЕ, КИ БО «МУРАББИГИ»-И ЮТУБ ҚАҲРАМОНИ ҶАҲОН ШУД 
Ҷулиус Йего (4 январ 1989, Кения) айёми наврасӣ ба варзиши найзапартоӣ машғул гардида, аз ноилоҷӣ бе мураббӣ тамрин мекард. Ба қавле Ютуб «мураббӣ»-яш шуда буд. Тариқи ин сомона наворҳои найзапартоёни машҳури ҷаҳон Ян Железни (Чехия, се карат қаҳрамони олимпӣ) ва Андреас Торкилдсен (Норвегия, ду карата қаҳрамони олимпӣ)-ро тамошо карда, маҳорат сайқал медод. Аллакай, дар 14-солагӣ ғолиби мусобиқаи минтақавӣ гардида, пас аз ду сол рекорди ҷумҳуриявӣ гузошт. 
Сар аз соли 2010 «даврони тиллоӣ»-и корномаи варзишиаш оғоз ёфт. Ӯ ду бор чемпиони Африқо (2012, 2014), ғолиби Бозиҳои умумиафриқоӣ (2011) ва Бозиҳои Иттиҳод (2014) гардид. Ҷулиус соли 2015 қаҳрамони ҷаҳон шуда, рекорди шахсиашро (92,72 метр) гузошт ва аввалин варзишгари Кения гашт, ки дар чемпионати ҷаҳон дар риштаи варзиши техникӣ пирӯз шуд. Инчунин, барандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро – 2016 мебошад. 
Дар Кения Ҷулиус Йегоро «Ҷаноби YouTube man» меноманд. Вай то ҳол бе мураббӣ, яъне мустақилона машқ мекунад.
 
Таҳияи Маҳмуд БАҲРОМ
 
 
 
 
ҚАТРАЕ АЗ БАҲР
 
Агар чизеро ба касе исбот менамоед, пас ба хотири касе зиндагӣ мекунед, ки мехоҳед онро исбот кунед. Агар барои худ зиндагӣ кунед, пас ба касе чизе исбот намудан лозим нест.
***
Мантиқи мард ё зан вуҷуд надорад, қобилият ё нотавонии дуруст фикр кардан ҳаст.
 
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
 
 
 
ПАНД АНДАР ПАНД
 
Яке аз роҳҳои хушбахтӣ ин аст, ки нисбат ба кӯчактарин неъматҳо шукргузор бошем.
***
Парасторӣ аз падару модар зеботарин ва пурарзиштарин замони зиндагӣ аст.
***
Афтодан дар гилу лой нанг нест, нанг дар ин аст, ки он ҷо бимонӣ.
***
Бо гиря ба дунё меоӣ, аммо чунон зиндагӣ кун, ки бо ханда аз дунё биравӣ. 
***
Нишони дӯсти неку он аст, ки хатои туро пӯшонад, туро панд диҳад ва розатро ошкор насозад. 
 
Таҳияи Умар АЛӢ
 
 
 
АСРОРИ ЭҲСОНКОРИИ ГАДОМАРД
Муддати чанд сол мешавад, ки бобо Ғамхор 10 км роҳро пиёда тай намуда, то собори (калисои ҷомеи) Александр Невскии муқаддас барои пурсиши қути лоямут аз раҳгузарон меояд.
Чанде қабл як рӯзноманигор собори Александр Невскийро филмбардорӣ намуда, иттилоеро дарёфт, ки боиси тасхири тамоми олам гардид. Маълум шуд, ки эҳсонкории хусусии басо калон -  40 000 евроро дар тули мавҷудияти собор на соҳибкорони сарватманд ё сиёсатмадорон, балки бобо Ғамхор анҷом додааст.
Ин пирмарди 99 - сола аз деҳаи Баиловои назди пойтахт, шаҳри София бо тахаллуси Ғамхор маълуму маъруф аст. Нафақааш, ки 100 евро аст барояш басанда мебошад. Дар хонааш ашёи зиёдатӣ надорад ва рӯи кати сахти чӯбин  мехобад. Рӯзе ду – се помидор ва пораи нон истеъмол менамояд. Бобо Ғамхор ҳеҷ гоҳ худро таъриф намекунад ва дар бисёр корҳои хайру эҳсонкории диёраш, аз ҷумла хона – интернати кӯдакони бепарастор, саҳми шоиста гузоштааст. 
 
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
 
КӮДАК ВА ДОРОИИ ҶАҲОН
КАДОМЕ МУҲИМТАР?
 
Сарватманде, ки симу зарашро шуморе набуд, ба зиндон афтод. Соле гузашту ба кишвардор ба ин мазмун муроҷиатнома навишт: «Маро озод кунед. Бар ивази ин розиям, ки тамоми дороӣ, қасру кошонаҳо, тангаву тиллоҳои худро ба давлат биспорам».
Мақомдорон ба зудӣ ба маҳбус посух надоданд. Вақте аз байн як сол гузашту онҳо розигӣ доданд, марди сарватманд гуфт: «Ҷавоби шумо дигар барои ман аҳамият надорад. Замоне озодӣ хостам, ки нав фарзанддор шуда, аз рӯзи аввал тарбия карданаш мехостам. Ҳоло дигар дер шуд».
 
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
 
 
 
 
 
СЕРБИНАНДАТАРИН МАВЗЕЪҲОИ САЙЁҲӢ
БОҒИ ФАРОҒАТИИ  «САЛТАНАТИ СЕҲРНОК» (ОРЛАНДО, ФЛОРИДА, ИМА)
 
Уолт Дисней калонтарин аз ҷиҳати масоҳат ва сербинандатарин маркази фароғатӣ буда, 4 боғи мавзуиро дар бар мегирад. Яке аз онҳо «Салтанати сеҳрнок» мебошад, ки дар Орландои Флорида ҷойгир аст. Он ба қаҳрамонҳои афсонаҳои диснейӣ бахшида шудааст. 
Соли 2015 боғро 20,49 миллион нафар дидан кард. Тасодуфӣ нест, ки он, аллакай, чандсолаҳо дар сархати боғҳои мавзуии сербинандатарин қарор мегирад. Саргузаштҳои ҳаяҷонбахш, сайругашт дар пайроҳаҳои пурасрор ва вохӯрӣ бо қаҳрамонҳои Дисней ҷолибияти афсонавиро эҷод мекунанд. 
 
Таҳияи Шаҳноз ҚУРБОН
 
 
 
Навраси 11-сола ҳар рӯз ба 200 эҳтиёҷманд ғизо медиҳад
Сокини 11-солаи шаҳри Миссисогии Канада Райён Ҳусейн дар моҳи Рамазон ҳар рӯз барои 200 нафар ғизо пухта, онро ба паноҳгоҳи бонувони «Nisa Homes», «Sakeenah Homes», гурӯҳи тақсимоти озуқавории ASK Foundation ва масҷиди Muslim Neighbour Nexus мебарад. Тибқи иттилои нашрияи «Toron to Sun», Райён ду сол пеш хӯрокпазиро аз бибиаш омӯхтааст.
- Маро, асосан, бибиам нигоҳубин мекард. Аз ин рӯ, ҳамроҳашон аз хамир нону кулчақанд ва ҳар гуна ғизо мепухтам. Реза кардани меваю сабзавотро дӯст медоштам,- гуфтааст Райён Ҳусейн.
Ӯ дар синфи 6 таҳсил карда, пас аз дарс табақча мефурӯшад. Аз маблағи ҷамънамудааш маҳсулот харида, барои ифтор ғизо тайёр мекунад.
 
Таҳияи Нигина РАҲМОН
 
 
 
ДАРГУЗАШТИ  КУҲАНСОЛТАРИН ЗАНИ ҶАҲОН
Канэ Танака, зани куҳансолтарини дунё, дар 120 - солагиаш дар Ҷопон даргузашт. Танака аз рӯи дарозумрӣ вориди Китоби рекордҳои Гиннесс шуда, солмандтарин инсон ба шумор мерафт. Ӯ 2 январи соли равон 119 -  солагияшро таҷлил намуда буд. Санаи таваллуди Танака 2 январи соли 1903 сабт гардидааст. Бар асоси ҳолнома, ӯ кӯдаки норасид таваллуд шуда, шири мураббияро хӯрдааст.
Канэ дар тули ҳаёташ солиёни зиёд дар мағозаи фурӯши нонҳои биринҷӣ кор кардааст, ки ҳанӯз то Ҷанги дуюми ҷаҳон кушода шуда буд. Баъди нафақа борҳо ба кишварҳои дигар, аз ҷумла ИМА, сафар карда, аз соли 2005-ум дар хонаи пиронсолони Фукуока зиндагӣ намудааст.
Дар мавриди тарзи ҳаёти ин зани солманд гуфта мешавад, ки одати барвақт аз хоб хестанро доштааст. Инчунин, бозии реверси ва дигар бозиҳои рӯимизиро дӯст медошт ва аз ширинӣ парҳез намекардааст. Ӯ  дар феҳрасти асрори дарозумрияш изҳор дошта буд, ки оила, умед, хоби солим ва парҳезкорӣ ба афзоиши умри ӯ сабаб шудааст.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
 
МУҲИМТАРИН ДАСТОВАРДИ ИЛМӢ
 
Ниҳоят баъди садсолаҳо олимон асрори дарозумрии ҷайраи адириро кашф карданд. Маълум шуд, ки ин ҷонвараки беозор на сир доштасту на умри дароз.
 Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
МАЪРУФТАРИН ОЛИМОНИ  ТАЪРИХИ БАШАРИЯТ
КАРЛ ЛИННЕЙ 
(С. 1707 – 1778)
Карл Линней биологи шведиест, ки ба шарофати ӯ илми ботаника дар фаҳмиши муосир арзи вуҷуд кардааст. Падари Линней ходими калисо буд ва, ҳамзамон, ба рустанипарварӣ шуғл дошт, ки он боиси пайдо шудани муҳаббати писараш ба табиат гардид. Ҳатто исми хонаводагии онҳо дар тарҷума аз лотинӣ маънои дарахти зерфунро дорад. 
Линней ҳангоми таҳсил дар Донишгоҳи Лунд ба классификатсия ҷудо нашудани олами наботот ва ҳайвонотро ошкор намуд. Ин ба он оварда расонд, ки ӯ системаи хешро коркард намуд ва он дар оянда асоси илми табиатшиносӣ гардид.
Дастовардҳои «падари ботаника» инҳоанд: рӯйхати 1500 намуд рустаниҳо, тақсими ин рустаниҳо ба 24 синф ва таъсиси системаи муназзам, пешниҳоди таснифи олами наботот ва ҳайвонот тариқи зот ва намуд ҷиҳати ба роҳат истифода бурдан дар забони лотинӣ, тасдиқи намудҳои гузарандаи махлуқоти зинда ва рустаниҳо.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.04.2022    №: 83    Мутолиа карданд: 1881
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед