logo

иҷтимоиёт

ФАЪОЛИЯТАМРО АЗ НАВ САНҶЕД

Соли 2010 тариқи Квотаи президентӣ ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дохил шуда, онро соли 2015 бо ихтисоси муаллими забон ва адабиёти тоҷик хатм намудам.  Ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе фаъолият намудам. Соли 2021 ба ҳайси муовини директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 91-и ноҳияи Сино таъин гардидам. 13-уми октябри соли 2021 бошад, бо фармони раиси ноҳияи Сино директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 111 (маҳаллаи Чортути Боло) таъин гардидам. 
 
Зимни фаъолият дар муассиса дар баробари таълиму тарбияи насли наврас ба корҳои бунёдкорию ободонӣ машғул мегардидем. Дар ҳамдастӣ бо омӯзгорон деворҳои мактабро рангубор кардем. Бахшида ба Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатӣ дар саҳни муассиса пояи Парчами давлатиро бо баландии 10 метр насб намудем. Дар баробари ин, бо ҷалби сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ боми бинои нави муассисаро пӯшондем. 
Кор хуб ҷараён дошт, то он вақте ки Мирсаид Негматов, падари яке аз хонандагони муассиса, ба мактаб омада, маро таҳқир намуд. Ҳол он ки писараш Эҳсон Негматов ба дарсҳо намеомад, инро журналҳои синфӣ тасдиқ мекунанд ва одобу ахлоқи хуб надошт. Инчунин, бо мӯйи дароз ба мактаб меомад ва ман ҳамчун директори муассиса барои ислоҳи вазъ чора андешидам, ки боиси «хашм»-и падараш шуд. Падар ба ҷои иҷрои уҳдадориҳои худ, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» муқаррар намудааст, Умаров Алишер, корманди Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилиро ба мактаб даъват намуд. Ҳамчунин, мудири маорифи ноҳияи Сино Муқаддас Носирзода, сардори шуъбаи кадрҳои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Ҷумъахон Самиев ва дигар масъулонро ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 111 овард. Мудири маориф ва сардори шуъбаи кадрҳои сарраёсат маро маҷбур карданд, ки аризаи аз кор рафтанамро нависам. Зери фишор аризаи аз кор рафтанамро навиштам. Ҳамин тавр, аз санаи 14 апрел инҷониб бекорам. 
Аз ин хотир, аз минбари Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон– рӯзномаи «Ҷумҳурият» муроҷиат менамоям, ки ин ҳодисаро одилона мавриди санҷиш қарор диҳанд, то ҳақиқати воқеӣ рӯи об барояду ман аз нав ба ҷои кор таъмин гардам.
 
Ф. ИБРОҲИМОВА, 
собиқ директори  Муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии 
№ 111 – и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.05.2022    №: 89    Мутолиа карданд: 330
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед