фарҳанг
«ЭДИП» - ЧЕМПИОНИ ҶАҲОН» АРМУҒОНИ КАМОЛОТИ ҲОШИМ ГАДО
Артисти халқии СССР, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаву унвонҳои олии ватаниву хориҷӣ Ҳошим Гадо ҷилди 604-уми осори худро бо номи «Эдип» - чемпион мира» («Эдип» - пештози ҷаҳон») ба чоп расонд.
Ин китоб бештар ва пештар дар бораи нақши мондагори ҳунарманд – образи Шоҳ Эдип нақл мекунад. Бештари мунаққидон ва коршиносони ҳунари театрӣ аз байни садҳо образҳои офаридаи Ҳошим Гадо Эдипро бо ибораи «инқилоби Ҳошим Гадо» ситоиш кардаанд.
Директори вақти театри Дӯстии халқҳои шаҳри Москва Михаил Чигир ба ин намоиш чунин баҳо додааст: «Аз тамошои намоиши «Эдип», ки коргардон ва офарандаи нақши асосияш – шоҳ Эдип Ҳошим Гадоев мебошад, ончунон ба ваҷд омадам, ки қудрати баёнаш надорам. Дар Ҷопон ба актёр унвон ё орден намедиҳанд. Актёрони бузурги онҳо сарвати миллӣ маҳсуб меёбанд. Ҳошим Гадоев актёри бузург ва сарвати халқи тоҷик мебошад. Агар намояндагони ин халқи шариф, ки ҳоло дар толор нишас-таанд, розӣ бошанд, пешниҳод мекунам, ки Ҳошим Гадоев сарвати халқи рус низ эълон карда шавад».
«Эдип» қуллаи эҷоду кофтуков ва аз нодиртарин бозёфти Ҳошим Гадост. Муҳаррири масъули китоб Л. Жданова дар оғози «Эдип» - пештози ҷаҳон» аз суханони Павел Чхеидзе, журналисти номвар иқтибос овардааст: «Ҳошим Гадо як ҷаҳони кулл, як падидаи номафҳум, мушкилмаърифат ва пур аз тазод аст. Гоҳо ӯро дар симои як шахсияти муассир ва мағрур бинем, дар ҳолати дигар кӯдаки якраву маъсум дармеёбем».
Асари зикршуда бори аввал дар соли 1987 дар Москва намоиш дода шуда, мардуми нуқтасанҷи русро водошт то ба шукӯҳи ҳунари як тоҷик ангушти ҳайрат бигазанд. Бори дувум намоиш ба Рӯзҳои фарҳанги пойтахти Тоҷикистон дар пойтахти Россия – Москва (1997) рост омад ва он сол ҳамзамон театр 850-солагии худро таҷлил мекард. Дар он замон, ки на танҳо баъзе кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, балки худи Россияро низ инқилобҳои сурх фаро гирифта, мардум ниёзмандии шадидро ба ахлоқ эҳсос мекараданд, «Эдип» барои тарғиби маънавият, покизагии ботин ва бозгӯии бисёр масъалаҳои ҳассос ёрдам кард.
Бештари ҳунаршиносон барои он ба нақши офаридаи қаҳрамони мо имон овардаанд, ки бозидани он барои актёрҳо хеле сангин аст, дар ҳоле ки Ҳошим Гадо бештар аз 100 бор ин нақшро дар саҳнаҳои Душанбеву Москва офарид. Ба як овоз таъкид кардаанд, ки Эдип яке аз образҳои душворфаҳму пуртазод ва аз назари психологӣ хеле мушкили осори Софокл аст. Такрор ба такрор бозидани ин нақш ба асаби ҳунарманд бетаъсир намемонад.
Дар китоб шеъри «Актёр»-и шоири маъруф Мастон Шералӣ оварда шуда, аз ин боб қисса мекунад:
Зи номи дигаре гуфтор кардан,
Ба хулқи рафтае рафтор кардан.
Набошад кори осон рӯи саҳна
Гузаштадаврае такрор кардан.
Китоби ёдшуда, ки аз 134 саҳифа иборат аст, ҳазорон иқтибосу навишта ва гуфтаҳои мунаққидони бузурги театри синамо, журналистон, адибон ва мухлисонро фаро мегирад.
Ёдовар шудан бамаврид аст, ки дар остонаи ҷашни камоли Ҳошим Гадо филми мустанад дар бораи ҳаёту фаъ-олияти воқеии ӯ – «Ман» рӯи экранҳо омад. Тамошои ин филм барои бештар шинохтани ин симои беназири санъати театр ва синамо хеле муфид аст.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.05.2022 №: 88 Мутолиа карданд: 1670