logo

иҷтимоиёт

САЙИДАҲМАД КАРИМОВ. ҶАНГОВАРЕ, КИ ТОҶИКОНРО ЧУН МИЛЛАТИ ҚАҲРАМОН МУАРРИФИВУ МАЪРУФ КАРД

 
Фарзанди далер ва ҷасоратманду фидоӣ Сайидаҳмад Каримов дар набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, бахусус дар озод намудани даҳҳо шаҳру деҳот, ҳазорҳо мардуми бегуноҳ аз чанголи марг ва хунрезиҳо, корнамоиву қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон дода, номаш дар таърих абадан сабт гардидааст. 
 
Сайидаҳмад Каримов ягона фарзанди миллати тоҷик аст, ки дар қатори орденҳои Байрақи Сурхи ҷангӣ, Ҷанги Бузурги Ватанӣ дараҷаи 1 ва 2, инчунин, дорандаи Ордени Суворов дараҷаи сеюм мебошад. Ин орден дар солҳои ҶБВ танҳо ба қӯмондонҳои ҳайати афсарони калоне, ки унвони ҳарбиашон аз полковник баландтар буд, тақдим мешуд. Ҳол он ки дар он рӯзҳои сахти ҷанги хонумонсӯз ин ҷавонмарди ҷасур унвони ҳарбии лейтенанти калон дошт.
Ҳарчанд се маротиба барои гирифтани унвони олӣ - Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ пешниҳод шуда бошад ҳам, бо сабабҳои то ҳол номаълум ин унвонро нагирифтааст. Вале Сайидаҳмад Каримов дар замони ҶБВ ва баъди он ҳамчун Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ шинохтаву дар васфаш асарҳо эҷод мешуданд, аҷоиби кор дар ин аст, ки ӯро мурда мепиндоштанд.
Корнамоиву қаҳрамониҳои Сайидаҳмад Каримов дар ҶБВ беҳадду беҳамто буд. Солҳои 70 – 80-уми қарни гузашта дар қатори дигар мактабиёну ҷавонон, хонандагони мактабҳои вилояти Чернигови Украина дар ҷустуҷӯи командири афсонавӣ – Сайидаҳмад Каримов шуда, дар бораи корнамоиҳояш маводи зиёде ҷамъ намуда, дар осорхонаи вилоят гӯшае ташкил карданд. Мактабиён - пайшиносони сурх ҷустуҷӯро идома медоданд, зеро аз кадом миллат ва аз куҷо будани ӯ маълум набуд. Баъдан маълумот пайдо карданд, ки сардори ситоди ҳарбие, ки Сайидаҳмад Каримов дар он полк хизмат мекард, А. А. Юсупов насаб дошта, дар шаҳри Уфа зиндагӣ мекунад. А. Юсупов дар ҷавоби мактуби пайшиносони сурхи черниговӣ менависад, ки Сайидаҳмад Каримов дар ҳақиқат дар набардҳои ҶБВ, бахусус дар озодкунии шаҳру вилояти шумо, қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон дода, то ба Ғалаба зинда буду дар озодкунии Германия шаҳид шуд. Ӯ аз Округи ҳарбии Туркистон ба ҳимояи Ватан – ба ҷанг омада буд. Шояд миллаташ туркмен бошад…
Вақте мактуби ҷавобии полковник А. Юсупов ба пайшиносони сурхи вилояти Чернигов расид, онҳо бо камоли мамнунияту эҳтиром ба халқи туркмен мақолаи калонҳаҷми А. Юсуповро бо сарлавҳаи «Эскадрони Каримов – озодкунандаи Бранденбург» ба шаҳри Ашқобод фиристоданд. Мақола бо ҳамин сарлавҳа дар яке аз шумораҳои рӯзномаи «Туркменская искра» ба табъ расид. Хурду калон ин мақоларо мутолиа карда, ба «фарзанди вафодори халқи туркмен» – Сайидаҳмад Каримов «ифтихор» менамуданду меболиданд. Аз он бедарак, ки ин ҷавонмарди ғаюру қаҳрамон фарзанди миллати тоҷик аст…
Вақте мақола ба дасти яке аз аскарҳои Сайидаҳмад Каримов, ки бо насаби Непесов дар эскадрони ӯ хизмат мекард, расид, кор ранги дигар гирифт. Акнун Непесов, кӣ, аз кадом миллат ва чи мартаба доштани командирашро медонист, мақоларо гаштаю баргашта хонд, ашки дӯстиву бародарӣ, ашки ҳақиқату сулҳу амонӣ рехта, ба пайшиносони сурхи черниговӣ ва полковник А. Юсупов мактуб навишт: «Ман – Непесов, миллатам туркмен буда, аскари зердасти Сайидаҳмад Каримов будам. Ӯ дар ҳақиқат командири афсонавӣ буд, вале миллаташ тоҷик асту аз Тоҷикистон. Баъди Ғалаба ман ба диёрам Туркманис-тон омадаму командирам Сайидаҳмад Каримов ба ватанаш- Тоҷикистон, вилояти Кӯлоб, ноҳияи Ховалинг рафта буд».
Чун мактуби ҷавобии Непесов ба мактабиён ва полковник расид ва онҳо суроғаи қаҳрамони «шаҳид»-и худро ёфтанд, фавран бо ҳамин суроға дар ҷустуҷӯ шуда, қаҳрамони худро дар деҳаи Доробии ноҳияи Ховалинги вилояти Кӯлоби Тоҷикистон зинда ва баркамолу побарҷо ёфтанд.
Дар мувофиқа бо роҳбарияти вилояти Чернигов Сайидаҳмад Каримовро ба ин вилоят даъват карданд. Бобои Сайидаҳмади қаҳрамон назди мактабиёну мардуми Украина, бахусус Чернигов рафта, вохӯрӣ намуд. Аз хурд то калон ин марди ҷасурро дида, хурсандӣ менамуданд. 
Баъдтар бо номи «Биля пиднижжя сонса» китобе ба забони украинӣ ба табъ расид, ки очерки нависандаи украинзабон Леонид Пашенко бо номи «Лист черниговских школярив» дар бораи зодгоҳ, оила, ҳаёт ва фаъолияти Сайидаҳмад Каримов мавқеи махсус ва ҷиҳати бузурги худшиносӣ, худогоҳӣ, ватандӯстию инсондӯстӣ дорад.
Сипас, Сайидаҳмад Каримов моҳи июни соли 1976 ба хабаргирии сардори штаби фронти А. А. Юсупов ба шаҳри Уфа рафт. 
Ӯро 12 октябри соли 1981 барои ширкат дар Конфронси умумииттифоқии собиқадорони ҶБВ ба шаҳри Москва даъват карданд. 
Аз ин гуфтаҳо ва дигар пайроҳаҳои ҳаётӣ дар бораи ӯ А. Юсупов бохабар гардида, ба муҳаррири собиқ рӯзномаи ҷангии дивизия, аъзои Иттифоқи нависандагони ИҶШС Аҳтам Сулаймон Оғли Иҳсонови бошқирд, ки дар шаҳри Уфаи Бошқирдистон зиндагӣ мекард, хабар дод.
Аҳтам Сулаймон, ки қаҳрамонони асосии асарҳои ӯ («На огненных копытах», «Тридцать соколов», повести «Вечная слава») Сайидаҳмад Каримов буд, аз хурсандӣ сараш ба осмон мерасид. Шод буд, ки қаҳрамони асарҳояш Сайидаҳмад Каримов «шаҳид» нашуда, то ҳол дар қайди ҳаёт аст.
Фавран Аҳтам Сулаймон ба Сайидаҳмад Каримов чунин мактуб навишт: «Дорогой мой Герой Сайидахмад! Пишет Вам ветеран Башкирдивизии, бывший редактор дивизионный фронтовой газеты, член Союза писателей СССР Ахтам Сулаймон Огли Ихсанов.
После войны я написал очень много статей, потом книги «На огненных копытах», «Тридцат соколов» и ещё повест «Вечная слава».
Во всех своих произведениях описал Ваши подвиги на фронте. Беде в том, что у нас нет связи с Вами. Это короткое письмо. Тов. Каримов, я жду от Вас письмо. Пишите, мне укажите точный адрес. Я вам отвечу обязательно, мой адрес:
г. Уфа-450040, ул. Первомайская- 35, кв. 29» 
Сайидаҳмад Каримов мактуби ҳамяроқи нависандаи худро, ки тамоми корнамоиву қаҳрамониҳояшро медонистаасту дар асарҳояш тасвир кардааст, хонда фавран мактуби ҷавобӣ менависад.
Ин ва дигар чунин мактубҳо, китобҳо ва ҳуҷҷатҳои расмӣ дар бойгонии Сайидаҳмад Каримов маҳфузанд, ки ҳар кадом дар худ ҷаҳон-ҷаҳон маънӣ ва асрореро маҳфуз медоранд. Афсус ва сад афсус, ки ба меҳнати ин марди бузург – командири афсонавӣ дар вақташ баҳои ҳаққонӣ дода нашуд. Тавре ки ишора намудем, ному хизматҳояш ҳамчун Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дар ҳуҷҷату китобҳо мондаасту халос, берун аз кишвари тоҷик, ҳатто аз асарҳое, ки қаҳрамони асосиашон писари шуҷои мардуми тоҷик Сайидаҳмад Каримов аст, нусхае дар кишварамон нест. 
 
Амир Сайиди Мункӣ, ноҳияи Ховалинг
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.05.2022    №: 89    Мутолиа карданд: 469
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед