logo

иҷтимоиёт

ЁДИ РӮЗГОРИ ШИРИН

Падар - гавҳар, дурдона, сармояи зиндагӣ, неруи ҷон, қуввати дили фарзандон,  шоҳсутун ва чароғи хонадон аст. Падар дарахтест, ки сояаш басанда аст.  Падар болу пари оила, хурсандии аҳли хонавода, аввалин муаллим ва тарбиятгари  фарзандон буда, дар зиндагии ҳар кадоми мо нақши муҳимро ишғол мекунад. Падар  қиблагоҳ ва хандааш дилхушии фарзанд  маҳсуб меёбад. Зери ин мафҳум симои нафаре пеши назар  ҷилвагар мешавад, ки дили бузург ва барои меҳру муҳаббати ҳамаи фарзандон дар қалби худ ҷой дорад. Падар файзу баракат ва зебу фарри  хонадону дуои некаш  доим ҳамсафару саодатбахши мост. 
Мақсад аз рӯи коғаз овардани ин суханҳо ба ёд овардани чанд саҳифаи хотироти худ дар бораи падари азизам Абдуқаҳҳор Шарифов (руҳашон шод бод) мебошад, ки имрӯз бо амри тақдир байни мо нест. Дар синни 57 – солагӣ, дар айни камолот фарзандон, хешу ақрабо, дӯстону шогирдонро абадӣ тарк карданд. Марги падар дар дили мо - фарзандон ва дӯстон захми сӯзон гузошт, ки то ҳанӯз ба худ омада наметавонем. 
Оре, марг гулчин аст. Бештар ва тезтар онҳоеро мебарад, ки гули сари сабаданд. Сад дареғу дард, ки дасти инсон дар пешорӯи марг кӯтоҳ аст. Марги волидон ҳам чун марги фарзанд теғи алмос будааст. Гум кардани азизони дил, аз ҷумла падар, чӣ қадар вазнин, сангин ва ғамангез будааст. Шояд зиндагӣ бо ҳамин пастиву баландиҳояш, ғаму ҳасратҳояш, умеду номуродиҳояш, барору нобарориҳояш, комёбӣ ва нокомиҳояш ширин бошад? 
Падарам марди соҳибхирад буд, аз мактаби миёна то олӣ хирад омӯхт ва ба пешаи олӣ ва пуршараф - омӯзгорӣ сазовор гашт.  Фаъолияти кориаш пас аз хатми донишгоҳи омӯзгорӣ шуруъ шуд. Дар маҷмуъ, 32 соли умри қимати худро сарфи пешаи омӯзгорӣ намуда, дар ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ ҳамеша вазифаҳои баланду бомасъулиятро ба уҳда дошт. Ростқавлӣ, саводнокӣ, кордонӣ, қавииродаю серкорӣ, ҷидду ҷаҳдаш дар самти тарбияи шогирдон буд, ки он касро ба вазифаи пурмасъулият -  директори мактаби № 37 – и шаҳри Ҳисор таъин намуданд. 16 сол ба ҳайси директори мактаби деҳа фаъолият намуд. То андозае, ки мо - фарзандон шоҳид будем, кор дар ин самт,  албатта, осон набуд, бо мушкилиҳо мувоҷеҳ, гоҳо хаста ҳам мешуд, вале, боз бо ҳамон тамкин, сабру тоқат, фаросати неки замираш, ботини поку беолоиши худ ба ҳамаи душвориҳои пешорӯ тоб меовард ва мушкилотро паси сар менамуд.
Падарам тули ин солҳо ба ҳадафи асосӣ - тарбияи кадрҳои баландихтисос, ба воя расондани садҳо шогирдон  муваффақ гардид. Ҳамеша дар ғами пешравии касбу кор, беҳбудии сатҳи таълим ва рушди кишвар буд. Дар ин давра ба ҷавонони зиёд дарси зиндагӣ омӯхта, ба ҳаёти мустақилона гусел намуд. Бо назардошти он ки ояндаи неки Ватан аз илму дониш вобастагии қавӣ дорад,  насли наврасро ба мутолиаи китоб, шавқу завқи илмомӯзӣ ва донишандӯзӣ ҳидоят мекард. Ин аст, ки имрӯз шогирдони зиёдаш дар риштаҳои гуногун фаъолияти пурсамар доранд. 
Падарам бо ҳамаи мо - фарзандон бисёр ғамхору меҳрубон, дар баробари ин, дар вақтҳои зарурӣ сахтгир ҳам буд. Хусусан, барои дарсазхудкунии мо таваҷҷуҳи хосса дошт, ба дарсхонии мо ёрӣ мерасонд, аз мо пурсиш мегузаронд. Мо - фарзандон, то ҳол  панду насиҳатҳои падарро чун ҳалқа бар гӯш карда, дар зиндагӣ аз он истифода мебарем. Суханони падарам ҳоло илҳомбахшам аст. Гарчанде чандин сол гузашта бошад ҳам, дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ, танҳоӣ ва мушкилиҳои пешомада, аз падар ёду такя ба меҳру ғамхории қиблагоҳ мекунам. Гӯиё он кас аз ҳоли фарзандон  хабар дорад, ки дар хоби шаб дилдорӣ намуда, мутаккоям мегардад.   
Гарчанде имрӯз он кас нест, лекин руҳан бо мост. Афсус, ки ҷои падар то ҳол холист. Дар зиндагӣ ҷои ҳар рафтаро  омадае пур кард, аммо ҷои ӯро касе пур карда натавонист. Марг ҳам моро аз шумо ҷудо накард. Ёдатон аз сар, меҳратон аз дил, номатон аз забон дур нашуд. 
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, рӯзноманигор  
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.05.2022    №: 86    Мутолиа карданд: 498
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед