logo

иҷтимоиёт

ХАТЛОН. АВЛАВИЯТ БА ВАЗЪИ БЕҲДОШТӢ

Мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон дар зарфи се моҳи соли равон баҳри муътадил нигоҳ доштани вазъи санитарию-гигиенӣ ва эпидемиологии вилоят як қатор тадбирҳои судмандро роҳандозӣ кардаанд. Дар бобати чораҳои татбиқшуда, суҳбате доштем бо сардори ин Марказ Нурулло Бояков, ки  фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем.
- Баҳри таъмини ҳифзи сиҳатӣ ва амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ 25 маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳрию ноҳиявӣ ва 2 маркази вилоятӣ дар шаҳрҳои Бохтару  Кӯлоб фаъолият доранд. 
Давоми 3 моҳи соли 2022 таҳлилу омӯзиши вазъи эпидемиологии бемориҳои сироятӣ  муайян намуд, ки дар натиҷаи гузарондани маҷмуи чорабиниҳои пешгирию ташхисӣ ва маҳдудкунонӣ бемориҳои сироятии вабо, тоун, табби хунин, домана, вараҷа, ҳорӣ, оташак, бемориҳои сироятии тавассути ваксина идорашаванда, аз ҷумла гулузиндонак, кузоз, фалаҷи ҳароммағз, ба қайд гирифта нашудааст. Бемориҳои сироятии  шадиди рӯда,   зарпарвини намуди “А”, оташак ва осебдидагон аз ҳайвонҳо дар  муқоиса ба ҳамин давраи соли 2021  кам  гардидааст. 
Оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, риояи гигиенаи шахсӣ, истифода аз маводҳои фардии худмуҳофизатӣ чорабиниҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят вусъат ёфта, мутахассисони соҳаи санитарию эпидемиологӣ тавассути телевизиону радио 12 маротиба баромад  ва 6 мақола ба рӯзномаю маҷаллаҳо пешниҳод намудаанд. Ҳамзамон, аз ҷониби кормандони соҳа дар рафти гузарондани таҳлили эпидемиологӣ ва чорабиниҳои беҳдоштӣ дар манбаъҳои беморӣ ва минтақаҳои осебпазир, бо аҳолӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ суҳбатҳо гузаронда шуда, корҳо дар ин самт идома доранд. 
Аз тарафи мутахассисони МНДСЭ-и вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳо  давоми 3 моҳи  ҳисоботӣ дар иншоотҳои зериназоратӣ оид ба риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ 1619 санҷиш гузаронда шудааст. Барои риоя нагардидани талаботи санитарию эпидемиологӣ ба 1029 нафар протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи умумии 209 ҳазору 970  сомонӣ ҷарима баста шудааст. Ҳамчунин, фаъолияти 102 иншоот, бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи санитарию гигиенӣ муваққатан  боз дошта  шудааст. Бинобар сари  вақт  нагузаштан, аз  муоинаи  тиббӣ 21 корманд  аз  кор  барканор  карда  шуд.
Дар рафти санҷишҳо аз дукону мағозаҳои фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, бозорҳо ва нуқтаҳои савдои шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби мутахассисон тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.08.2012, № 890 “Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ” маҳсулотҳои хӯроквории пастсифат, аз қабили гӯштию ширӣ, қаннодӣ, тухм, равғани рустанӣ, нӯшокиҳо ва ғайраҳо, ба миқдори 3740 кг/л, ба маблағи 40684 сомонӣ маҳсулоти хӯроквории  пастсифат ва муҳлати истеъмолаш гузашта, аз  муомилот гирифта шудааст. 
Сарфи назар аз мушкилоти мавҷуда мутахассисони соҳа баҳри таъмини   амнияти санитарию эпидемиологӣ, дар самти пешгирии бемориҳои сироятӣ, заҳролудшавӣ аз маҳсулотҳои пастсифат ва риояи  меъёрҳои санитарию гигиенӣ кӯшиш ба харҷ дода, баҳри ҳифзи сиҳатии аҳолӣ тамоми имкониятҳоро самаранок  истифода бурда истодаанд. 
 
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.05.2022    №: 84    Мутолиа карданд: 670
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед