logo

иҷтимоиёт

ТАБИАТШИНОСӢ. НОГУФТАҲОЕ, КИ БОЯД ГУФТ

 
Аз қадимулайём  инсон қонунҳои табиатро  омӯхта, онро ба худ тобеъ гардондан мехоҳад.  Тавре ки дар китоби Авасто омадааст: «Худованд  Замин,  Осмон, Моҳ ва  Хуршедро офаридаву ба дасти инсон супурдааст».   Инсон ва табиат  бо ҳам  ҷузъи  мукаммалро ташкил медиҳанд: онҳо аз   ҳам  ҷудонашавандаанду  бе  ҳамдигар буда наметавонанд.  
Мегӯянд, ки  вақт  ҳама  чизро нишон медиҳад. Имрӯз тамоми  кишварҳои рӯи  Сайёра, аз ҷумла Тоҷикистон   аз тағйирёбии иқлим ранҷ мекашанд, ки ин  нобасомониро ҳам худи  инсон ба бор овардааст, ба мисли обхезиҳову  омадани селу тарма. Ба ифлосшавии боду ҳаво ҳам худи инсон роҳ додааст, ки яке  аз сабабҳои  тағйирёбии иқлим  мебошад. Мо - калонсолон , аз  ҷумла омӯзгорон, ҳамон вақте ин балоҳоро пушти сар намудем,  фаҳмидем, ки инсон бояд бо кайҳон  ҳамоҳанг  бошад. 
Ман,  ки омӯзгори фанни биология ҳастам, мефаҳмам: риояи тозагии муҳити атроф  низ ба  гирифтории  инсон ба  бемориҳои сироятии вазнин  оварда мерасонад.  Ҳамаи ин масъалаҳои  муҳим ба  фанни табиатшиносӣ  ва мушкилоти экологӣ рабт доранд.  Аммо,   бача дар синни мактабӣ  аз куҷо мефаҳмад, ки  як рафтори  одӣ  ба чи балоҳо оварда мерасонад. То пухта расидани фаҳмиши бача  вақт лозим мебошад, аммо   ба  ҷой  намудани меҳри табиат   дар дили бача  аз хурдӣ бояд кӯшид.   Охир,  меҳр парваридан ба ин ё он чиро кӣ ҷой мекунад, албаттта, омӯзгор  ва ё падару модар. Вале ҳамон меҳрро ҳам  то шинохти ҳақиқати  воқеӣ   дар дили хонандагон ҷой накардаем. Ин ҷо, шояд  номукаммалии дониши омӯзгор ҳам, таъсир мерасонад.
Имрӯз вақти он расидааст, ки фанни табиатшиносиро ҳар шахс -  вай  оянда хоҳ духтур ва, ё хоҳ муҳандис ва, ё сохтмончиву барқчӣ  бошад, бояд  омӯзад. Зеро сарсабзиву шукуфоии диёраш  аз ӯ вобастагӣ дорад.  Ба  фикрам,  табиатдӯстиро ба бачагоне, ки оянда чун  шаҳрванди  кишвар  ба воя расида, масъулияти шаҳрвандиро бар дӯш мегиранд, аз тарбия дар зинаҳои поёнӣ  оғоз  намуд. Аз ин рӯ, мо  бояд хонандагонро дар доштани  назари солим ба муҳити атроф  тарбия намоем.
 
Матлуба  МАМАТҚУЛОВА, омӯзгори МТМУ № 55 -и шаҳри Душанбе
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.05.2022    №: 86    Мутолиа карданд: 556
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед