logo

иҷтимоиёт

СИМУРҒИ ҲОШИМ ГАДО

Намоди (образи) ҷонварон дар пиндорҳову гуфторҳои мардумони ҷаҳон хеле зиёданд. Рӯ овардан ба ҷонварону парандагон ва офариниши намоди онҳо дар адабиёт табиист, зеро онҳо аз оғоз то имрӯз ҳамраҳи одамон буданд.   Ҳамин аст, ки инсонҳо бо мушоҳидаи кирдорҳои ҷонварон онҳоро гаҳе бо  рафтору кирдори  одамон ҳамсон дарёфтаанд. Чуноне ки макру ҳила ва танозиву карашмаи занонро дар намоди рӯбоҳ бозгӯ менамоянд. Саг намоди вафодорӣ, гурба - бевафоӣ ва дуздӣ, тӯтӣ - тақлид, буз - хабаркашӣ ва бевафоӣ, уқоб - ҳавобаландиву ғурур, каргас - лошахориву муфтхӯрӣ, зоғ - наҳсу шумӣ, гург - даррандагӣ ва қудрат... 
Намодҳои ҷонварону парандагон дар фарҳангу оинҳо ва забони  мардумон, аз ҷумла тоҷикони мо, фаровон ба кор бурда мешаванд. Мардуми мо аз пашаву мӯрча то шеру фил намодҳое сохта, ба василаи онҳо ба хотири гӯёву расо гаштани андешаҳои худ қаҳрамонони мусбат ва ё манфӣ метарошанд.
Ҳамчунон, одамон дар баробари офариниши намодҳои ҷонварону парандагони зинда, як силсила намоди хаёлии парандагонеро офаридаанд, ки зӯру ҳунари афсонавӣ дошта, ба одамони некхоҳ ёрӣ мерасонанд. Ба сони ҳумо, анқо, қақнус, самандар, симурғ ва чанде дигар. Дар китоби муқаддаси бостонии мо “Авасто” мурғе ба тасвир омадааст бо унвони Варғана. Ин мурғест, ки ҳар гоҳ ба колбуди инсони накукору шоиста ворид шавад, ба чеҳрааш нури эзадӣ ҳувайдо гашта, ӯро ба подшоҳӣ меписанданд ва ҳар гоҳ ӯ ба бадкорӣ роҳ дода, худситоиву худпарастӣ мекунад, мурғи Варғана аз пайкараш баромада аз тахти шоҳӣ сарнагун гашта,  ба нокомиҳо гирифтор мегардад. Ба ҳамин монанд, дар адабиёти мардумии мо таркиби «бози давлат» ривоҷ дорад, ки онро дар мавриди тавсифи шахси комёб ба кор мебаранд. Дигар мурғи ҳумо, ки ба забони арабӣ анқо номида шудааст (қақнус, самандар). Ин парандагони афсонавӣ аслан оташхор буда, дар оташ месӯзанд ва аз хокистарашон тухм пайдо шуда, аз тухм ҳумо баромада ба ҳаво парвоз мекунад. Ин мурғро устухонхор низ номидаанд. Мурғи ҳумо рамзи дубора зиндашавӣ мебошад, ки гоҳе одами нексиришту наҷотбахшро ба он ташбеҳ медиҳанд. Дар «Ғиёс-ул-луғот» омадааст: “Ҳумо мурғест, ки устухон мехӯрад ва бар сари ҳар кӣ сояи ӯ афтад ба давлат ва салтанат мерасад”. 
Ҳумо (Ҳумой) дар адабиёти форсу тоҷик аз ҷойи баланде бархӯрдор аст ва шоирон дар сурудаҳои худ онро ҳамчун парандаи хушбахтӣ, фарру шукӯҳ ёд кардаанд. Чуноне Ҳаким Фирдавсӣ нигоштааст:
Ҳумои сипеҳре бигустурд пар,
Ҳаме бар сараш дошт соя зи фар.
Мурғи асотириву камёфти дигар Қақнус мебошад, ки ин ном арабишудаи номи Кукнос (Kuknos) аст ва дар ривоятҳои ҳиндуэронӣ танҳо буда ҷуфте надорад. Вай ҳазор сол умр дида, дар рӯзи ҳазорсолагӣ аз шохаҳои ҳезуми хушки ҷамъкардааш тудаи калоне месозад ва болояш нишаста чунон овози баланде сар медиҳад, ки аз овози худ ба ваҷд омада, болҳояшро меафшонад ва бо ёрии минқори худ оташ меафрӯзад ва бо сӯхтан дар оташ аз вай тухме падидор мегардад ва бад - он сон зиндагии  худро ба поён мерасонад ва дар ҷояш қақнуси дигар зоида мешавад ва зистгоҳи худро маъбади Офтоб мепазирад.
Мебояд гуфт, ки ҳанӯз падари шеъри форсӣ - тоҷикӣ Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ манзумаеро унвонии «Калила ва Димна» сурудааст, ки, мутаассифона ҷуз ду - се байти он то замони мо нарасидааст. Дар адабиёти форс - тоҷик осори тамсилии Абуалӣ ибни Сино бо номи «Рисолат-ут-тайр», Убайди Зоконӣ «Муш ва Гурба», «Баҳориёт» - и Сайидои Насафӣ, «Мантиқ-ут-тайр» - и Аттори Нишопурӣ, ки дар маснавии рамзии тасаввуфӣ будубоши парандагонро ба зиндагии руҳӣ ва маънавӣ иртибот додааст. 
Чуноне дида мешавад, намоди Симурғи Шайх Аттор баргирифта аз достонҳои «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ мебошад, вале ин мурғи афсонавӣ дар бозтоби сухансарои садсолаи X  ва шоири ирфонсарои асри XIII дархӯри тафовути комилан дигаргуна аст. Симурғи Ҳаким Фирдавсӣ парандаи хирадманд аст. Ӯ фарзанди Соми Наримонро, ки бо иллати кажандешиву хурофотпарастии одамон бархоста аз мӯю абрӯи сафеди навзод, ба гумони наҳсу бадбахтӣ овардан, ба саҳро меафкананд, то хӯроки лошахорон гардад. Аммо Симурғ ӯро аз ин хатар раҳо дода, ба воя мерасонад ва ба назди одамон бармегардонад. Он кӯдакро Симурғ Золи Дастон меномад ва аз Золу зани ӯ Рӯдоба таҳамтани наҷотбахши Эрон - Рустам зода мешавад. Дар маснавии «Мантиқ-ут-тайр»-и Аттори Нишопурӣ, парандагон гирд омада барои пайдо кардани шоҳи худ ба осмон парвоз мекунанд. Симурғ дар пушти кӯҳи Қоф умр ба сар мебурд. Барои ба ҳузури ӯ расидан бояд ҳафт водиро, ки бениҳоят хатарноканд бипаймоянд. Дар паймудани ин роҳи пурхатар мурғоне буданд, ки дуриву ранҷи роҳро дида аз сафар даст кашиданд. Дар ниҳоят симурғ боқӣ мемонад, ки дармеёбанд Симурғи дар ҷустуҷӯяш ранҷбурда, ҳамин си мурғи ба водии Фано расида мебошанд.
Мо ин пешсухани ба дарозо кашидаи худро дар пиромуни бозтоби намоди ҷонварону парандагон барои он овардаем, ки хонандаи гиромӣ назди худ пурсише нагузорад аз чист нависандаи бузурге чун Ҳошим Гадо, ҳунарманди нотакрори театру кино дар баробари шахсиятҳои нобиғаву, ҳамзамон, аз гили пурасрору шигифтоваре хелидаву рехта, чун Нитсше, Ван Гог, Салвадор Дали, Делакруа, Чюрлёнис, Ландау, Шуман ва дигарон бахше аз осорашро ба зиндагии ҷонварону парандагон бахшидааст. Мо дар зиндагии худ ба намунаҳои бешумори сухангӯии одамонро бо ҷонварон дучор омадаем. Ҳамон гуна ки модари нависандаи ин сатрҳо бо модагови ширдеҳаш бо як меҳрубониҳо сухан мегуфт ва пай мебурдам модагов, ки гӯё суханони соҳибашро дарк мекунад, бо ризоият сар меҷунбонд. Гӯё миннатдор буд, ки модар гӯсолаи ӯро нигоҳубин ва тарбия мекунад, бад-он сон ки модар аз доя сипосгузор бошад. 
Аз гуфтугӯи телефонии бо Ҳошим Гадо доштаам, нуктаи ҷолиби танҳо хоси одамони ғайриодӣ ва нобиғагон бударо пай бурдаам. Ва низ дарёфтаам, ки Ҳошим Гадо низ дар кӯдакиву навҷавонӣ бо говони пода гуфтугӯ мекард, вале гуфтугӯи ӯ бештар зории корафтодаеро мемонд, ки аз ёрии одамон бенасиб, аз гови ҳамсоя ёрӣ мехост. Гуфта будем, ки ӯ бенасиб аз меҳри модари ҳаргиз бо чашм надидааш, ба панҷаи номеҳрубони модарандар меафтад. Ягона чашмаи меҳрро дар чашмони тира ва дастони пажмурдаи модаркалон дарёфта буд, аммо  ӯ ҳам дар дуриҳо мезисту модарандар намегузошт то моҳе як бор ба дидораш шитобад. Модарбузург, ягона инсоне буд, ки шавқи дидори ӯро дошт ва интизорӣ мекашид, ки набераи ятимашро, ёдгори ҷигарбанди дар муҳорибаҳои кишварҳои дур ҷон рӯйи каф доштаашро, аз наздик бубинад. Модарандар ба Ҳошими хурдсол шарт мегузорад, ки агар бихоҳӣ пеши момаат равӣ, се қопча саргини гов ҷамъоварӣ кун. Ин кори осон набуд, зеро ҷуз ӯ подабон ва ду писараш низ барои тапак саргини ҷонваронро захира мекарданд. Ҳошим Гадои хурдсол мепиндошт, ки говони раҳмдили чашмкалони мижгондарозро метавон бо зориву меҳрубонӣ барои берун баровардани маводи сӯзишворӣ водошт. Ва ба ростӣ ҳам гаҳе модагови ҳамсоя, ки ҷуз чаридани алафҳои пушта, шомгаҳон соҳибаш барои афзун кардани шир, кунҷора низ мехӯронд. Ва чанд бор нақшаи модарандарро дар мавриди се халтаи супоришӣ иҷро карда, шарафманди дидори модаркалон гашта буд. Дар хонаи модаркалон як-ду рӯз аз талқону тӯтпуз шикам сер карда, ба шаҳр бармегашт. Дар бозгашт гардани говонро ба оғӯш гирифта бо онҳо гӯшакӣ мекард, арзи сипос мехонд. 
Дарвоқеъ, Ҳошим Гадо ҳанӯз дар ҷилди нахустии асарҳои насрии худ чандин ҳикояҳои тамсилие (масалҳое)-ро ба тасвир расондааст, ки баъзе аз он намодҳои ҷонваронро адибон ба кор набурдаанд ва, ҳамзамон, дар зарбулмасалҳои мардумӣ фаровон дучор меоем. Чунончи «Пойи кайкро наъл кардан», «Иллат дар гандаву шабуш дар ҷанда» ва монанди он. Одамон шабушкону кайкон ва хомӯшакон (кӯрпашаҳо)-ро намоди хунхороне медонанд, ки дар либосу рахти хоб, мӯйи сару пушти пардаву сӯрохи девор пинҳон шуда, бо ба даст овардани мавқеи муносиб ба ҳангоми хоби одамон ноаён ва гаҳе бедорӣ неш ба пӯсташон халонда хун мемаканд. Онҳо одамонро на танҳо ранҷ медиҳанд, балки бо нешҳои чиркину заҳрогини худ сабабгори бемориҳои вогир ва марговари онҳо мегарданд. Ҷуз хомӯшак, ки новобаста ба номаш овози борики дилгир дорад, дуйи дигараш чун хунхори шабехунзан оҳиста ва бесадо аз зери пӯст хуни гарми одамиро дам мекашанд.
Ҳошим Гадо намоди ҳашараҳои хунхорро дар ҳикояҳои «Разми шабушкон бо кайкон» ва «Суҳбати ду хомӯшак» ба тасвир расондааст. Аммо муаллиф ба хунхории ин ду ҷондори дар зиндагиашон ба ҳамдигар рақобатнадошта сухан ба миён намеоварад, ӯ бештар ҳадафи зиндагии ин ду ҳашараро, ки хӯрдани хуни одамон аст, бо чашми бинои худ нигариста, ҳамсонии онҳоро бо кирдори одамон ҳамгун дидааст. Мо дар ин фурсат имкон надорем, ки ҳама офаридаҳои Ҳошим Гадоро, ки рамзи ҷонваронро ба кор бурдааст, баррасӣ ва намуна оварем. 
Ҳошим Гадо асарҳои тамсилии зиёде офаридааст, ки онҳо аз осори классикони адабиёти Ғарбу Шарқ тафовут доранд, ӯ дар пушти намоди офаридаи худ бештар одамони замонаи худро дар назар дорад ва барои имрӯзиён хеле пандовар мебошанд. Чунончи дар масале гуфтори худбахуди дарахти бузурге суханони пандомезе оварда шудааст, ки ба рӯзгори мо рост меояд. Дарахт аз бехирадии одамон дар шигифт аст, ки ҳамдигарро мекушанд. Барои ин силоҳҳои қатли ом офаридаанд ва ҳатто зиндагии тамоми инсоният ва ҷонварони рӯйи Заминро дар хатар гузоштаанд. Дарахти пирсол дар шигифт аст, ки чаро одамон зери сояи ӯ гирд омада, аз роҳи гуфтугӯ масъалаҳои баҳсбарангезро ҳал намекунанд, ҷавонони бегуноҳро ба куштан медиҳанд.  Одамон аз бехирадии худ хатари нестшавии сайёраи Заминро ба миён гузоштаанд.
Масалҳои дигари Ҳошим Гадо «Фоҷиаи гург», «Қурбоқа ботлоқ мехост», «Уқоб ва зоғ», «Ду мусича»,«Суҳбати ду хомӯшак», «Какаду ва ҳумо», «Магас», «Куку»,  «Маймун», «Саги бесоҳиб», «Моҳичаҳо», «Моҳӣ дар регзор» ҳам тозаву омӯзандаанд. Хуб мебуд агар он офаридаҳо дар китоби алоҳида гирд оварда шаванд.  
Асарҳои Ҳошим Гадоро, ки аз 500 ҷилд бештаранд ба пиндори мо хрестоматияи зиндагӣ мебошанду ба осори адибони Ғарб шабоҳати хосе доранд. Онҳо дар босаводу хушзеҳн кардани ҷавонон нақши муҳим хоҳанд дошт.  
 
Зафар МИРЗОЁН, 
устоди  Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.05.2022    №: 88    Мутолиа карданд: 313
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед