logo

Хабарҳо

КӮЛОБ. ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҒАЛАБА

Дар шаҳри Кӯлоб ба ифтихори 77- солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 чорабинии идона бо иштироки раиси шаҳр Бахтиёр Назарзода, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо,  собиқадорони ҷангу меҳнат ва дигар шахсони фаъол баргузор гардид. Нахуст, барои поси хотираи шаҳидони ҷанг маросими гулчанбаргузорӣ сурат гирифт. 
 
Чорабиниро раиси шаҳр ифтитоҳ намуда, собиқадорони ҷангу меҳнат ва кулли сокинонро ба ин санаи фархунда табрик намуда, иброз дошт, ки Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои насли ҷавони имрӯза ва ояндаи кишвар дарси матонату ҷавонмардӣ буда, то абад гиромӣ дошта мешавад. Зеро он нишонаи олии ватандӯстиву фидокорӣ ва сабақи бузурги шуҷоату мардонагӣ ба хотири ҳимояи Ватан ба ҳисоб меравад. Боиси ифтихори мост, ки беш аз 260 ҳазор нафар ҷавонмардони далери Ватани мо низ дар набардҳои шадиди ин ҷанг шуҷоати бемисл нишон доданд. Зиёда аз 92 ҳазор нафари онҳо дар ҷанг ҳалок шуданд. Номи нек ва корнамоиҳои онҳо дар сафҳаи таърих бо хатҳои заррин сабт гардида, ҳеҷ гоҳ хизматҳои онҳо фаромӯш намешаванд. 
Зикр гардид, ки гиромӣ доштани хотираи таърихӣ аз Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дар ин росто ҳимояи манфиатҳои ҷомеа, ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт кардани сулҳу субот ва амнияти давлат ин қарзи имониву виҷдонии ҳар яки мо мебошад. Аз ин лиҳоз, месазад, ки наслҳои имрӯзаро дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, ободкориву созандагӣ ва сулҳпарварию башардӯстӣ тарбия намоем.
Дар чорабинӣ, инчунин, сардори раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақаи Кӯлоб Раҳмон Давлатзода, раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнат дар минтақаи Кӯлоб Сайдмурод Исмоилзода ва иҷрокунандаи вазифаи раиси кумитаи кор бо ҷанговарони башардӯсти шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб Бахтиёр Раҳмонов ва дигарон бо маърузаҳои худ баромад карда, иброз доштанд, ки сокинони сарбаланди Тоҷикистон, ки даҳшати ҷангро ҳатто дар дохили мамлакат дидаанд, ба қадри сулҳу оромӣ мерасанд ва ҳамеша шукр аз он мекунанд, ки имрӯз дар Ватани ором ва фазои сулҳу суботи пойдор умр ба сар бурда истодаанд. 
Дар ин рӯз як қатор собиқадорони меҳнат ва дигар шахсони фаъол бо сипоснома, ифтихорнома ва дигар туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадр гардиданд. Дар охир барномаи театрикунондашудаи бахши фарҳанги шаҳр пешкаши меҳмонон гардид.
 
Далер ШАРИФОВ, мудири бахши матбуоти МИҲД-и шаҳри Кӯлоб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2838
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед