logo

иҷтимоиёт

ЯК САҲИФАИ ПУРДАРДИ ЗИНДАГИНОМАИ САДРИДДИН АЙНӢ

 
Соли 1889 дар шаҳри Бухоро ва деҳаҳои атрофи он бемории вабо доман паҳн кард. Нафарони зиёде ба ин беморӣ мубтало шуданд, қисми зиёде аз сабаби маҳдуд будани имкониятҳои тибби замон ба ҳалокат расиданд. Тавре устод Айнӣ дар «Ёддоштҳо» менависанд: «Дар аввалҳои тобистони соли 1306 ҳиҷрӣ (баробар ба соли 1889-и мелодӣ) дар Бухоро вабо пайдо шуда, муромурӣ сар шуд. Акаам бемор шуда, ба қишлоқ баргашт, (Муҳиддинхоҷа, ки дар Бухоро таҳсил мекард Д. М.) тағоимуллом, ки хатми дарс карда буд ва дар шаҳр дарсгӯӣ мекард, мурд ва мурдаи ӯро ба қишлоқаш оварданд». Бинобар навиштаи Садриддин Айнӣ, дар деҳаҳо табибон набуданд. Ҳатто ҳамон табибони халқие ҳам набудаанд, «ки хасу хошоке ҷӯшонда дода, беморон ва бемордоронро тасалло диҳанд». 
Бинобар навиштаи муаррихи тоҷик Намоз Ҳотамов, дар ҳудуди шаҳри Бухоро  ягона бемористоне, ки то барҳам хӯрдани  тартиботи амирӣ (соли 1920) фаъолият мекард, бемористони “Дорушшифо” ба ҳисоб мерафт. “Дорушшифо” дар рӯбарӯйи Арки Бухоро воқеъ гардида буд. Сарпарастии онро дар охири асри XIX эшони Тоҷиддин (хоҷаи Ҷӯйборӣ) ба уҳда дошт. Ӯ ҳар навъ шарбату равған ва доруҳои муолиҷаовар тайёр намуда, бо онҳо беморонро табобат менамуд, аммо фаъолияти ин дармонгоҳ чандон васеъ набуд.  Аз ин лиҳоз, вабо дарҳол аз шаҳр ба деҳаҳо сироят карда, зиндагии мардумро, ки бе ин ҳам мушкилот домангираш буд, боз ҳам вазнинтар намуд. Аз ҳама бештар фоҷиаи ин вабо ба хонаводаи волидони Айнӣ таъсир кард ва ҳамаро ба ҷуз Садриддин аз по афтонд. Ин манзараро устод Айнӣ чунин тасвир мекунанд: «Модарам дар сари мурдаи бародараш бемор шуд. Ман ӯро ба хона овардам, ки ду бародари хурдам (Сироҷиддин ва Киромиддин - Д. М.) ҳам дар қатори акаам бемор шуда хобидаанд ва аз миён чанд рӯз нагузашта, падарам ҳам ғалтид». Устод Айнӣ, ки дар ин вақт ҳамагӣ 11 сол дошт, парастории ҳамаи беморонро ба зимма гирифт. Тавре худи устод менигоранд: «Акнун хонаи мо ранги як беморхонаро гирифт, ки дар он ҷо ҳам доктор, ҳам фелдшер, ҳам сестра ва ҳам санитарка ман будам». Ҳамин тавр, дар оилаи онҳо панҷ нафар ба ин беморӣ гирифтор мешаванд. Ҳар яки онҳо ба таври хос нигоҳубин мешуданд. «Ман ба навбат, - дар идома менависад С. Айнӣ, ба ҳар кадоми онҳо оби ҷӯш медодам, магасашонро (паша) мерондам ва дар берунравиашон ёрӣ мерасондам». Бо такя ба нигоштаҳои устод, деҳаи онҳо, яъне деҳаи Соктаре ,тахминан аз 300 хонавода иборат буда, дар рӯзҳои мушкили вабо ҳар рӯз ба ҳисоби миёна 1 ва ё 2 нафар аз ҳамин вабо вафот мекардааст. 
Бо вуҷуди чунин рӯзҳои мушкил мардум кӯшиш мекарданд, ки машғулиятҳои ҳаррӯзаи худро, ки, асосан, аз корҳои кишоварзӣ иборат буд, дар доираи имкон пеш баранд. Аз рӯйи маълумоти дар «Ёддоштҳо» овардашуда маълум мешавад, ки устод Айнӣ дар баробари парастории беморон боз вақт пайдо карда, корҳои нотамоми хоҷагиро пеш мебурдааст. Аз миёни беморони Садриддин аз ҳама вазнинтар аҳволи падараш будааст. «Аз миёнаи беморони ман аҳволи падарам бисёр бад буд. Ӯ қариб ҳамеша беҳуш буд. Танҳо об менӯшид ва ба гармии баданаш даст расонда намешуд». Бо вуҷуди чунин аҳвол падар вазъияти оиларо эҳсос карда, ягона писари тансиҳати худ Садриддинро дар корҳои хоҷагӣ маслиҳат медод. Яъне, дилмондагию навмедӣ аз зиндагӣ дар ин бемор мушоҳида намешуд. Ӯ барои ояндаи зиндагии фарзандонаш бо марг гӯё мубориза мебурд. Идомаи иқтибосро аз забони худи устод Айнӣ мехонем: «Ӯ ҳар боре, ки чашм мекушод, ба ман нигоҳ карда:
- Ба ҷуворӣ об додӣ? – гуфта мепурсид (оби аввалро худаш дода буд).
- Не, - мегуфтам ман.
- Дар оби аввал чанд рӯз шуд?
- Даҳ рӯз шуд (масалан).
- Хуб, ҳоло ба об наёмадааст, - мегуфт ва боз чашм мепӯшид.
Ин саволи падарам рӯзе чанд бор такрор меёфт. Охир як рӯз дар саволи худ аз ман ҷавоби «бист рӯз шуд»-ро гирифта буд, ки гуфт:
- Ба об омадааст. Кулӯхи офтобхӯрда бисёр андохтаам. Агар тавонӣ, як об деҳ, вагарна нобуд мешавад». Ҳамин тавр, Садриддин бо маслиҳати падари бемор замини ҷувориро об монда, аз натиҷаи он падарро хабардор мекунад. «Баъд аз ягон соати аз обдорӣ омаданам – идома дода менависад, устод Айнӣ, - падарам чашм кушода пурсид:
- Об додӣ?
- Додам!
- Баракалло! – боз чашм пӯшид».
Падари Садриддин Айнӣ – Саидмуродхоҷа баъди 40 рӯзи беморӣ қадре беҳтар мешавад, аммо бо гузашти 10 рӯзи сабукӣ боз дарду беҳолӣ хуруҷ карда, ин маротиба мавсуфро ба марг рӯ ба рӯ мекунад. Охирин васияти ӯ ба писар: «Хон, дар чӣ гуна душворӣ бошад ҳам, хон, одам шав! Лекин қозӣ, раис ва имом нашав! Агар мударрис шавӣ, майлат!» низ оҳанги умедворкунанда аз зиндагиро дорост. Садриддини ёздаҳсола дар он айёми душвор бо қарзи 150 танга падарро ба истилоҳ “гӯру чӯб” мекунад.  Дар болои ин як гови ҷӯшоӣ, ки яке аз боигарии асосии оила ба ҳисоб мерафт, мемурад. Модари бемор аз ин ҳолат руҳафтода нашуда, «Ҳар балое, ки омадааст, ба ҳамин гов занад, кошкӣ пеш аз падарат мемурд, ки шояд ӯ зинда мемонд», - гӯён писарашро тасалло медиҳад. Модар барои ҳифзи ҷони фарзандон аз Садриддин хоҳиш мекунад, ки гӯсолаи танҳоро ба Хонхӯҷа ном марди маъюбу муҳтоҷ бурда, садақа кунад. 
Пас аз ин аҳволи модар ҳеҷ рӯ ба беҳбудӣ намеовард. Оқибат тағояш омада модарро дар болои нардбон ба назди волидони худ мебарад. Охирин лаҳзаи вопасини худро бо модар устод Айнӣ чунин тасвир намудааст: «Аз рафтани модарам чӣ гуна ва ба чи дараҷа мутаассир шудани бародаронамро намедонам. Аммо дили ман бисёр вайрон шуд, мехостам бо ҳой-ҳой гиря кунам, аммо барои ташвиш надодани бемор аз овозбарорӣ худдорӣ кардам. Лекин аз чашмонам мисли шишаи сӯрохшуда об мерафт. Чашмам ба чашми модарам афтод. Аз чашмони ниммурдаи ӯ ҳам қатраҳои бисёр хурди сиришк ба рӯи заб-зард шуда, борик гардидарафтааш мешорид. Дар ин ҳол бо овози магасвор:
- Ба ҳазор дароӣ! – гуфт!». 
Баъди ин бори зиндагӣ пурра ба зиммаи Садриддини хурдсол гузашт, зеро бародари калониаш Муҳиддинхӯҷа баъди сиҳат шудан барои идомаи таҳсил боз ба Бухоро баргашта буд. Баъди як муддат додари хурдиаш Киромиддин низ вафот мекунад. Таъмини рӯзгор барои Айнӣ бори гарон буд. Тавре Радий Фиш ва Раҳим Ҳошим дар асри худ «Садриддин Айнӣ» менависанд: «Акнун ба Садриддин ба сари худ кори деҳқониро саришта кардан, заминро рондан, коштан, киштро парваронда, ҳосилро ғундошта фурӯхтан, - ҳамаи он корҳое, ки деҳқони солдори бақувват мекунад, ба танҳоӣ ба ҷо оварда, маоши худ ва бародаронашро таъмин кардан лозим меомад». Дар баробари ин, васияти падарро фаромӯш накарда, пасон сидқан пайи омӯзиш низ шуд. 
Ҳамаи ин дарду ранҷ ва мушкилоти зиндагӣ агарчанде устодро хеле ҷисману руҳан азоб додаю афгор намуда буд, аммо ӯ дар роҳи таъмини саодати рӯзгори худу бародаронаш талош карда, ба қуллаҳои умед расид.  Яке аз василаҳои асосие, ки устод Садриддин Айниро аз ин варта раҳонд, ин пеш аз ҳама, таҳаммулпазирию матиниродагӣ буд. Ин сабақи хубест ба ҳамзамонони мо. 
 
Давлатшоҳ МАҲМУДОВ,
устоди ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ     


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.05.2022    №: 89    Мутолиа карданд: 348
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед