logo

иҷтимоиёт

ДОҒҲОИ СӮЗОНИ ҶАНГ

Ҷанги Бузурги Ватанӣ, балки оқибатҳои он, доғе дар дилҳо гузошт, ки рафъи он ба ҳеҷ ваҷҳ даст намедод. Ин доғ ҷисму руҳҳоро азият медод, осоиши шабро аз соҳибонаш мегирифт.
 
Ин доғ ашкҳоро аз чашмҳо ҷорӣ месохт.
Ин доғ рӯзҳоро гоҳо торик месохт.
Ин доғ хуруҷи дардҳоро меафзуд.
Имтиёзҳо ба дардҳо даво шуда наметавонистанд.
Аксару аксари онҳо бо доғу дардҳо оламро падруд гуфтанд.
То лаҳзаҳои ҷон додан аксари ин соҳибони дарду доғҳо чашм ба роҳ буданд. Умед доштанд, бовар доштанд, як рӯзе ва ё як шабе гумшудаҳояшон ба хона бармегарданду мегӯянд: «Моро мурда пиндоштед? Не, мо намурда будем, зиндаем. Агарчи дер ҳам бошад, баргаштем.
Модар, бародар,  хоҳарони азизам, чаро моро намешиносед? Оре, пир шудем, мӯйҳоямон сафед гаштанд.
Мо ҳамон азизони шумо ҳастем. Нолаҳоятонро шунидем, гиряҳоятонро дидем. Андак, ки дард оромамон мегузошт, чашм мепӯшидем ва шумо рӯ ба рӯйи мо ҳозир мешудед».
Ман бо кампири Бадалмо дар шаҳри Ҳисор вохӯрдам. Ба наберааш, ки менигарист, мегуфт: «Тағоят мисли ту буд: ҷавоне зебо, болобаланд, ҳамеша табассум дар лаб». Пас аз гузаштани фурсате гуфтаҳояшро инкор мекард: «Не, не, не, тағоят бисёр зебо буд, ту андак, оре, андак, андаки андак ба ӯ монандӣ дорӣ? Бовар намекунӣ? Бовар бикун!». Наберааш мегуфт: «Момаҷон, бовар кардам, ҳазор бор бовар кардам», аммо ӯ ба ин қонеъ намешуд. Ин гуфтугӯ, ин ҳодиса, ба гуфтааш, беш аз сад бор такрор ёфтааст.
Кампири Бадалмо аз ҷой бармехест ва бастаеро ба даст мегирифту онро мекушод, ором, бо эҳтиёти хос ва расмеро аз он мегирифту нишон медод. Нишон медод ва мегуфт: «Бубин, ту зебоӣ ё тағоят?!  Росташро бигӯй!». Набера изҳор медошт: «Момаҷон, гуфтам-ку, ӯ зебо аст»! Ман низ бо дидани расм ин гуфтаҳоро тасдиқ мекардам.
Кампири Бадалмо андак тасалло меёфт ва баъд мӯйҳои сари фарзандашро нишонамон медоду мегуфт: «Он рӯз, ки ӯро ба ҷанг бурданд, мӯйи сарашро тарошиданд. Андак аз он мӯй гирифтам. Ана ин нони газидаи ӯ аст. Ку ҳисоб бикун, аз он вақт чанд сол гузаштааст»? Мо посух медодем, ки беш аз 40 сол. Аммо ин посух  ӯро хуш намеомад, қонеаш намекард ва мегуфт: «Хато кардед, аз сад сол зиёд гузаштааст. Оҳ, аз сад сол зиёд ман чашм ба роҳам. Нагӯед, ки мурдааст. Меояд, меояд. Биё, бачам, садқат очат на сад бор, ҳазор бор мешавад. Биё, ки оби чашмонам хушк бишавад, як шабак ором бихобам, туро бибӯсаму бӯй бикашам».
Ман бо ин модари гирёну сӯзони дар ҳасрати омадани фарзанд танҳо як бор вохӯрдам. Имкони борҳову борҳо диданашро доштам, аммо эҳсос мекардам, ки неруи шунидани суханҳои пурдардаш, дидани вазъи парешону чашми пуробашро надорам. Ва ҳам саъй мекардам, ки худро аз чашмаш пинҳон бисозам.
Ман чанд сол пеш ба номаҳои зардшудаи замони ҷанг шинос шудам. Онҳоро ба даст гирифтам ва хондам. Номаҳои Талбак Сафаров буданд, ки дар айёми гул-гулшукуфии умраш, соли 1943 ихтиёрӣ ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафт ва дигар барнагашт. Ҳафтоду чор сол пайвандонаш онҳоро нигоҳ доштаанд.
Ба ман гуфтанд, ки вақте ӯ даъватномаро ба даст гирифт, аз шодӣ бӯсид ва ба дидагонаш молид. Ба нигоҳу тааҷҷуби наздиконаш посух гуфт: «Ман ин рӯзро бесаброна интизор будам. Шукр, руҳану ҷисман солимам ва Ватан маро барои ҳифзаш, барои аз байн бурдану маҳв намудани фашизми гитлерӣ хондааст. Меравам ва бо ғалаба, пирӯзӣ  мушарраф мегардем».
Ин ҷавонмард аз деҳаи Хӯҷаи Нури он замон ноҳияи Кангурт буд. Раҳораҳ мактуб менавишт. Менавишт, ки «21 рӯз боз дар роҳем, дар ҷангалҳоем, офтобро намебинем. Вақтам хуш аст ва хӯроку пӯшок дорем». Дар номаҳояш аз аспаш низ мепурсид, ба  ҳамаи аҳли деҳа салом мегуфт.
Баҳори соли 1944 Талбак дар як муҳорибаи шадид ҷароҳат бардошт. Дар ин вақт тайёраҳои душман мавзеи онҳоро гулулаборон мекард. Ӯро ба госпитал (беморхонаи ҳарбӣ) бурданд ва дигар бе ному нишон шуд.
Модар номаҳои ӯро рӯйи дилу ҷигараш мегузошту мегирист, аммо умед дошт, бовар дошт, ки рӯзе ва ё шабе Талбакаш меояд. Мегуфт: «Шабҳо дарвозаро кушода бимонед, шояд фарзандаш биёяд ва дар пушти дарвоза то ба саҳар интизор нашавад».
Ва ҳам мегуфт: «Агар Талбакам наояду ман бимирам, номаҳояшро рӯйи дилу ҷигарам бигузореду гӯрам бикунед». Ҳамин тавр, ба хотири иҷрои ин васият чанд номаи Талбакро ҳамроҳи модар ба хок супурданд.
Хайриддин Сафаров то ба рӯзҳои охири умраш, моҳи майи соли 1992 ё худ панҷоҳ сол дар ҳасрати бародари бе ному нишонаш дар ин ҷанг сӯхт. Умед дошт, бовар дошт, ки нафаре хабари марги ӯро ё зинда буданашро меорад. Худ ҳам иштирокчиву маъюби ин ҷанг буд, аммо ҳеҷ гоҳ аз худ намегуфт, аз набардҳояш, ҷароҳат бардоштанаш намегуфт. Изҳор медошт: «Напурсед, бигузор он рӯзҳои мудҳишро пеши назари шумо наорам ва дилҳоятонро ғамгин насозам. Таърих ин гуна ҷанги мудҳишро ёд надорад. Шукр, ғалаба ба даст овардем». Сарварии хоҷагии пахтакориву ғизои чорворо ба уҳда дошт. Нақшаҳояш сари вақт барзиёд иҷро мешуд. Шабонгоҳҳо дер аз кор бармегашт. Бо эътироз мегуфтанд: «Ин қадар сарвар мисли ту нестанд? Онҳо бо фарорасии шом ба хонаҳояшон бармегарданд, аммо ту...». Посух медод: «Ҳанӯз ҳам гумон мекунам, ки дар майдони набардам».
Падари нависандаи марҳум Сайдалӣ Саид рӯзона дуторро ба даст мегирифту менавохту суруд мехонд ва ҳазл мекарду шодӣ менамуду механдид. Бо лутфу зарофатҳои намакинаш як базмро гарм медошт. Аммо шаб, ки мешуд, медидам, ки тамоман ба як одаме дигар табдил меёфт. Захмҳои пову баданаш оромаш намегузошт. Бандҳоро аз рӯи онҳо мекушод ва малҳами доғшударо ба болои захмҳо мемолид. Як рӯз ба ман, ки ба тараҳҳум ба амалаш менигаристам, гуфт: «Ҳол ҳамин аст. Ин ҷароҳатҳоро дар майдони набард, дар Смоленский гирифтам. Беш аз чил сол мешавад, ки ҳол ҳамин аст. Рӯзҳо механдам, шабҳо мегирям. Ҳанӯз ҳам он тирҳо дар баданам ҳастанд. Дар ин бора ба ҳеҷ кас сухане магӯ».
Падарам мегуфт: «Бобоятро аз Балҷувон ба ин ҷанг бурданд. Дар майдони набард ҷароҳат бардошт. Омад, вале бар асари он ҷароҳатҳо ранҷ мекашид ва оқибат оламро падруд гуфт». 
Ҷанг ҳамеша харобӣ меорад. Дардҳову доғе мебахшад, ки ҳеҷ давое надоранд. Ғаму ҳасратҳоро аз худ боқӣ мегузорад.
Ёди он рӯзҳои мудҳишу вазнин ба он хотир аст, ки ба қадри сулҳ, иттиҳод, истиқлол, ваҳдат бирасем ва нагузорем, ки бадбахтиҳо аз нав дарҳояшонро ба рӯямон бикушоянд.
 
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.05.2022    №: 87    Мутолиа карданд: 439
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед