logo

иҷтимоиёт

МАЪРИФАТ. ДАРКИ МАРДУМ БОЯД РӮШАН БОШАД!

Таърих гувоҳ аст, ки китобу китобхонаҳо борҳо дар шуълаи оташи аҷнабиёни сӯхтаю хокистар шудаанд. Зиёни маънавии аз тӯфони кашмакашиҳои хунин давоми асрҳо бамиллатамонрасидаро мушкил аст дар тарозуе баркашиду аз рӯи ягон меъёр арзёбӣ кард. Бо вуҷуди ин, тоҷики сарбаланд алорағми ҳама азобу азодориҳо наҳаросида, ба ҷароҳатҳои маънавиаш менигарист, дилмурда, ғамгин, парешонҳолу афсурда намегашт, намегузошт, ки заминаи маънавии ҳамбастагӣ ва ҳамназарии миллат суст гардад. Ин аст, ки талошҳои аҷдоди бо назокатамон дар офариниши китоб ва мероси хаттӣ самар оварданд.
Ниҳоят китобхонаҳои хокистаргаштаи халқи тоҷик оғози соли 1933 аз нав дар симои Китобхонаи миллии Тоҷикистон (то соли 1955 Китобхонаи давлатии оммавии РСС Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, то соли 1993 Китобхонаи давлатии республикавии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, аз соли 2011 Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон) эҳё гардид. Аз рӯзҳои аввали мавҷудияташ вазифаи муқаддас – нигоҳдории мероси адабию илмӣ ва фарҳангии халқамонро ба зимма гирифт. Хосса, дар сохтори он таъсиси шуъбаи дастнависҳои Шарқ ба баъд барои гирд овардани ҳазорҳо нусха дастхату китобҳои нодир мусоидат карда, таърихи чандинасраамонро пайванд дод ва робитаи давраҳоро ҳифз намуд. Маҳз ин Китобхона дар саргаҳи китобшиносию китобшинохтии миллии тоҷик қарор гирифт. Нахустин феҳристҳо (каталог), баргаҳо (картотека), нишондиҳандаҳои адабиёт, китобномаҳо, маълумотномаҳо, дастурҳои илмию методӣ ва ғайра ба хидмат овард. Бар изофа китобу дигар мероси хаттии халқу миллатҳои гуногуни дунёро дар хазинаи беназираш ҷой дод ва он ҳамаро ба ихтиёри хонанда вогузошт, ба ин тартиб дар ташаккули маънавиёти ҷомеа нақши муҳим бозид. Ҳамзамон, дар фаъолияти Китобхонаи миллӣ таҳияву татбиқи барномаҳои давлатии рушди китобдорӣ дар ҳама давр мавқеи хос дошт, мақомоти ҳокимият дар баррасӣ ва ҳалли кулли муаммои умури китобдорӣ ба Китобхонаи миллӣ такя мезаду мезанад.
Ширкат дар мубодилаи байналмилалии китоб имкон дод, ки дар Китобхона хазинаи бузурги адабиёт ба забонҳои хориҷӣ, махсусан англисию немисӣ, фаронсавию испанӣ, гирд оварда шавад ва теъдоди роғибони адабиёту матбуоти хориҷӣ ҳамеша дар афзоиш аст. Ҳамзамон, шуъбаи адабиёти хориҷии Китобхонаи миллӣ китобҳои дар Тоҷикистон нашргардидаро ба давлатҳои хориҷӣ фиристода, дар ташвиқу тарғиби адабиёту илми миллиамон ҳиссаи босазо мегузорад.
Баъди соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар соли 1991 Ҳукумати ҷумҳурӣ рушди анъанаи китобдорию китобшиносиро яке аз самтҳои асосии сиёсати фарҳангии хеш қарор дода, бовуҷуди мушкилоти иқтисодию иҷтимоии солҳои аввал шароити лозимро барои низоми ҷадиди соҳа фароҳам овард. Соли 1993 махзани асосии маърифатии ҷумҳурӣ мақоми Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) гирифт. Акнун ҳаллу фасли масоили китобдорию китобшиносӣ ба тарзи мустақил бо назардошти илми соҳа ва татбиқи шеваҳои ҷадид сурат мегирифт, яъне, бо тақозои талаботи давлати мустақил ҳама риштаҳои соҳа пайваст гардиданд. Махзани асосии маърифатии мамлакат аҳдоф ва арзишҳои куллан нави китобхонавиро дар худ таҷассум сохт. 
Нақш ва мақоми китоб баробари пешрафти босуръати ҷаҳони имрӯза ҳамчун сарчашмаи таҳаввулоти маънавию фарҳангӣ ҳамвора боло меравад. Китобхонаи миллии Тоҷикистон кори сиёсатгузории китобхонаҳои кишварро дар сатҳи миллӣ зери назорат ва ҳимоят гирифт, барои ин манзур, иқдомот ҷиҳати баровардани ниёзҳои рӯзафзуни хонандагон, беҳбуди хадамоти библиографӣ, баррасии равишҳои ҷадиди китобдорӣ, тадвин ва такмили феҳристнависӣ, боло бурдани стандартҳои китобхонавӣ, шеваҳои нави гирдоварӣ ва ҳифзи манобеъ, беҳбуди мубодилоти мадорик бо китобхонаҳо ва созмонҳои хориҷи кишвар ва ғайра анҷом медиҳад. Аммо беҳтарин туҳфа ба китобдорон ва китобдӯстони ҷумҳурӣ, бешак, бунёди бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон гардид, ки 20 марти соли 2012 бо иштирок ва суханронии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфт. Ин бинои зебою замонавии нуҳошёна зоҳиран шакли китоби кушода дорад ва ба меъёрҳои байналмилалӣ муносибу ҷавобгӯст. Ба фарогирии хадамоти китобдорӣ, иттилоотӣ, ғунҷоиши захираи китоб, фаъолияти фарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ беназир аст. Дар толорҳои хонишу иттилоърасонӣ ҷиҳати дарёфти маълумот шароити хос вуҷуд дошта, дар толорҳои электронӣ хонандагон ройгон аз шабакаи интернетӣ истифода мебаранд. Ин толорҳо бо як қатор китобхонаҳои электронии кишварҳои пешрафта иртибот доранд, муштарӣ бо ворид шудан ба сомонаи интернетии Китобхона аз хазинаи китобхонаҳои бо мо шартномадошта баҳра мебаранд. Сатҳи баланди хизматрасонӣ ва роҳандозии технологияи муосир дар Китобхона боиси афзоиши теъдоди хонандагон гардид. Сафи муштариёни хориҷии мо низ рӯз аз рӯз меафзояд. Ҳоло Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо беш аз 60 муассисаю созмони хориҷӣ ва байналмилалии мустақар дар ҷумҳурӣ, инчунин, китобхонаҳои калонтарини зиёда аз бист давлати дунё  робитаю  ҳамкорӣ дорад. Мо дар садади густариши равобит бобати табодули китоб дар сатҳи байналмилалӣ ҳастем ва ният дорем бо дигар кишварҳо ёддошти тафоҳум бандем.
 
Ҷамил ВАЛИЕВ,
корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.05.2022    №: 86    Мутолиа карданд: 437
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед