logo

иҷтимоиёт

ВАХШ. МАШЪАЛИЁН 50 СОЛ БОЗ АЗ ОБ ТАНҚИСӢ МЕКАШАНД

Оре, об манбаи ҳаёт ва захираи бузургест, ки зиндагиро таровати тоза ва муҳитро сарсабзию хуррамӣ мебахшад. Ҳастии ҳама мавҷудоти зинда  ба об вобаста аст. Махсусан, инсоният ба оби ошомиданӣ эҳтиёҷи аввалиндараҷа дорад. Дар пойтахт бароҳат аз ҷумакҳо оби тозаи ошомиданӣ истеъмол мекунем, аммо дар хаёли бисёриҳо намеояд, ки дар баъзе деҳотҷойҳо сокинон аз беобӣ чи ранҷ мекашанд. Мутаассифона, бисёр деҳоти ҷумҳурӣ аз ин неъмати қиматбаҳо маҳруманд. 
Деҳоти Машъали ноҳияи Вахш аз ҷумлаи онҳост. Солҳост, ки аҳолии ин минтақаи баландкӯҳ аз норасоии об танқисӣ мекашад. Набудани оби нӯшоӣ ва ҳам полизӣ ин ҷо аз канор баръало эҳсос мешавад: майдони кушоду барҳаво, вале хушку бедарахт. Танҳо дарахтони пистаю бодом - хоси табиати гарму майдонҳои васеъ доман паҳн карда, сокинонро аз  меваи серғизои худ баҳравар мегардонанд.
Аммо дар ин ҷо, муҳимтар аз ҳама, об нест, беш аз 100 хоҷагӣ аз масофаи то 35 километр бо аробаю мошин ва бо сарфи қувваю вақти зиёд об мекашонанд. Тавре маълум гардид, ба аҳолии ҷамоати мазкур барои то дари хона овардани об идораҳои алоҳида хизмат мерасонанд, вале арзиши он барои се тонна 350 сомонӣ мебошад, ки на ҳама деҳотиён тавони ҳармоҳа ё ду моҳ пас имконияти харидани онро доранд. 
Бино ба гуфтаи Заррагул Ҳайдарова, сокини деҳаи Пистазори деҳоти Машъал, вазъи норасоии об дар фасли зимистон мушкилтар мешавад. Роҳҳои ҳанӯз таъмирталаби деҳа, ки дар сардиҳо рафтуомадро боз ҳам душвор месозанд, дастрасӣ ба обро ғайриимкон мегардонанд. Аз ин рӯ, сокинон то моҳҳои апрел - май барои нӯшидан ва корҳои рӯзгор оби барфу боронро тавассути новаҳо дар зарфҳо ҷамъ меоваранд. Вале имсол бинобар камбориш омадани ҳаво мардуми ин деҳот ба қадри кофӣ оби борон захира карда натавонистанд.
Ягона даромади сокинон чорводорист. Онҳо баҳри ҳифзу нигоҳубини чорвои хонагиашон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Аммо беборишии имсола ба чорводории машъалиён зарбаи сахт зад. Деҳоти Машъал маҳз дар натиҷаи солҳои пеш ҳамчун макони чорвочаронӣ  интихоб  гардидан, бунёд  шудааст.  Аз ин  ҳисоб  деҳоти  мазкур  аз маркази  ноҳия дур  ва  релйефаш  барои  гузарондани хати лӯлаи об номувофиқ ҷойгир мебошад. Аммо ба ин нигоҳ накарда, маркази ҷамоати деҳот ва се деҳаи дигар, аз ҷумла деҳаи Сечашма, бо лӯлаи обгузар таъмин гардидаанд. Дар деҳаи Сечашма, ки оби нӯшоӣ аз обанбори Сангтӯда кашонда мешуду сокинони деҳаҳои боло аз он истифода мебурданд, алҳол аз сабаби корношоям гаштани лӯлаҳо об сари вақт дастрас нест. Деҳаҳои боқимонда, ба монанди Офтобрӯя, Иттифоқ, Дӯстӣ, Пистазор, Гули Бодом, Дарвоза ва амсоли инҳо тамоман беобанд. Ба қавли бошандагони деҳаҳои номбурда, зиёда аз 50 сол мешавад, ки онҳо аз ин неъмати бебаҳо бенасибанд. Қисми бештари даромади моҳонаи онҳо барои харидани оби ошомиданӣ сарф мешавад. 
Мавриди зикр аст, ки бинобар дар чуқурии то 200 метр ҷойгир будани оби ширини зеризаминӣ сокинон бо кандани чоҳҳо танҳо оби шӯр бароварданд. Роҳи ҳалли масъала, ба андешаи сокинон ин аст, ки масъулони ноҳияи Вахш бояд бо ҷалби соҳибкорони ватандӯст, ҳамчунин, шахсони саховатпешаи ноҳия бо кофта баровардани оби ширини зеризаминӣ ба мушкили беобӣ хотима бахшанд. Ин ва дигар роҳҳои ба ҷойи мушкилгузар гузарондани лӯлаи обгузар, албатта, ҳаст. Ба деҳаи Сечашма низ қаблан гузарондани лӯла  ғайриимкон буд, вале “ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад...” гуфтанд, ки  шуд.  
Ҳоло дар деҳоти Машъали ноҳияи Вахш қариб ҳама соҳаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ бо бунёди иншооти наву замонавӣ пеш рафта истодаанд. Вале муҳимтарин масъала – таъминоти аҳолӣ бо об нуфузу эътибори ноҳияро поин мебарад. Бинобар ин, масъулони соҳаро зарур аст, ки ҷиҳати ҳалли саривақтии масъала тадбирҳои қатъӣ андешанд. Инчунин, барои ба рӯзноманигорон пешниҳод кардани маълумоти дақиқу равшан оид ба корҳои анҷомдода дар самти обтаъминкунӣ, масъулияти бештар эҳсос намоянд.
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият” 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.05.2022    №: 84    Мутолиа карданд: 1954
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед