logo

ҳуқуқ

Ҷиноят ва ҷазо

ПОРА
Корманди андоз бо 10 000 сомонӣ ба даст афтод
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Ҷамшед Ғаффоров баъд аз анҷоми тафтишоти пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол гардид.
Тибқи иттилои манбаъ, Ҷамшед Ғаффоров, мутахассиси пешбари гурӯҳи хизматрасонӣ ба шахсони ҳуқуқии шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Нозироти андоз дар шаҳри Ваҳдат, ҳангоми гирифтани 5000 сомонӣ ҳамчун пора аз ҷониби маъмурони агентӣ дар дафтари кориаш дастгир шуд. Ин дар ҳолест, ки ӯ барои қатъ намудани фаъолияти соҳибкорӣ аз шаҳрванд «А» 10 000 сомонӣ талаб карда, 5 ҳазорашро пешакӣ гирифтааст.
Вобаста ба ин ҳолат, нисбат ба Ҷамшед Ғаффоров бо моддаи 319 қасми 1 Кодекси ҷиноятӣ (гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст, ки ин банди қонун маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то панҷ солро пешбинӣ менамояд.
 
 
ҶИНОЯТ БЕ ҶАЗО НАМЕМОНАД
Чорводуздон баъд аз ду сол боздошт шуданд
Кормандони мақомоти милитсия ду сокини шаҳри Кӯлобро, ки аз онҳо марди 39-сола ва ҷавони 24-сола ном бурда мешавад, ба гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ боздошт намуданд. 
Тавре маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод, дастгиршудагон ҳанӯз моҳи августи соли 2020 аз заминҳои чарогоҳи ноҳияи Муъминобод се сар чорвои калони шохдорро дуздидаанд. Зарари расондашуда 14 ҳазор сомониро ташкил дода, айни ҳол аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад. 
 
 
ДУЗДӢ
Ноболиғи 13 - сола даст ба ин ҷиноят зад
Бар пояи маълумоти сомонаи ВКД, ноболиғе дар шаҳри Душанбе ба гумони дуздии ҷавоҳироти тиллоӣ ба маблағи 65 ҳазор сомонӣ дастгир шуд, ки ҳамагӣ 13 сол дорад.
Боздоштшуда сокини шаҳри Душанбе буда, 27 апрели соли 2022 бо роҳи пинҳонӣ ба манзили истиқоматии зани 33-солаи сокини пойтахт даромада, ҷавоҳироти тиллоиро дуздидааст. Гумонбарро кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино дар асоси муроҷиати ҷабрдида дастгир карданд, ки ҳоло вобаста ба ин ҳодиса тафтишот оғоз шудааст.  
 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.05.2022    №: 86    Мутолиа карданд: 2448
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед