logo

иҷтимоиёт

ЁРИИ ВАНҶУ ДАРВОЗ БА ФРОНТ

Дар солҳои  Ҷанги Бузурги Ватанӣ чунин суханони барои насли калонсол басе муқаддас: «Ҳама чиз ба фронт, барои ғалаба» ва «Модар-Ватан даъват мекунад» шиори одӣ не, балки садои қалб ва изҳори садоқати ватанпарастонаи ҳар як фарди тоҷик ва тоҷикистонӣ буд. Он солҳо шахсони бо ягон сабабе ба фронт нарафта, кӯшиш менамуданд, ки дар ақибгоҳ садоқатмандона меҳнат карда, ба Артиши Шуравӣ ёрӣ расонанд ва ғалабаро  наздиктар гардонанд. Аз рӯи оини ҷавонмардӣ ва ҳисси баланди меҳанпарастӣ аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон саъю талош менамуданд,  ки ба сарбозону афсарон мадад расонанд. Дар ин музофотҳои кӯҳистони камзамин мардум охирин дороии хешро ба фронт мебахшиданд.
Доктори илмҳои таърих, профессор Ҳайдаршоҳ Пирумшоев  дар китобаш  «Таърихи Дарвоз» менависад: «Колхозчиён ва колхозчизанони райони Қалъаихумб дар байни якчанд рӯз 110 ҷуфт ҷуроб, 31 ҷуфт дастпӯшак, 7 килограмм равған, 137 килограмм тут, 446 килограмм  себпора, 50 килограмм олуча, 156 килограмм  зардолуи қоқ, 219 килограмм чормағз, 10 килограмм қурут ва барои хариди либосҳо 3162 сӯм пули нақд ва садҳо дигар чизҳо супурданд. Заҳматкашони дарвозӣ барои сохтани колоннаи танкӣ ва эскад-рилияи самолётҳои қиркунанда 102600 сӯм гузаронданд. Чунин фаъолон, монанди Хошок Зиёев 11000 ва  Норкалла Тӯфонов 3000 сӯм пули нақд ба фонди мудофиа  бахшиданд».   
Ҳамчунин,  ин олими соҳаи таърих, дар  китоби «Ванҷ» овардааст: «Дар соли   аввали  ҷанг аз Ванҷ  312 ҷуфт ҷуроб,  284 ҷуфт дастпӯшаки пашмин, қариб 16 тонна ғалла ва бештар аз 78 ҳазор сӯм  ба фронт фиристонда шуд. Аз ҷумла, Идибек Ризоев, аз деҳаи Мотравни Ҷамоати деҳоти Язгулом, ба маблағи 90 сӯм ва Наҷмиддин Кабиров, сокини деҳаи Бичхарв, раиси колхоз, музди семоҳааш 400 сӯмро ба ҷабҳа  ирсол намуданд. Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Нилобек Ҷононаев   аспашро   ба фронт бахшид.  Ҳамин тариқ, таи панҷ соли ҷанг заҳматкашони  Дарвозу Ванҷ зиёда аз 700 ҳазор сӯм, ки он солҳо маблағи калон ба ҳисоб мерафт, ҷамъ карда, ба фронт интиқол доданд. Барои  ташкил намудани қисмҳои низомии механиконидашудаи  «Муаллими Тоҷикистон» ва «Комсомоли Тоҷикистон»  низ, мадад расонданд.
Марди куҳансоли деҳаи Ёгеди ноҳияи Дарвоз, Ҳофизи халқии Тоҷикистон Ризвоншо  Иҳмолшоев ёдовар мешавад, ки дар солҳои ҷанг духтаракони дарвозӣ рӯзона дар саҳро кор мекарданд, шабона дар рӯшноии фонус барои аскарбачаҳо ҷуробу дастпӯшак мебофтанд.  Артелҳои дӯзандагӣ дар  Қалъаихумбу  Рохарв барои сарбозон либос медӯхтанд. Сокинони водии Вахё, ки  ба чорводорӣ, занбӯриасалпарварӣ ва ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш  машғул буданд, барои сарбозон ва афсарони дар қисмҳои санитарӣ табобатшаванда асал, алафҳои дармонбахш ва равған мефиристонданд.
Мардуми Мурғоб, водиҳои Бартанг, Вахон ва Шоҳдараи ноҳияҳои Рӯшон, Ишкошим ва Роштқалъа маводи хеле пурқимат – мумиё ҷамъ менамуданд.  
Ҳамчун рӯзноманигор  иттифоқ афтода буд, ки бо  собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ Ҷангӣ Бекови ванҷӣ ва Ғозӣ Назарови дарвозӣ ҳамсуҳбат шавем. Онҳо нақл мекарданд, ки ҷанговарон туҳфаҳоеро, ки ба  фронт аз Тоҷикистон, аз ҷумла аз Бадахшон мефиристонданд, хеле хуш мепазируфтанд. Сарбозону  афсарон дар саҳифаҳои газетаҳои  «Правда», «Известия»  ва аз ҳама бештар дар  рӯзномаи ҳарбии «Красная Звезда» ба мардуми тоҷик барои чунин туҳфаҳо изҳори миннатдорӣ ва сипосмандӣ менамуданд. Дар рӯзномаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла «Тоҷикистони  Сурх» аз ёрии заҳматкашони ақибгоҳ ба ҷабҳа дар ҳар шумора хабару мақолаҳо дарҷ мегардиданд.
Имат Бачабеков, ки дар давраи ҷанг  котиби колхози ба номи Сталин  буд, нақл мекард, ки  он вақтҳо дар ин мулки кӯҳистон шумораи колхозҳо қариб 30 адад буд. Қувваи корӣ намерасид,   киштзорон тариқи   барзаговон  кишт  мешуданд. Вазъият  тақозо менамуд, ки  пирони 70-80- сола говронаро ба даст гирифта, ба киштукор машғул шаванд.
Ҳамчунин, ин марди куҳансол, ёдовар мешуд, ки ҳамон давра роҳбарони ноҳияҳо ба сарварии колхозҳо, бригада ва фермаҳо,  идораву муассисаҳо занонро пешбарӣ менамуданд ва дар ин амали худ хато намекарданд.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ Қобиламо Баротова   раиси колхози ба номи Сталин, Бибимо Юсуфова раиси  колхози ба номи Андреев, Моҳбегим Қаландарова  ва боз чанд зани дигар сардори бригада буданд. Ин бонувони ташаббускор ва меҳнатдӯст солҳои баъдиҷангӣ ҳам ба колхозу бригадаву фермаҳо ва идораву  муассисаҳо сарварӣ  мекарданд. Бонувони ташаббускор, заҳматкаш ва шуҷоатманд Қобиламо Баротова вакили Шурои Олии Иттиҳоди Шуравӣ ва Бибимо Юсуфова вакили Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, бо  чандин ордену медалҳо  сарфароз гашта буданд.
Мутаассифона, имрӯзҳо заҳматкашони  ақибгоҳ ангуштшумор мондаанд. Ин марду занҳои солхӯрдаи гармӣ ва сардиҳои пурмашаққати  давраи  ҷанги хонумонсӯзро дида ва чашида   қарзи шаҳрвандии худро сарбаландона  ва аз рӯи оини  ватандорӣ комилан ба ҷо оварданд. Чунин мисраъҳои устоди зиндаёд Муъмин Қаноат аз достони «Китобҳои захмин» маҳз дар шаъни онҳо гуфта шудаанд: 
Шумо, эй марду занҳои камарбаста,                                                           
Ба ҳам пайванд бинмудед, роҳи зиндагониро, 
Раҳо кардед, аз мурдан ҷавониро,..
Зи рӯи ҳар варақ, рӯи шуморо мекунам аз ёд,
Зи рӯи ҳар сабақ, меҳри шуморо мекунам 
бунёд,
Шуморо ёд бодо, ёд бодо, ёд!
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.05.2022    №: 87    Мутолиа карданд: 1168
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед