logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
МУАММОИ ИДИ ҒАЛАБА
1. Иштирокчии  ҶБВ, Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ аз Тоҷикистон. 2. Асари адиби тоҷик, ки аз диловариҳо дар ҷанг қисса мекунад. 3. Навъи мукофот, подоши корнамоиҳо. 4. Миллати саркардаи ҷанг. 5. Шаҳре, ки муҳорибаҳои шадидтарин дар он ҷо гузаштааст. 6. Дарё дар Россия. 7. Адиби ҷангноманавис, иштирокчии ҶБВ. 8. Ҳаммаънои камингоҳ. 9. Қаҳрамони достони «Писари Ватан». 10. Навъи ширинӣ.  11. Шаҳри қаҳрамон. 12. Дарё дар Украина, шоҳиди ҷонбозиҳои қаҳрамонони ҷанг. 13. Қалъае, ки байрақи зафар дар он овехта шуд. 14. Давлат, саркардаи ҷанг. 15. Мафҳуми ҳамдигарфаҳмӣ. 16. Нашрияе, ки аз музаффариятҳо дар ҷанг хабар медод. 17. Исми кӯтоҳшудаи яроқи ҷангӣ. 18. Шаҳри қаҳрамон. 19. Муаллифи очерки таърихии «Чингизи асри ХХ». 20. Муборизи роҳи озодии Испания, ки се писараш  дар ҷанг шаҳид шудаанд. 21. Амали математикии  номаълум. 22. Генералиссимус. 23. Исми нахустин Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ аз Осиёи Миёна. 24. Мошини ҳарбии ҷангӣ. 25. Шаҳри қаҳрамон, ки дар он яке аз муҳорибаҳои пуршиддат ба амал омадааст. 26. Мафҳум, номи вазифаи кӯтоҳшудаи роҳбари гурӯҳи калони аскарон бо забони русӣ. 27. Қаҳрамони достони «Ғалабаи Таня» - и Лоҳутӣ. 28. Авиаконструктори тайёраи Як – 40. 29. Муаллифи асари  «Субҳи ин ҷо сокит аст». 30. Воҳиди маъмурӣ. 31. Насаби Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ аз Тоҷикистон. 32. Макони муқаддас. 33. Муродифи фатҳ, зафар. 34. Тиру ***, истилоҳи ҳарбӣ. 35. Рутбаи ҳарбӣ. 36. Навъи санъат, ки ҳодисаҳои ҶБВ – ро инъикос намудааст. 37. Хандақ бо русӣ. 38. Миллате, ки намояндагони он дар ҶБВ иштироки фаъолона доштанд. 39. Як навъи ракетаи қиркунанда. 40. Воситае, ки Ҳунарпешаи халқии ИҶШС Левитан тавассути он аз вазъияти ҷанг хабар медод.      
 
Таҳияи Фарзона СИДДИҚОВА, Донишҷӯи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ
 
Масъули рубрика 
Зулола БОБОРАҶАБОВА
Вайбер: 93-547-00-05, 
bzm_701@mail.ru
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
 
 
 
 
САЙЁРАИ ТОҶИКИСТОН
ДАР ИҲОТАИ МИРРИХ ВА МУШТАРӢ
Агар касе фикр мекунад, ки мо дар илми астрономия ё кайҳоншиносӣ дастоварди сатҳи ҷаҳонӣ надорем, бояд бидонад, ки дар системаи офтобӣ сайёрае бо номи Тоҷикистон арзи ҳастӣ мекунад, ки соли 2015 номгузорӣ шудааст. 
Ҷомеаи байналмилалии астрофи-зикҳо бо назардошти хидматҳои олимони тоҷик дар омӯзиши фазо ва саҳми онҳо дар илми ҷаҳонӣ барои чунин номгузорӣ тасмим гирифта, дар ин бора қарори дахлдор қабул карданд. Мадори сайёраи Тоҷикистон дар байни сайёраҳои Миррих ва Муштарӣ ҷойгир аст. Масофаи он  то Замин 250 миллион километр буда, даври гардишаш дар атрофи Офтоб панҷ сол мебошад.
 
Таҳияи Роҳатхони УМЕД
 
 
 
 
ҚУДРАТИ ИНСОН
16. ТОМАС ЭДИСОНИ МАЪЮБ - «САРЭЛЕКТРИКИ ҶАҲОН»
Томас Эдисон – кашшоф ва шахсияте, ки бо маҳорати фавқулодаи ихтироъкорияш шуҳрати ҷаҳонӣ дорад. Муаллифи 1093 патент дар Амрико ва қариб се ҳазори дигар дар кишварҳои ҳамҷавор аст. Хизматҳояш дар рушди илм бо олитарин мукофот - Медали тиллоии Конгресс қадр шудааст. Аз соли 1930 узви ифтихории Академияи улуми собиқ СССР маҳсуб меёбад. 
Албатта, баъди чунин як тавсифнома бовар кардан осон нест, ки Томасро дар наврасӣ ноқисулақл пиндошта, аз волидонаш хоҳиш карда буданд, ки ӯро аз мактаби муқаррарӣ бигиранд. 
Томас Алва Эдисон 11 феврали соли 1847 дар иёлати Огайои ИМА таваллуд шудааст. Дар оила фарзанди ҳафтум буд, гирифтори бемории махмалак ва хеле лоғару қадпаст. То синни чорсолагӣ гап зада наметавонист, гӯши чапаш ҳам, кар буд. Волидон ҳарос доштанд, ки Томасро ҳам мисли се фарзанди аввалаашон даҳсола нашуда, аз даст медиҳанд. Ҳарчанд дар мактаб аз Томас рӯй гардонданд, модараш, ки тарбияи хуб дошт, ӯро дар хона таълим дод. 
Талошҳои шабонарӯзии Томас дар 22 - солагӣ самар оварданду соҳиби нахустин патенти худ гашт. Дар як давраи кӯтоҳ ӯ ихтирооте анҷом дод, ки дар олами рушди ақлонӣ, бешак, таҳаввулоти куллӣ ба вуҷуд оварданд. Системаи равшанидиҳии барқӣ, телеграфи автоматӣ, ҳисобкунаки барқии овозҳо барои интихобот, фонограф, минеограф, монограф, принтери универсалӣ, кинетоскоп аз ҷумлаи кашфиётҳои Томас Эдисонанд, ки ба ӯ шуҳрати ҷаҳонӣ овардаанд. Ҷиҳати фарқкунандаи ихтирооти Томаси замоне маъюб ин аст, ки бо гузашти беш аз ду садсола ҳамаи онҳо дар ҳаёти имрӯз васеъ истифода мешаванд. Барҳак Томас «сарэлектрики ҷаҳон» аст.
 
Аз русӣ тарҷимаи Самад ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ПАРВОЗИ БАЪД АЗ МАРГИ МУРҒОБӢ
Дар авҷи гармии шикор, вақте Молотов мебинад, ки баъди ду тири рафиқ Сталин мурғобӣ ҳанӯз ҳам, парвоз дорад, барои аз хиҷолат баровардани доҳӣ лутф мекунад:
- Ин ҷонвар баъд аз марг ҳам, мепаридааст-да! 
 
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
 
АВВАЛИН  ҚАҲРАМОНҲОИ ҶБВ
ҚАҲРАМОНӢ ДАР КАМТАРИН ФУРСАТИ ҶАНГ
Ба гирифтани аввалин унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ сарнишинони ҳавопаймои қиркунанда аз ҳайати полки ҳавоии қиркунандаи 158-уми корпуси қиркунандаи 7-и Мудофиаи зидди ҳавоӣ бо Амри Президиуми Шурои Олии СССР Степан Здровсев, Михаил Жуков ва Пётр Харитонов мушарраф гаштанд. Ба хотири қаҳрамонии онҳо дар саҳифаи аввали рӯзномаи «Правда» аз 9 июли соли 1941 мақола бо аксашон чоп шуд, ки дар он омадааст: «Шараф ба қаҳрамонҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ! Халқи шуравӣ бо уқобони  пуршарафи авиатсияи сталинӣ, ки душмани ғаддорро бераҳмона маҳв карда, зарбаҳои ҷонкоҳро ба қувваҳои Олмони фашистӣ мезананд, ифтихор менамояд.
Фашистони лаъинро торумор менамоем!».
Қисмати ин се ҳавонавард барои онҳое, ки минбаъд  меҷангиданд, намунаи ибрат шуд.
 
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
 
 
 
ОБРАЗИ СТАЛИН
Ҳунарманди гурҷӣ Михаил Геловани, ки ба Сталин воқеан монандӣ дошт, солҳои 40-ум дар филмҳо нақши ӯро меофарид. Оҳиста-оҳиста ба доҳӣ наздик шудан гирифту гоҳо ба қавле аз худ рафта дар ҳузури ӯ низ суханҳои болохонадор мегуфт. Аз ҷумла, дар як нишасти унс бо виқор ба Сталин арз дошт, ки барои ба образи шумо жарфтар ворид шудан ман бояд дастикам ду ҳафта дар бӯстонсарои хизматиатон истироҳат кунам.
Ин сухан ба рафиқ Сталин хуш наомад, ки гуфт:
- Магар беҳтар нест, ки туро ба водии Туруханский бадарға кунем. Ман дар он ҷо чор сол асир барин зиндонӣ будам. Меравӣ, азобу шиканҷаи кашидаи маро бо чашмони худат мебинӣ ва образамро чуқуртар меомӯзӣ. 
 
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
МУЪҶИЗАҲОИ ВАРЗИШ
ФИНАЛИ «ФОҶИАВӢ» 
26 майи соли 1999. Зӯрозмоии финалии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо миёни «Манчестер Юнайтед» ва «Бавария». Он шаб беш аз 90 ҳазор мухлиси футбол дар варзишгоҳи «Камп Ноу» (Барселона) ва миллионҳои дигар паси «оинаи нилгун» шоҳиди муъҷизаи ҳақиқӣ гаштанд. 
Дар оғози вохӯрӣ Марио Баслер аз зарбаи ҷарима мюнхениҳоро ба пеш баровард ва бозӣ таҳти назорати онҳо гузашт. Вақти асосӣ бо ҳамин ҳисоб  ба анҷом расид. Довар Перлуиҷи Коллина се дақиқа илова намуд. Дар дақиқаи якуми изофӣ «МЮ» зарбаи кунҷӣ ба даст овард. Ҳамаи бозигарон, ҳатто дарвозабон ба майдони ҷаримавӣ рафтанд. Партофти Дэвид Бекҳэмро мюнхениҳо аз ҷаримагоҳ берун карданд, вале Шерингем пас аз зарбаи бебарори Гиггз тӯбро вориди дарвоза намуд ва ҳисоб баробар шуд. Пас аз 30 сония англисҳо дубора имкони иҷрои зарбаи кунҷиро пайдо карданд. Партофти Бекҳэмро Шерингем бо сар ҷониби Сулшер равон ва ӯ ҳисобро 2:1 намуд ва тимаш ғолиби Лигаи қаҳрамонҳо гардид. Ҳамин тавр, ин бозӣ унвони финали «фоҷиавӣ»-ро гирифт.
 
Таҳияи Маҳмуд МИРЗОЁН
 
 
 
 
БИНОИ МОҲИШАКЛ
Соли 2012 дар шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон дар шакли моҳӣ биное сохта шуд, ки моҳипарварони машҳури Ҳиндустонро ба ҳам овард. Моҳипарварон барои сохтмони он 3 миллион евро харҷ карданд. Бинои моҳишакл замонавӣ буда, дорои як ҳавзи калон бо 18 намуд моҳӣ мебошад. 
Онҳо ба аксбардории бино иҷозат намедиҳанд, зеро намехоҳанд, аз таҷрибаашон дигар кишварҳо истифода баранд. Танҳо баъди ба «Китоби рекордҳои Гиннесс», ҳамчун бинои ҷолибтарин ворид шудан, дар Боғи миллии Какадуи Австралия меҳмонхона дар шакли тимсоҳ сохта шуд. Баъдан, дар Амрико хона дар шакли саг, ҳамчунин, соли 2017 бино дар шакли фил дар Ню-Ҷерси ва як бинои дигар дар Россия ба шакли фил сохта шуданд.
 
Таҳияи Шаҳноза САБУРОВА
 
 
 
 
РЕСТОРАНЕ,  КИ ТЕЛЕФОНАТОН «ЗИНДОН» МЕШАВАД
Дар Австралия тарабхонае ҳаст, ки он ҷо бо истифода набурдани телефони мобилӣ, метавонед 10 дарсад камтар ҳаққи хизматро пардохт намоед.
Дар байни мизи хӯрокхӯрӣ қафаси хурде насб шудааст, ки пешхизмат телефонҳои шуморо гирифта, он ҷо «зиндонӣ» ва, албатта, калидро бо худ мебарад. Ҳамин тавр, вақти рафтан бо харҷи камтар телефонатонро аз қафас мегиреду аз дар берун мешавед. Ҳоло ин тарабхона муштариҳои бешумор дорад.
 
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
 
 
 
КОРРУПСИЯ
ДАР ЭРОН АНГУШТИ ДУЗДОНРО МЕБУРАНД ВА ПОРАХӮРОНРО ЭЪДОМ МЕКУНАНД
Дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки низоми ҳуқуқиаш ба қонунҳои шариат асос ёфтааст, барои ришвахӯрӣ ҷазоҳои сахт пешбинӣ мешавад. Аз ҷумла, барои дуздии моликияти давлатӣ ё дуздии маъмулӣ ангуштон ва як қисми пойи муттаҳамро мебуранд. Агар ҷиноят такрорӣ содир шуда бошад, айбдоршаванда эъдом мешавад. Барои чунин ҷазо ҳаҷми маблағ зарур нест, танҳо исботи далели дуздӣ. Зимнан, агар дар Эрон мансабдоре аз нашъаҷаллобон пора гирифта бошад, ӯро фавран ба марг маҳкум мекунанд.  
 
Таҳияи Фаромарз РАҲМОНИЁН
 
 
ДУЗДҲОИ БОИНСОФ
1. Дузде, ки ноутбуки профессори Донишгоҳи “Umeа Шведсия” - ро дуздида буд, ҳама маводи дохили онро ба соҳибаш баргардонд. Вақте профессор аз гум шудани ноутбук хабар ёфт, аз ҳуш рафт, зеро дар он заҳмати 10 – солааш сабт гардида буд. Дузд пас аз чанд вақт ба профессор флэшкаеро баргардонд, ки дар он ҳамаи маводи ноутбук ҷой шуда буд.
 
Таҳияи Зикруллоҳи РАҶАБ
 
 
 
 
МУЪҶИЗАҲОИ ТАБИАТ
10. ҶАНГАЛИ САНГИНИ СИНЖИ ДЮ БЕМАРАХА ДАР МАДАГАСКАР
Шаклҳои аҷиби оҳаксанг дар мавзеи Синжи дю Бемараха сабаби ҷангали сангини Мадагаскар ном гирифтани ин муъҷизаи табиӣ шудаанд. Шумо дар ин ҷангал ғайр аз сохторҳои ҳайратангези он, ҳамчунин, метавонед мангровҳои ҳифзшуда ва набототу ҳайвоноти аҷибро бубинед. 
 
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
 
ИНСОН БА ХУДАШ ҲАМ ЗАРАР МЕРАСОНАД
Соли 1963 дар Боғи ҳайвоноти Бронкс бо номи «Хатарноктарин ҷонвари рӯи олам» намоиши аҷибе ташкил шуд. Баъди ҳама ҳайвонҳои ваҳшӣ  оинаеро бо чунин навиштаҷот дар девор овезон карданд: "Шумо дар ин оина ҳайвони хатарноктарини оламро мебинед. Ӯ яке аз он ҷонваронест, ки  метавонад тамоми мавҷудоти рӯи оламро нобуд созад ва ҳам нест кунад. Ӯ қодир аст ҳаёт дар рӯи Заминро аз байн бубарад». Воқеан ҳам, инсон ягона мавҷудотест, ки ҳатто ба худаш зарар мерасонад.
 
Таҳияи Нигина РАҲМОН
 
 
 
МАЪРУФТАРИН ОЛИМОНИ  ТАЪРИХИ БАШАРИЯТ
МАЙКЛ ФАРАДЕЙ  (С. 1791 – 1867)
Физики маъруф аз нажоди англисҳо буда, дар оилаи оҳангар ба дунё омадааст ва барои пеш бурдани зиндагӣ як муддат дар кӯчаҳо рӯзномафурӯшӣ ҳам кардааст.
Фарадей ба таври худомӯзӣ фанҳои физикаву химияро аз худ кард. Ӯ фақат дар мактаби ибтидоӣ хонда, сипас, дар Ҷамъияти фалсафии шаҳрӣ ширкат ва донишашро такмил дод. 
Яке аз китобҳои маъруфи илмии ӯ «Таърихи шамъҳо» ном дорад.
Дастовардҳои Фарадей таъсиси аввалин модели муҳаррики барқӣ, исботи якхела будани намудҳои барқ, ихтирои трансформатор, анҷоми таҷзияи (анализи) химиявии оҳак, корбасти истилоҳоти «электролиз», «катод» ва «электрод» мебошад. Ӯ аввалин бор ифодаи «майдони магнитӣ» - ро мавриди истифода қарор дод. 
 
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
 
 
 
84 СОЛИ ФАЪОЛИЯТ ДАР ЯК ШИРКАТ
Уолтер Ортманн аз Бразилия дар ширкати «Renetaux View» 84 сол кор кард. Ӯ 15 - сола буд, ки дар он ба кор қабул гардид, - хабар медиҳад сомонаи «Китоби рекордҳои Гиннесс». Уолтер ҳамчун ёрдамчии интиқолдиҳандаи мавод соли 1938 ба кор шуруъ кард. Ӯ инро ба хотири ёрии молӣ расондан ба хонаводааш, ки дар баробари панҷ кӯдак фарзанди калонӣ маҳсуб мешуд, анҷом дод.
19 апрели соли 2022 Уолтер Ортманн 100 – сола шуд. Ҷашни якасраи мавлудашро бо ҳамкорон низ таҷлил намуд.
Ин пирмард сертификати «Китоби рекордҳои Гиннесс»-ро оид ба муддати тулонӣ дар як ширкат кор кардан ба даст овард. Ҳамин тавр, ӯ рекорди қаблии худро, ки соли 2019 собиқаи кориаш 81 солу 85 рӯзро ташкил медод, тағйир дод.
 
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
 
ҒАЛАБА 
БО ҚИМАТИ ҶОНИ МИЛЛИОНҲО
Ё АЗ 5 МИЛЛИОН АСИР ТО ҚАТЛИ  473 ҲАЗОР ДАР ЛАГЕРҲОИ ФАШИСТӢ
Тибқи маълумоти бойгонӣ ва санадҳои аз ҷанг боқи-мондаи Германия то 1 май соли 1944 дар лагерҳои фашистӣ 1 миллиону 53 ҳазор нафар асирони шуравӣ буданд. Ҳуҷҷатҳои боқимонда нишон додаанд, ки то он  замон боз 1 миллиону 981 ҳазор маҳбус мурда ва 473 ҳазор нафар қатл шудаанд. Зимнан, 768 ҳазор каси дигар дар лагерҳои транзитӣ ҷон додааст. Дар умум, аз 22 июни соли 1941 то 1 майи соли 1944 бештар аз 5 миллион нафар хизматчиёни ҳарбии шуравӣ асир афтодаанд.
 
Таҳияи Наргис РОЗИҚОВА
 
 
 
ИСТЕҲСОЛИ БЕШ АЗ  100 ҲАЗОР САМОЛЁТ ВА ТАНК ДАР СОЛҲОИ ҶАНГ
Иқтисодиёти СССР дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ на он қадар поин рафт, зеро дар он солҳо  саноати мошинсозӣ ва металлургия пурра ба эҳтиёҷоти ҳарбӣ, аз истеҳсоли лавозимоти набард то танксозӣ равона гардида, ҳаҷми зарурии маҳсулот истеҳсол мешуд. Аз ҷумла, тибқи маълумоти “Росстат”, дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ  103 ҳазор танк, 112 ҳазор самолёт истеҳсол гардид. Дар ин давра ба Иттиҳоди Шуравӣ боз 12 ҳазор танк ва 22 ҳазор ҳавопаймо интиқол дода шуд.  Дар солҳои ҷанг Армияи Сурх 367 ҳазор мошини боркаши амрикоӣ гирифт. Манбаъ, мутаассифона, дар хусуси ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот дар солҳои ҷанг  маълумот пешниҳод накардааст, аммо аз тавлиди металлҳои ранга, аз қабили алюминий, иттилоъ медиҳад, ки ба нигоҳдории рушди соҳа мусоидат намуд. 
 
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
 
 
 
ШАҲРҲОИ ҚАДИМТАРИНИ ДУНЁ 
ИЕРАХОН
Он дар   самти  ғарбии  соҳили    дарёи Урдун,  ҳудуди Фаластин,  ҷойгир  мебошад.  Аз он ки   Иерахон  аз ҷониби  яҳудиҳои Аҳди Қадим  торумор  гардида,   ҳукмравоии он  ба ихтиёри қабилаи канъониён   даромадааст,  дар «Инҷил» ҳам, ёд  шудааст.  Давлатдории  онҳо наздики 600 сол, то асри IХ тул кашидааст.  
Тавре ки  аз   таърихи  Аврупо ва Шарқи Наздик  бармеояд,  аввалин сафарҳои салибдорон  низ,  маҳз ба Иерахон – шаҳри Арих  рабт доштааст. Дафъатан Иерахонро  Султони Миср – сарлашкар Саладин ва Шоҳи Байтулмуқаддас  Ги де Лузинян ва соли 1517  Султони усмонӣ – Салим 1 таҳти нуфузи худ   қарор додаанд. Тибқи  маълумоти бостоншиносон,  ёдгориҳои  чандинасраи  Иерихон шоҳиди ҳашт  тохтутозу  қудратнишинону  сарлашкарҳои  византиягӣ,  яҳудиҳои Аҳди Қадиму   баъдӣ,  исроилиҳо, канъониёни  Аҳди Қадиму  баъдӣ ва, дар охир,  Хилофати арабу туркони усмонӣ гаштааст.  
 
Таҳияи  Иронбӣ  МӮСОЗОДА 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.05.2022    №: 87    Мутолиа карданд: 2408
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед