logo

иҷтимоиёт

МАРЯМ ИСОЕВА. АХТАРЕ ДАР САМОИ САНЪАТИ ТОҶИК

Бонуи ҳунар, чеҳраи маъруфи театри тоҷик, намоди озодагию сарфарозӣ, устоди садҳо ҳунарманди соҳаи фарҳангу санъат - Марям Исоева дастпарвари Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи А.В. Луначарскийи шаҳри Маскав  мебошад. Исоева пас аз хатми ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар Театри мазҳакаи мусиқии ба номи А.С. Пушкини шаҳри Хуҷанд ва аз соли 1961 дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ фаъолият намуда, тадриҷан тамоми зинаҳои касбиро тай кард.
Ин ҳунарпешаи хушсалиқаву пурмаҳорати театр бо симои мувофиқи образофарӣ ба зудӣ миёни мухлисону роғибони театру синамо маҳбубият пайдо карду ба дили онҳо раҳ кушод. Ҳарчанд нақшҳои лирикию драмавиро дар ғояти эҳсоси баланд иҷро мекард, аз бозидани образҳои фоҷиавию мазҳакавӣ низ ба хубӣ мебаромад. Хидмати Марям Исоева дар дубляжи филмҳо бузург буда, бо дарки эҳсоси ботинии қаҳрамонаш ва садои ҷолибу марғуладораш дилҳои ҳаводоронашро тасхир намудааст.
Дар яке аз ҳамоишҳои фарҳангӣ Марям Исоева гуфта буд: “Вақте корро дар машҳуртарин кохи фарҳанги тоҷик – Театри давлатии академӣ -драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ оғоз намудам, коргардони забардаст Ефим Мителман иҷрои нақши Эмилияро аз асари “Оттело”- и драманависи маъруф Шекспир ба ман супурд, ки ин иқдомро ҳамчун мукофоти тақдир қабул намудам. Ибтидои солҳои шастуми асри гузашта бошад, масъалаи дар саҳнаи театри Лоҳутӣ гузоштани яке аз шоҳасарҳои классикаи Ғарб - “Медея”-и Эврипид ба миён омад. Коргардони театр Николай Детсик аз ман хоҳиш кард, ки дар ин намоиш нақши асосӣ – Медеяро офарам. Ва ман ин нақшро бозидам, ки баъдан аз ҷониби мутахассисон баҳои сазовор  гирифт”.  
Адабиётшиноси маъруф Абдуқодир Маниёзов пас аз тамошои ин намоиш назари худро чунин баён намуда буд: “Нақши Медея дар иҷрои Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Исоева фаромӯшношуданист. Ба фикрам, тавассути ин ва ба ҳамин монанд нақшҳое, ки дар саҳнаи театри тоҷик актёри бомаҳорат, аз иддаи шодравон Туҳфа Фозилова, Лутфӣ Зоҳидова, София Тӯйбоева, Гулчеҳра Бақоева, Тӯтӣ Ғаффорова, Хайрӣ Назарова  ва Марям Исоева санъати театрии тоҷик шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард гӯем, боке нест. Агар мо монологи Медеяро, ки зани соҳиби иродаи қавӣ ва истеъдоди худододе мебошад, ёдрас шавем, кофист, ки дар бораи ду ситораи рахшони театри тоҷик - Туҳфа ва Марям тасаввури хеле рӯшан пайдо кунем. Ин ду санъаткорро метавон ситораҳои рахшони фазои санъати тоҷик хонд, ки ба ин санъат умри ҷовидонӣ бахшида, онро дар арсаи маданияти ҷаҳон ғулғулаафкан намудаанд”.
Маҳорату истеъдоди ин бонуи ҳунар, зане, ки аз таҷрибаи ҳаёт ва зиндагиву рӯзгори мардуми худ баҳра бардоштааст, дар тарбия ва баланд бардоштани маънавиёти миллати тоҷик беандоза бузург аст. Нақшҳои дар саҳнаи театри тоҷик бозидаи Марям Исоева, аз ҷумла Бахмал (“Суруди кӯҳсор”-и Ғанӣ Абдулло),  Манзура (“Гавҳари шабчароғ” - и Сотим Улуғзода), Таҳмина (“Рустам ва Суҳроб”-и Абулқосим Фирдавсӣ), Малика, Фигирендо (“Эзоп”-и Фигейредо), Арина («Камбағалӣ айб нест»-и А.Н. Островский), Смералдино («Шоҳгавазн»-и К. Готси), Эмилия  («Отелло»-и У. Шекспир), Мавҷуда («Иродаи зан»-и А. Сидқӣ),  Гертруда («Модарандар»-и О. Балзак), Силвия («Ду веронагӣ»-и У. Шекспир), Нозӣ («Ҷанги тан ба тан»-и М. Байҷиев) ва ғайраҳо нотакрору фаромӯшнашавандаанд. Ҳунарпеша ҳар як нақшро бо маҳорати баланди касбӣ иҷро намуда, кӯшиш ба харҷ додааст, ки аз як намоиш ба намоиши дигар, аз як нақш ба нақши дигар маҳорати худро сайқал диҳад.
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, яке аз чеҳраҳои тобони санъати касбии миллии тоҷик  Марям Исоева тайи фаъолияти эҷодӣ дар саҳнаи театр ва кино беш аз 150 нақш офаридааст. Қаҳрамонҳои Марям Исоева дар аксар маврид бонувони боҷасорат, саводноку соҳибфарҳанг, муборизу озодандеш ва модарони мушфиқу ғамгусоранд. Марям Исоева, махсусан дар офаридани нақши модарон, хеле маҳорати баланд ва касбияти олӣ нишон дода, модари тоҷикро ба оламиён, чӣ гунае ки дар асл ҳаст, порсову соҳибмаърифат, сабуру заҳматкаш, меҳрубону дилсӯз, насиҳатгару довари зиндагии фарзандон ва ниҳоят инсони комилу соҳибирода муаррифӣ намудааст.
Фаъолияти сермаҳсули ҳирфаӣ ва меҳр ба касби омӯзгорӣ ӯро ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода овард ва дар вазифаи омӯзгори кафедраи нутқ ва ҳаракати саҳна фаъолияти беш аз 40 - солаи пурсамар намуда истодааст. Дар ин муддат ӯ садҳо шогирдонро тарбия намуда, ба ҷодаи фарҳангу ҳунар раҳнамун сохтааст, ки аксарашон ҳунарпешагони халқии Тоҷикистон ва дорандагони дигар унвонҳои ифтихорӣ мебошанд.
Шахсияти Марям Исоева ҳамчун ҳунарманди асил солҳост, ки ба ҳаводорон ва дилбастагони театри тоҷик шинос аст. Мо боварии комил дорем, ки симоҳои офаридаи Марям Исоева дар хазинаи фарҳанги миллат ҷовидона маҳфуз монда, номи ин ҳунарманди оламшумулро то парафшон будани парчами маърифату ҳунар зинда нигоҳ медоранд. 
 
Муҳриддин НИЗОМӢ,
ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода,
доктори илмҳои филология, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.05.2022    №: 85    Мутолиа карданд: 422
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед