logo

иҷтимоиёт

ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ. ЗАФАРМАНДОНИ ТОҶИК ЗЕРИ ҒАМХОРӢ ВА ДАР ПАНОҲИ ДАВЛАТАНД

Соли ҷорӣ аз анҷоми набардҳои хунини Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки таърих назирашро ёд надорад, 77 сол сипарӣ шуд ва ҳар сол мардуми шарафманди Тоҷикистон дар радифи дигар халқу миллатҳои сулҳҷӯи олам 9 майро ҳамчун Рӯзи Ғалаба бо шукӯҳ таҷлил мекунанд. Аз ҷумла, бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои дар сатҳи баланди ташкиливу бадеӣ таҷлил намудани Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нақшаи вижае рӯйи даст гирифта шудааст.
 
Раҳмат Қудратов, раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати кишвар, зимни суҳбат гуфт, ки солҳои ҷанг аз Тоҷикистон 300 ҳазор нафар ба фронт рафта, 92 ҳазор дар рафти амалиётҳои ҷангӣ ҷон бохт. Айни ҳол, дар кишвар аз 208 ҳазор иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар таъмини Ғалаба саҳми намоён дошт, танҳо 58 нафар дар қайди ҳаёт аст. Соли гузашта 98 собиқадор дар Тоҷикистон Рӯзи Ғалабаро ҷашн гирифт. Соли 2020 шумораи онҳо 168 кас буд. Ҳоло бошад, куҳансолтарин иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Рашид Каримов, ки дар шаҳри Ҳисор зиндагӣ мекунад, 110-сола мешавад. 
Корнамоиҳои бемисли шаҳрвандони Тоҷикистон дар таъмини Ғалаба бо ордену медалҳои зиёд қадрдонӣ шудааст. Аз ҷумла, 56 ҳазор далерони майдони ҷанг бо ордену медал, 54 нафар ба гирифтани унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ ва 15 нафар бо се ордени Шараф мушарраф гардиданд.
Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ изҳори қаноатмандӣ кард, ки ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ,  пеш аз ҳама, бо ҳидояти  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, вазорату кумитаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорон аз ҷиҳати молиявӣ ва барқарор намудани саломатии онҳо мунтазам ғамхорӣ зоҳир менамоянд. 
Ҳамасола аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиёни ҶБВ туҳфаҳои молиявӣ тақдим мешаванд. Аз ҷумла, соли ҷорӣ ба ҳар як собиқадори ҷангу меҳнат, аз номи Пешвои миллат 15 ҳазор сомонӣ ёрӣ расонда шуд, ки дар қиёс ба як соли пеш 5 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Ҳамзамон, дар барорбари туҳфаҳои молии Сарвари давлат, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар роҳбарони идораҳои марбути давлатӣ низ, ба иштирокчиёни ҶБВ ёрии моддӣ мерасонанд. Аз ҷумла, соли ҷорӣ бо қарори раиси шаҳри Душанбе ба ифтихори 77-солагии Ғалаба барои собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷанговарони интернатсионалист ва чернобилчиён аз ҳисоби буҷети пойтахт беш аз 288 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Ба иштирокчиёни ҶБВ, ки дар пойтахт ба сар мебаранд, ёрии молиявӣ ба ҳар нафар дар ҳаҷми 3000 сомонӣ, ҷанговарони интернатсионалист ва чернобилчиён дар ҳаҷми 800 сомонӣ кумаки пулӣ расонда мешавад.
Гузашта аз ин, бо қарори раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба иштирокчиёну маъюбони ҶБВ ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар муҳорибаҳо ҳалокгардидае, ки нафақаи бесаробонӣ мегиранд, ба миқдори 6000 сомонӣ кумакпулии яквақта дастрас мегардад. Ҳамин тавр, барои қадршиносии 18 нафар иштирокчӣ ва маъюби ҶБВ 108 ҳазор ва 123 нафаре, ки дар ақибгоҳ фаъолият доштаву соҳиби медалҳоянд, 369 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.
Аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бошад, ба 17 иштирокчӣ ва маъюби ҶБВ 2500-сомонӣ тақдим мешавад. Дар баробари ин, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо то 1500 сомонӣ ба ин қишри ҷомеа ёрии яквақтаина мерасонанд. 
Боиси тазаккур аст, ки сатҳи иҷтимоӣ ва таъмини зиндагии хуби собиқадорони ҷангу меҳнат ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар қарор дошта, барои онҳо як қатор имтиёзҳо, аз ҷумла ташкили табобату истироҳати ройгон дар истироҳатгоҳҳои мамлакат, хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар намуди дастгириҳо, ҷорӣ гардидаанд.
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.05.2022    №: 87    Мутолиа карданд: 1266
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед