logo

иҷтимоиёт

БОЙСУН: “БИБИҲО” – СОҲИБИ ҶОИ ИФТИХОРӢ

Дар Фестивали байналмилалии фолклории “Баҳори Бойсун”, ки рӯзҳои 7-8 май баргузор гардид, гурӯҳи “Бибиҳо”-и вилояти Суғди Тоҷикистон сазовори ҷои дуюм шуд. Ба ин гурӯҳ Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Сайрам Исоева роҳбарӣ мекунад.
 
Дар ин фестивал 150 нафар ба  намояндагӣ аз дастаҳои фолклории 30 давлат ширкат карданд. Он дар доманаи талу теппаҳои деҳаи Паданги ноҳияи Бойсун, зери осмони кушод ба вуқуъ пайваст, ки тамошобинони зиёдро гирди ҳам овард.
 Ин чорабинии фарҳангӣ бори нахуст соли 2002 ҳамчун фестивали кушоди фолклорӣ  роҳандозӣ гардида, дар он танҳо дастаҳои фолклории соири шаҳру вилоятҳои  Ҷумҳурии Ӯзбекистон мушорикат доштанд. Соли 2004 бори дувум ин фестивал дар ҳамон шакл баргузор ва баъд дар байн танаффуси калон шудааст. 
 “Баҳори Бойсун” соли 2017 аз нав барқарор гардида, соли 2022 мақоми байналмилалиро касб намуд. Он таҳти ҳимояти молии Созмони байналмилалии ЮНЕСКО роҳандозӣ гардид.
 Ҷои аввалро мизбонон - аъзои дастаи фолклории “Бойсун”-и вилояти Сурхондарё соҳиб шуданд. 
 Инчунин, дар ин Фестивал дастаи “Ҷӯраҳо”-и вилояти Хоразм, “Оқ масҷид”-и Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, “Ибрат”-и Ҷумҳурии Қирғизистон ва “Навоӣ”-и вилояти Навоӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
- Иштироки мо дар Фестивали байналмилалии фолклории “Баҳори Бойсун”  бори нахуст сурат гирифт ва хеле бобарор анҷом ёфт. Дастаи “Бибиҳо”-и мо аз ҳунарпешаҳо Неъматҷон Дӯстматов ва Малоҳат Абдушукурова, Шаҳодат Ҷӯраева, Малика Эргашева, Офият Масаидова, Тоҷинисо Ниёзова, Мирзоумар Аҳмадов, Шероз Каримов иборат аст. Ин ҷо аз ҳаёту рӯзгори мардуми тоҷик, хусусан занону духтарони он,  лаҳзаеро манзури аъзои доварон кардем. Ин баромади мо хеле муваффақият пайдо кард ва аз тарафи доварону тамошобинон истиқболи гарм ёфт,-гуфт ба хабарнигори “Ҷумҳурият” Сайрам Исоева.
 Дар доираи Фестивали мазкур бозиву мусобиқаҳои миллӣ низ, роҳандозӣ гардиданд.
 
Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”,
Тошкент-Бойсун-Тошкент
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.05.2022    №: 90    Мутолиа карданд: 503
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед