logo

иҷтимоиёт

ИСТИҚЛОЛИЯТ. МАРҲИЛАИ РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ

Яке аз масъалаҳои муҳимтарине, ки баъди расидан ба Истиқлоли давлатӣ дар назди Ҳукумати Тоҷикистон меистод, ин раҳоӣ бахшидани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ба ҳисоб мерафт. Таҷрибаҳои таърихӣ дар ин самт нишон додаанд, ки бе такмилу танзим ва рушди соҳаи нақлиёт расидан ба ҳадафҳои дигар, аз ҷумла тақвияти иқтисоди миллӣ, ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, баровардани молу маҳсулот ба бозори ҷаҳонӣ ва таҳкими муносибатҳои гуногунҷанбаи байнидавлатӣ,  ғайриимкон аст. 
Мутаассифона,  вазъи соҳаи нақлиёт, бахусус роҳҳои мошингард, дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар баробари дигар соҳаҳои хоҷагии халқ  хисороти зиёд диданд. Ҳолати мавҷудаи соҳа дар даҳсолаи аввали соҳибистиқлолӣ ба талаботи рӯз ҷавобгӯ набуд. Вазъияти мазкур дар асари «Уфуқҳои истиқлол»-и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври зайл нишон дода шудааст: «То соли 1997 ҳамагӣ 42 % роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 20 % роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта мумфарш буданду халос, ки аз он 73 % дар ҳолати паст, 26 % дар ҳолати миёна ва танҳо 1 % дар ҳолати хуби техникӣ қарор доштанд».
Чунин ҳолат вазъи бе ин ҳам буҳронии мамлакатро боз ҳам печидатар намуд. Робита бо мамлакатҳои ҳамсояи дуру наздик, бо мушкилоти сохтаи баъзе давлатҳои манфиатдори замон, тавассути роҳҳои мошингарду оҳан рӯз то рӯз ғайриимкон мегардид. Ин зуҳурот ба вазъи дохилии Тоҷикистон ҳам таъсири манфии худро расонд.  Мамлакати мо, ки аслан кӯҳистон аст, ба се қисмат: Бадахшон, Суғд ва марказу ҷануб, ҷудо шуда, ҳамасола қариб то шаш моҳ гардиши маҳсулот ва рафтуомади одамон аз як минтақа ба минтақаи дигар қариб имкон надошт.  Бо дарки ин масъала ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат зери сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи мазкур таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамуд. 
Ҳукумати кишвар бо мақсади бартараф намудани мушкилоти мавҷуда аз соли 2000 сар карда, стратегияи махсуси рушди комплекси нақлиётро ба роҳ монд, ки дар солҳои минбаъда самараи хуб ба бор овард. Бинобар навиштаи Пешвои миллат, дар ин давра бо 34 давлати хориҷӣ вобаста ба рушди соҳа созишномаҳои дуҷониба баста шуданд. Инчунин, барои рушди равобити байналмилалии Тоҷикистон дар самти нақлиёти автомобилӣ 12 конвенсия ва созишномаи байналмилалӣ ба имзо расид, ки ба ҳамлу нақли байналмилалӣ мусоидат намуд. 
Дар Паёми хеш аз 21 декабри соли 2021 Роҳбари давлат дастовардҳои бист соли охири соҳаи нақлиётро ба риштаи таҳлил кашида, аз ҷумла иброз доштанд: «Барои таъмин намудани рафтуомади бемамониати мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот дар тамоми фаслҳои сол байни минтақаҳои кишвар, инчунин, раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он 59 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 24 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар сохта, ба истифода дода шуд». 
Бо татбиқи чунин иқдому корҳои зикршуда давлати мо соли 2017 ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ, яъне баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ноил шуда, Тоҷикистони сепорча ба як ҳудуди воҳид табдил ёфт.  Ҳамзамон, тариқи долонҳои нақлиётӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва дигар мамолики дуру наздики хориҷӣ пайвастани он таъмин гардид. 
Сатҳу сифати роҳҳои Тоҷикистон имрӯз барои ҷалби сайёҳон нақши муҳим дорад. Дар асоси санҷишҳои созмонҳои байналмилалӣ оид ба сифати роҳҳо Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ИДМ дар Осиёи Марказӣ ҷойи якумро ишғол менамояд. 
Албатта, натиҷаи чунин меҳнати софдилонаи эшон мебошад, ки дар сатҳи байналмилалӣ сифати роҳҳои мо мавриди таваҷҷуҳ қарор мегиранд. Дар Паёми соли 2020 доир ба ин мавзуъ Роҳбари давлат дахл карда, аз ҷумла чунин баён доштанд: «Корҳои дар соҳа анҷомдодашуда имконият фароҳам оварданд, ки мавқеи Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо, ки ҳамасола аз ҷониби таҳқиқоти байналмилалии “Ҳисоботи ҷаҳонии рақобатпазирӣ” гузаронда мешавад, дар зарфи ду соли охир 20 зина беҳтар гардида, тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар байни 141 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда, зинаи 50 - умро ишғол намуд».
Натиҷаи чунин рушди бемайлонро ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ дар асоси мушоҳидаҳои ҳаррӯзаи айнӣ давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, баръало эҳсос карда метавонад. Мардуми миёнасол ва калонсол шоҳиди онанд, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, барои сафар аз як гӯша ба гӯшаи дигари ҷумҳурӣ, чи мушкилоти сангине паси сар мешуданд. Махсусан, аз пойтахти мамлакт ба самти Суғду Бадахшон ва ноҳияҳои водии Рашт сафар кардан аз сабаби валангору мушкилгузар будани роҳҳо садҳо садамаю фалокатҳои дигар рух медоданд.  
Бо вуҷуди дастовардҳои зиёд, ҳанӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёт ва дигар субъектҳои соҳа барои боз ҳам таҳкиму такмили роҳҳои мошингард иқдомҳои зиёдеро дар сатҳи дохилӣ ва байналмилалӣ роҳандозӣ менамоянд. 
Дурнамои соҳаи нақлиёт, бахусус рушди роҳҳои мошингард, дар Паёми навбатии Сарвари давлат барои солҳои оянда махсус зикр шуд. Аз рӯи нишондодҳои Паём айни замон дар соҳаи нақлиёт татбиқи 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии зиёда аз 11 миллиард сомонӣ идома дорад, ки барои ба кишвари дорои шароити муосири транзитӣ табдил ёфтани Тоҷикистон мусоидат мекунад.
Соли 2021 лоиҳаи сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди Обигарм - Нуробод, Ҳулбук - Темурмалик - Кангурт, Данғара - Левакант - Бохтар, Қалъаи Хумб - Ванҷи шоҳроҳи Душанбе - Кулма, Қизилқалъа - Бохтари шоҳроҳи Душанбе - Бохтар, Бекобод - Бобоҷон Ғафуров - Конибодом, сохтмони пул аз болои дарёи Панҷ дар мавзеи Кокули ноҳияи Фархор ва дарёи Ғунд дар шаҳри Хоруғ, таҷдиди роҳи мошингард ва бунёди долонҳои зидди тарма дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон оғоз ёфтанд. 
То Ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатӣ, яъне солҳои 2022 – 2026 боз сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди Гулистон -  Фархор,  Ҷалолиддини    Балхӣ -  Қубодиён  -  Шаҳритус, Данғара  - Гулистон - Кӯлоб, Рӯшон - Хоруғ - Кулма, Хуҷанд - Конибодом ва Хуҷанд - Ашт ба нақша гирифта шудааст. Инчунин, дар ҳамин муддат зиёда аз 1000 км роҳҳои мошингард, 53 пул, 7 нақб ва 5 долони зидди тарма бунёд карда мешаванд, ки қисми зиёди онҳо дорои сатҳи байналмилалӣ мебошанд. 
 
 
Давлатшоҳ МАҲМУДОВ,
омӯзгори факултаи таърихи 
ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.05.2022    №: 86    Мутолиа карданд: 390
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед