logo

иқтисод

ВАНҶ. ЗИНДАГӢ РАНГИ ТОЗА МЕГИРАД

Раиси ноҳияи Ванҷ Одинашо Мардзода дар ҷаласаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия натиҷаҳои   рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии самтҳои гуногуни хоҷагии халқро таҳлил намуда, зикр   кард, ки бо мақсади амалисозии нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоикистон» зикр гардидаанд, идораву муассисаҳо корҳои муайянеро ба сомон расонданд. 
Бо мақсади омӯзиш ва фаҳмондани мазмуну муҳтаво ва нуктаҳои асосии ин ҳуҷҷати тақдирсоз корҳои таблиғотию ташвиқотӣ бурда  шуданд. Ҳамчунин, вохӯрии раиси ноҳия  дар  шаш ҷамоати деҳот  баргузор гашт.  
Яке аз чорабиниҳои муҳиме, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ ба иҷро расонд, амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбӣ, ки муҳлати муқарраргардидаи хизматро  адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвардони солҳои таваллуди 1995-2004 ба хизмати ҳарбӣ” мебошад. Натиҷаи дуруст ба роҳ мондани тарбияи ҳарбию ватанпарастии байни ҷавонон  мебошад, ки  нақшаи даъвати баҳории наваскарон  дар рӯзи якуми даъват сарбаландона  иҷро гардид.
  
ДАР ИҶРОИ ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИИ ҲУКУМАТИ КИШВАР
Дар   пиёда  намудани чор ҳадафи муҳими стратегӣ: аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар, ба истиқлолияти энергетикӣ расидан, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии мамлакат  пешравиҳо ба назар мерасанд. Дар фосилаи кӯтоҳ ба деҳаи Зайчи водии Язгулом  роҳи мошингард дар масофаи нуҳ километр сохта шуд. Бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия аз ҷониби Вазорати нақлиёт техникаи нав гирифт.
Дар раванди  сарфа ва оқилона истифода бурдани неруи барқ, кам кардани талафоти он  ҷиҳати ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ дар ноҳия чораҳои мушаххас андешида шудаанд. Аз ин рӯ, таъминоти аҳолӣ бо барқ сол аз сол беҳтар мегардад.
Дар ин давра хати интиқоли барқи 35 кВт дар масофаи 27 километр аз деҳаи Техарв то Ҷамоати деҳоти Рованд сохтаву 22 зеристгоҳи трансформатори 35 кВт насб гашт. Дар Ҷамоати деҳоти Язгулом аз деҳаи Жамак то деҳаи Зайч дар масофаи 9 километр хати интиқоли барқи 10 кВт ва хати интиқоли барқи баландшиддати 35 - киловолтаи Дашти Язгулом- Даштак дар масофаи 22 километр кашида шуданд. Акнун саросари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо занҷири ягонаи барқи Тоҷикистон пайваст гардид. Дар ин давра талафоти неруи барқ  8 фоиз коҳиш  ёфт.
Дар иҷрои ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумат яъне саноатикунонии мамлакат низ дар ноҳияи Ванҷ пешравиҳои намоён ба назар мерасанд. Корхонаҳои хиштбарорӣ, дару тирезаҳои пластикӣ, асфалт, сангмайдакунӣ, коргоҳҳои оҳангарӣ, чӯбу табақу қошуқтарошӣ, истеҳсоли равғани ангат, коркарди меваву сабзавот  дар семоҳаи аввали соли равон низ  маҳсулот истеҳсол  карданд.  Корхонаи дӯзандагии  “Нури бахт” то охири соли равон аз нав ба кор дароварда мешавад.
     
ВУСЪАТИ БАЛАНДИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ, БУНЁДКОРӢ ВА СОЗАНДАГӢ
Як нуктаро бояд зикр кард, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” як қатор корҳоро ба анҷом расондааст. Дар ин самт чорабиниҳо оид ба вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ таҳия ва тасдиқ гардид, ки аз 61 банд иборат буда, ба масъалаҳои рушди инфрасохтори деҳот ва фароҳам овардани шароити созгор барои аҳолӣ то соли 2026 диққати ҷиддӣ дода, 69 иншооти гуногуни таъиноти иҷтимоӣ-иқтисодӣ бунёд мешавад. Ҳоло дар 48 иншоот корҳо бомаром идома доранд. Сокинон бо дилгармӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ ба амалҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва созандагӣ машғул мебошанд.
 
ДАР РУШДИ   СОҲАИ КИШОВАРЗӢ
Ванҷ ноҳияи кишоварзист истифодабарии оқилонаи заминҳои  хоҷагиҳои деҳқонӣ,  хусусӣ, инчунин, президентӣ, наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони идораву муассисаҳо таҳти назорати доимӣ қарор дорад. Тибқи дурнамо майдони киштзорон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 1496 гектарро ташкил медиҳад. Кишоварзон дар асоси талаботи агротехникӣ дар майдони 145 гектар кишти гандуми тирамоҳӣ гузаронданд, ки айни замон ҳолат ва сабзиши зироат муътадил аст. 
Дар хоҷагиҳои деҳқонӣ,  хусусӣ  ва дигар шаклҳои хоҷагидорӣ имсол  дар  488 гектар  зироатҳои ғалладонагӣ, 477 гектар картошка, 188 гектар сабзавот ва 254 гектар зироатҳои хӯроки чорво кошта мешаванд. Аввали фасли баҳор  хеле сербориш  ва сард омад ва  мавсими киштукор каме ба таъхир афтод, аммо аз  даҳрӯзаи сеюми моҳи март ҳаво гарму бебориш асту маъракаи кишт ва ниҳолшинонӣ суръати баланд пайдо карда, дар минтақаҳои поёнии ноҳия қариб ба анҷом мерасад. Мавсими ниҳолшинонӣ низ то охири  моҳи апрел давом меёбаду бештар аз 50 ҳазор ниҳол шинонда мешавад.
Алҳол  дар хоҷагиҳои ноҳия  16604 сар ҳайвони калон, 40121 сар  моли майда, 40610 сар паранда ва 1015 оилаи занбӯри асал мавҷуд мебошад. Имсол қариб 1900 сар гӯсола ва  бештар аз 4000  сар барра ва бузғола   насл гирифта шудааст, ки нисбат ба  ҳамин давраи соли гузашта зиёдтар  аст.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.05.2022    №: 84    Мутолиа карданд: 1148
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед