logo

Хабарҳо

Путин ва Лукашенко омодагӣ ба мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви СААД-ро баррасӣ карданд

 
ТАСС. Президентҳои  Россия ва Беларус Владимир Путин ва Александр Лукашенко  дар  суҳбати телефонӣ ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳо, аз ҷумла дар робита ба омодагӣ ба мулоқоти дарпешистодаи роҳбарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД)-ро баррасӣ карданд. Дар ин бора дафтари матбуоти Кремл хабар дод.  
Дар Москва барои баргузории саммити ҷашнии СААД, ки моҳи май баргузор мешавад, омодагӣ мегиранд. Қаблан котиби матбуоти Роҳбари Россия Дмитрий Песков хабар дода буд, ки санаи баргузории ин нишаст, аллакай, муайян гардидааст, вале дертар эълон хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, дар нишасти роҳбарони кишварҳои узви СААД шояд ба вазъи Украина низ дахл карда шавад.
 
 
 
Гармии бесобиқа дар Ҳиндустон ва Покистон  
Мир24. Ҳарорати миёнаи ҳадди аксар дар қисмати шимолу ғарб ва марказии Ҳиндустон дар моҳи апрел баландтарин дар 122 соли охир буда, 37 дараҷаро ташкил додааст. Дар Покистони ҳамсоя ҳафтаи гузашта ҳарорати ҳаво то 47 дараҷа боло рафт. Ин баландтарин нишондоди тамоми солҳо дар нимкураи шимолӣ дар чунин рӯз мебошад.
Бар асари гармо ва хушксолии бесобиқа, бемористонҳо дар Ҳиндустон ва Покистон аз ҳад зиёд пур гардидаанд, мушкили таъмини неруи барқ вуҷуд дорад ва аз сокинони маҳаллӣ дархост шудааст, то ҳадди имкон дар хона бимонанд.
 
 
 
Суҳбати телефонии Путин ва Макрон  
Мир24. Дафтари матбуоти Кремл хабар дод, ки гуфтугӯи телефонии президентҳои Россия ва Фаронса Владимир Путин ва Эммануэл Макрон беш аз ду соат идома ёфт. Онҳо дар мавриди вазъи Украина гуфтугӯ карданд. Путин бори дигар таъкид намуд, ки Москва бо вуҷуди омода набудани ҳукуматдорони Украина ба кори ҷиддӣ барои муколама бо Киев омода аст. 
Дар навбати худ, Макрон аз амнияти озуқавории ҷаҳонӣ изҳори нигаронӣ кард. Ба он чунин посух гирифт, ки вазъият, пеш аз ҳама, ба далели таҳримҳои Ғарб печида шудааст.
Ин нахустин гуфтугӯи роҳбарони Россия ва Фаронса пас аз интихоби дубораи Макрон ба мансаби президентӣ мебошад. Дар ҷараёни суҳбат Владимир Путин ӯро бо пирӯзӣ дар интихобот табрик гуфт.
 
 
 
Вучич: «Сербия ба сиёсати таҳримот бовар надорад ва манфиатҳои худро ҳифз кардан мехоҳад» 
Аргументы и факты. Президенти Сербия Александр Вучич гуфт, ки Белград ба сиёсати таҳримот бовар надорад, аммо ҳадафи стратегии он пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо мебошад.
«Оид ба таҳримҳо: мо даҳсолаҳо қурбонии он будем ва ба сиёсати таҳримҳо бовар намекунем. Мо манфиатҳои худро дорем ва узви Иттиҳоди Аврупо нестем.  Агар Сербия ба таҳримҳо ҳамроҳ шавад ё на, касе дар Россия мутаассир нахоҳад шуд. Аз сӯи дигар, мо дар робита ба Косово ва дигар масъалаҳое, ки Россия аз мавқеи мо пуштибонӣ менамояд, манфиатҳои миллии худро дорем”, - гуфт Вучич.  Сиёсатмадор зикр кард, ки 76 дарсади сербҳо мухолифи таҳримҳои зидди Россия ҳастанд.
Қаблан Вучич гуфта буд, ки кишвар талош хоҳад кард, то равобити шарикӣ ва дӯстона бо Россияро нигоҳ дорад. Роҳбари Сербия ёдовар шуд, ки Белград дар робита ба иттифоқҳои низомӣ бетараф аст ва ният дорад ин сиёсатро идома диҳад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 7368
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед