logo

иҷтимоиёт

ГӮШТИГИР. ДАР БОРАИ МУҲАММАДШАРИФ НАҶМИДДИНОВ, КИ РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ ДОРАД

Варзиш дунёест, ки дар он мағлубияту пирӯзӣ, нокомиву шодмонӣ ҳамқадаманд. Дар радифи ин ҳақиқати дигаре низ вуҷуд дорад, ки варзиш гарави саломатист. Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ гӯштигирони мо ба дастовардҳои шоён муваффақ шуданд, ки боиси ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонист. Муҳаммадшариф Наҷмиддинов аз зумраи онҳо мебошад. 
 
Мавсуф аз хурдсолӣ ба варзиш меҳри беандоза дошт. Аз ҳаштсолагӣ ба толори хурди зодгоҳаш рафта, ба омӯхтани нозукиҳои гӯштии самбову дзюдо шуруъ кард. 
Абдуқодир Зокиров, мураббии нахустинаш, ки устоди сахтгир аст, дар машқҳо ба ӯ ва шогирдони дигар маҳорат меомӯхт ва пайваста малакаву ҳунари гӯштигириашонро такмил медод, ба умеде, ки фардо онҳо номбардори кишвари хеш гарданд. Албатта, рӯзҳои аввал тамрин барояш осон набуд, ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ мегардид. Қатъи назар аз ин, Муҳаммадшариф сидқан машқ карда, мекӯшид, ки дар байни дигарон намуна бошад. Машқҳои пайваста зӯру тавонашро қавӣ ва маҳораташро баланд намуда, то ба дараҷаи устодӣ расонданд. Акнун муваффақиятҳо пайваста насибаш мегаштанд. Ӯ тамоми комёбиҳояшро, пеш аз ҳама, ба заҳмати устодонаш Абдуқодир Зокиров ва Рауф Ҳукуматов мансуб медонад. 
– Соли 2017 бори аввал дар Мусобиқаи байналмилалӣ байни ҷавонон оид ба гӯштии самбо, ки дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек баргузор гашт, сазовори медали биринҷӣ шудам. Баъд аз ин, соли 2019 дар шаҳри Тирмизи Ӯзбекистон ғолиби мусобиқаи Осиё аз намуди гӯштии кураш   ва моҳи октябри ҳамон сол бошад, дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо байни ҷавонон (шаҳри Тошканд) барандаи медали тилло гаштам. Ҳар варзишгар орзу дорад, ки дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ парчами кишвараш парафшон гардад.  Вақте ки дар ин мусобиқа Парчами Тоҷикистон дар байни беш аз 45 кишвар дар сатри аввал буд, маро ҳисси ифтихор  фаро гирифт, ки онро танҳо ҳар варзишгар метавонад фаҳмад, – иброз дошт Муҳаммадшариф.
Устоди аввали ӯ Абдуқодир Зокиров зимни суҳбат гуфт, ки дар баробари ҳамаи комёбиҳояш Муҳаммадшариф хоксор аст. Ҳамеша мекӯшад бо одамон ҳалиму меҳрубон бошад, ки ин, албатта, обрӯяшро боз ҳам баландтар мебардорад. Аз ин лиҳоз, мардуми деҳа ӯро эҳтиром мекунанд. Бо бовар метавон гуфт, ки Муҳаммадшариф ифтихори кишвари мост. 
Як нукта боиси зикр аст, ки бештари мухлисони риштаи гӯштӣ Муҳаммадшариф Наҷмиддиновро бо тахаллуси «Хирс» мешиносанд. Вақте дар бораи ин варзишгар аз ҳамдеҳагонаш пурсон шудем, аксарият вайро бо чунин ном мешинохтанд. Мардуми деҳа ва худи паҳлавон мегӯянд, ин тахаллусро “бибияш” ва сокинони деҳа ба ӯ додаанд. Зеро Муҳаммадшариф дар тамринҳову мусобиқаҳои саҳроӣ овози худро ба овози «Хирс» монанд менамуд ва ҷаҳду талошҳояш дар майдон ба сони «Хирс» буд, аз ин рӯ, ӯро чунин ном мебаранд. 
Барои дастовардҳои варзишӣ Муҳаммадшариф Наҷмиддинов соли 2019 бо унвони Устоди дараҷаи байналмилалӣ оид ба самбо мушарраф гардид. Ҳамчунин, Устоди варзишии Тоҷикистон аз намуди дзюдо ва самбо аст. Ӯ чемпиони беш аз 15-карата байни наврасон ва калонсолон дар Тоҷикистон дар намуди самбо, дзюдо ва миллӣ, вазнҳои 73, 74 ва 75 килограмм мебошад.  
 
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.05.2022    №: 84    Мутолиа карданд: 383
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед