logo

порлумон

МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ. МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР ВА УҲДАДОРИИ НАВ ДАР ҚОНУН

 
Бо мақсади тақвият бахшидани масъулияти падару модар дар баланд бардоштани фарҳангу маърифати экологии фарзанд, пешгирии муносибати бераҳмона бо ҳайвонот ва истифодаи воситаҳои нақлиёт дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» тағйиру иловаҳо ворид гардиданд. 
Насиба Нуруллозода, раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагон, иброз дошт, ки тағйиру иловаҳо бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон Рустам Латифзода Шоҳмурод Рустам ва Ҷамшед Муртазозода пешниҳод шудааст. 
Яке аз ташаббускорони лоиҳа Рустам Латифзода чунин иброз намуд: "Имрӯзҳо масъалаи фарҳанг ва маърифати экологӣ ниҳоят муҳим арзёбӣ мегардад. Тарбияи фарзанд дар ин самт ба баланд бардоштани ҳисси зебоипарастӣ, табиатдӯстӣ, ҳифз ва нигоҳ доштани объектҳои олами набототу ҳайвонот мусоидат хоҳад кард. Ҳамчунин, таҳрирҳои муқаррароти сархати нуздаҳуми моддаи 8 Қонуни амалкунанда бо мақсади мутобиқ сохтан ба қонунгузории соҳаи маориф пешниҳод гаштааст, ки он ба ҳифзи саломатӣ, риояи рафтору одоби таҳсилот, зоҳир намудани таваҷҷуҳи бештар ба донишомӯзӣ ва дар руҳияи ахлоқи ҳамида ва хоксорӣ тарбия намудани фарзандон равона шудааст".
Бояд гуфт, ки ташаббускори асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Сарвари давлат дар Паёми шодбошиашон ба муносибати Рӯзи Модар (7 марти соли 2022), яке аз ҳадафҳои қонунро чунин баён карданд: «Мо дар ҳазорсолаи сеюм – давраи инқилоби техникиву технологӣ ва рушди босуръати шабакаҳои иттилоотӣ умр ба сар мебарем. Ин воқеият ва дар айни замон, вусъат гирифтани раванди ҷаҳонишавӣ ҳар як оила, пеш аз ҳама, занону модарони муҳтарами моро водор месозад, ки барои тарбия кардани фарзандони солиму бомаърифат, забондон ва дорои ҷаҳонбинии васеъ, инчунин, аз таъсири ногувори ахлоқи зишт, кирдорҳои ношоям ва суннатҳои фарҳангии бегона эмин нигоҳ доштани онҳо кӯшиш намоянд».
Беҳуда нест, ки ин санад дар ҷомеа бо номи қонуни миллӣ муаррифӣ мегардад. Зеро ҳадафаш таълиму тарбияи насли наврас ва дар руҳияи арзишҳои миллӣ ба камол расондани онҳост. 
Ба назари ҷомеашиносон, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар ҷомеа ислоҳоти ҷиддиеро ба миён овард. Рафти иҷрои Қонуни мазкур самараи нек ба бор овард. Пеш аз ҳама, падару модар, омӯзгор, мақомоти давлатӣ, аҳли ҷомеа вазифа ва ҳуқуқу уҳдадориҳои худро амиқан дарк карда, дар таълиму тарбияи фарзанд масъулияти базиммадоштаашонро хуб эҳсос намуданд. Падару модар бо дарки зарурат вазифаҳои худро дар муҳайё намудани шароити мусоид барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ, ахлоқӣ ва дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, назорати сатҳу сифати таълим ва донишандӯзии фарзандон дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот дарк карданд. Гузашта аз ин, сатҳи яке аз мушкилоти умумииҷтимоӣ – ҷинояту рафторҳои номатлубро миёни наврасону ҷавонон дар қиёс ба солҳои пеш коҳиш дод.  
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.05.2022    №: 85    Мутолиа карданд: 3489
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед