logo

иқтисод

ВМКБ. ГОМҲОИ УСТУВОР ДАР РОҲИ САНОАТИКУНОНӢ

Соли гузашта 70 дарсади ҳаҷми умумии буҷаи ноҳияи Дарвоз аз ҳисоби сарчашмаҳои дохилӣ таъмин гардидааст. Интизор меравад, ки давоми соли равон ноҳия пурра худкифо мегардад. Ҳиссаи зиёди воридот ба буҷа, асосан, аз ҳисоби фаъолияти конҳои тилло, корхонаҳои  коркарди санги мармар, дӯхти либосҳои мактабӣ, истеҳсоли қувваи барқ, масолеҳи сохтмон ва маводи антисептикӣ дар минтақа мебошад. Дар ин бора Ҳабиб Чоршанбеев, сардори шуъбаи саноат, энергетика ва нақлиёти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, ба рушди фаъолиятҳои иқтисодии вилоят, аз ҷумла ноҳияи Дарвоз, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асос гузошта, эълон гардидани Солҳои рушди саноат дар кишвар ин равандро боз ҳам таҳким бахшид.
Соли 2021 дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръат дар деҳаи Дуробаки ноҳия бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду корхонаи истеҳсолӣ мавриди баҳрабадорӣ қарор гирифт. Корхонаи «Карон пласт» бо истифода аз технологияи муосир ба истеҳсоли лӯла ва дару тирезаҳои пластикӣ ихтисос дода шудааст. Корхонаи «Таҷ-эт» бошад, ба бандубасти маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла лӯбиё, нахӯд, мош, макарон ва биринҷ, махсус гардонда шуда, дар ин ҷо дар як моҳ то 500 килограмм ва як сол то 6 ҳазор тонна маҳсулоти хӯроквориро бандубаст менамоянд.
Дар маҳали Равноби ноҳия яке аз конҳои калонтарини ангишти хушсифати кишвар ҷой гирифтааст. Роҳбарияти вилоят ва ноҳия ҷиҳати ҳарчи зудтар мавриди истифода қарор додани коргоҳи кони ангишти “Равноб”, ки дар таъмини вилоят бо ангишти арзону афзоиши воридоти даромад ба буҷа саҳми босазо мегузорад, тадбирҳои муассир меандешанд. Ин тадбирҳо имкон медиҳанд, пас аз шаҳри Хоруғ, ки аз рӯи воридоти пардохтҳои дохилӣ ба буҷа худкифо мебошад, ноҳияи Дарвоз низ ба марҳилаи худкифоӣ бештар наздик шавад. 
Мурғоб воҳиди маъмурии дигари вилоят аст, ки ҷиҳати сохтмону ба кор андохтани корхонаҳои саноатӣ ва дар ин замина, дар роҳи таъмини худкифоӣ имкониятҳои бештарро доро мебошад. Ин ноҳияи баландкӯҳ ҳанӯз дар даврони Иттиҳоди Шуравӣ аз лиҳози захираҳои бузурги зеризаминӣ, мисли тилло, нуқра, қӯрғошим, металлҳои камёфти волфрам, талк, тантал, литий, бор «хазинаи тиллоӣ» ном гирифтааст. 
Бо тараққӣ ёфтани техникаҳои кайҳонӣ ва пеш омадани ниёз ба металлҳои нодир қарор буд, ки дар маҳали Акархари ин ҷо барои истеҳсоли маъдани бор ва дигар намуди металлҳои камёфт корхонаи маъдансофкунии иборат аз шаҳраки алоҳида барои 5 ҳазор коргару мутахассис бунёд ёбад. Вале ҷиҳати талаботи зиёд ба маблағ, дурии роҳ ва кашф гардидани кони маъдани бор дар дигар ҷойҳо фаъолсозии корхонаи истеҳсолии маъдансофкунӣ дар Мурғоб мавқуф гузошта шуд. Вале тавре коршиносон таъкид мекунанд, бо афзоиши ниёзи шадид дар ҷаҳон ба металлҳои нодир захираҳои Мурғоб мавриди таваҷҷуҳи афзоянда қарор доранд ва бо вуҷуди масрафи зиёд сармоягузори худро пайдо менамоянд.
Таъсиси нахустин корхонаи коркарди маъдан дар кони “Якҷилва”-и Мурғоб исботи ин гуфтаҳост. Дар кони мазкур ширкати чинӣ фаъолияти мавсимӣ дошта бошад ҳам, бештар аз 200 сокини маҳаллӣ дар ин ҷо бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мебошад. Давоми соли гузашта дар кони нуқраи “Якҷилва” ба маблағи 54 миллион сомонӣ корҳои истихроҷи маъдан анҷом дода шуда, ба буҷаи ноҳия як миллиону 400 ҳазор сомонӣ ворид гардид. Аз моҳи апрел кор дар ин корхона аз нав фаъол мегардад.
Айни ҳол ба деҳаи Аличур ва гирду атрофи он хатҳои барқ кашида шуда, дастрасӣ ба неруи барқ дар ноҳия беҳтар мегардад. Афзоиши истеҳсоли барқ дар ноҳия ба суръатбахшии саноати кӯҳкоркунӣ такони ҷиддӣ мебахшад. Захираҳои бузурги нуқра, қӯрғошим, бор, волфрам ва дигар маводи нодир интизори коркард буда, фақат ба қувваи барқ ниёз доранд. Ба гуфтаи манбаъ, рӯ ба саноати кӯҳӣ овардан боис гардид, ки ҳаҷми даромади худии ноҳия афзоиш ёбад. Ҳамчунин, ҷиҳати ҷамъоварии тилло ва сангҳои гаронбаҳои пошхӯрда ба 247 сокини ноҳия аз ҷониби Ҳукумати кишвар иҷозатнома дода шудаст, ки ин тадбир метавонад ҳам дар ғанигардонии буҷа ва ҳам боло рафтани сатҳи зисти сокинони ноҳия саҳми босазо гузорад. 
Дар мавзеи Барҷи ноҳияи Рӯшон ҳам калонтарин кони оҳан дар Осиёи Марказӣ ҷойгир аст, ки мавриди истифода қарор гирифтани он аз фоида холӣ нест. Ба гуфтаи мутахассисон, захираи бузурги ин кон барои садсолаҳои оянда басанда аст. 
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ тайи солҳои охир дар ноҳияҳои Шуғнону Ванҷ ҳам қариб ду баробар афзуд.
Афзоиши маҷмуи маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Ванҷ, асосан, аз ҳисоби истеҳсоли санги мармар, хишти пухтаю сементӣ, мум (асфалт) ва барқ ба даст омада, раванди саноатикунонӣ дар ноҳия суръати тоза пайдо мекунад. 
Ванҷро ватани санги мармар меноманд, зеро дар ин ҷо конҳои бузурги мармарҳои гуногунранг мавҷуданд. Мармареро, ки дар корхонаи маҳали Даштаки ноҳия истеҳсол мегардад, ҳанӯз дар замони Иттиҳоди Шуравӣ ба таври фаровон дар ороиши биноҳои маъмурию фарҳангӣ ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳрҳо истифода мебурданд. Вале дар солҳои навадуми асри гузашта бар асари бесарусомониҳо ин корхона ва конҳои дигари мармари ноҳия аз кор монданд. Дастурҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ташкили корхонаҳо бо коркарди ашёи хоми маҳаллӣ дар ҷараёни сафарҳояшон ба ноҳия ва мулоқоташон бо масъулони мақомоти маҳаллию соҳибкорон ба эҳёи корхонаҳои саноатии минтақа асос гузошт. Истихроҷи мармар аз нав оғоз ёфт. ҶДММ «Ҷаҳонгир» бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва бозоргир аз хориҷи кишвар таҷҳизоти муосир дастрас намуд. Корхонаи «Мармар стоун» ҳам технологияи муосирро бидуни пардохти боҷи гумрукӣ ворид намуд. Таҷҳизоту технологияи замонавӣ бо кумаки мутахассисони хориҷӣ насбу васл гардид ва 10 сокини маҳаллӣ тарзи истифодаи онро аз худ намуда, чун коргарони моҳири соҳа малака бардоштанд. Ҳоло ин корхона, ки пештар фақат тахтасанг мебаровард, ҳамчунин, аз хокаи мармар 5 намуди маҳсулоти сохтмонии босифату бозоргир истеҳсол намуда, пешкаши муштариён мегардонад.
Кони «Пойи мазор» захираи бузургтарини санги мармари ороишӣ дар ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Мармари сафеди барфӣ ва ҷигарии он, ки нарму мулоим буда, коркардаш осону истифодааш ҳам муфид аст, хеле серхаридор мебошад. Дар деҳаи Пойи Мазори ноҳия бунёди се корхонаи истихроҷу коркарди санги мармар идома дошта, беш аз 100 ҷавони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуд. Ноҳия, ҳамчунин, дорои захираҳои бузурги никел ва мису платина буда, аҳамияти саноатӣ доштани онҳо кайҳо исботи худро ёфтааст.
Мутахассисони «Тоҷикгеология» муайян кардаанд, ки дар мавзеи Сурхсангов ва гирду атрофи он, инчунин, захираи кофию босифати ашёи хоми зарурӣ барои истеҳсоли семент мавҷуд аст. Ашёи хоми маҳал дар ҷойҳои ҳамвор мавҷуд буда, интиқоли он хароҷоти зиёдро талаб намекунад. Бо назардошти авҷи созандагиву бунёдкориҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, дар ин замина афзоиши талабот ба масолеҳи сохтмонӣ ва, ҳамчунин, имконияти  мусоиди  содироти  масолеҳи  сохтмон ба маҳалҳои марзии Афғонистон, мутахассисон бар ин боваранд, ки соҳибкорони маҳаллӣ ва маблағгузорони дохилу хориҷи кишвар барои ҳамкорӣ дар амалисозии ин тарҳ ҳавасманданд. 
Дар ноҳияи Шуғнон корхонаи ордбарорӣ бунёд ёфта, коркарди сангҳои гаронбаҳою мева низ ба роҳ монда мешавад. Дар ноҳияи Роштқалъа сохтмони Неругоҳи барқи обии “Себзор” бо тавоноии 11 мВт идома дошта, мавриди истифода қарор гирифтани он барои сохтмони корхонаҳои калони саноатӣ дар вилоят имконияти васеъ фароҳам меорад. 
Бо таъсиси филиали Минтақаи озоди иқтисодии "Ишкошим" дар шаҳри Хоруғ интизор меравад, ки бо маблағгузории бахши хусусӣ ва давлатӣ то охири сол 7 корхонаи хурди нави саноатӣ бо 200 ҷойи кор фаъол мегардад.
Дар маҷмуъ, солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар вилоят 2236 иншооти аҳамияти иҷтимоиву иқтисодӣ сохта шуда, бо ин мақсад қариб 3,4 миллиард сомонӣ равона гардид. Ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 56 корхонаи саноатӣ расман ба қайд гирифта шудааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ давоми соли рафта беш аз 300 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба соли пеш 120 миллион ё 65 дарсад зиёд аст. 
Раванди саноатикунонӣ дар ВМКБ сол ба сол таҳким меёбад. Он рӯз дур нест, ки ба гуфтаи Сарвари давлат, “Бадахшон ҳақиқатан ба дарвозаи тиллоии Тоҷикистон табдил меёбад” ва дар пешрафти иқтисодии ҷумҳурӣ саҳми босазои худро мегузорад. 
 
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.05.2022    №: 85    Мутолиа карданд: 1146
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед