logo

фарҳанг

ИНТЕЛЛЕКТ +

Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
ДАР КАТАКЧАҲО КАЛИМАҲОЕРО ҶОЙГИР КУНЕД, КИ АЗ ЧОР ТАРАФ ЯК ХЕЛ ХОНДА ШАВАНД.
 
Таҳияи Муъминҷон ҶУМЪАЕВ,омӯзгори МТМУ № 40, шаҳри Истаравшан
 
 
ҶАВОБ БА МУАММОИ «ИДИ ЗАФАР» АЗ 6 МАЙИ СОЛИ 2022
1. Амиршоев. 2. «Вафо». 3. Орден. 4. Немис. 5. Сталинград. 6. Дон. 7. Ниёзӣ. 8. Истеҳком. 9. Микола. 10. Асал. 11. Ленинград. 12. Днепр. 13. Рейхстаг. 14. Германия. 15. Якдилӣ. 16. «Искра». 17. АКМ. 18. Москва. 19. Айнӣ. 20. Ибарурӣ. 21. Икс. 22. Сталин. 23. Неъмат. 24. Танк. 25. Курск. 26. Комбат. 27. Таня. 28. Яковлев. 29. Василев. 30. Вилоят. 31. Турдиев. 32. Ватан. 33. Нусрат. 34. Тӯп. 35. Полковник. 36. Кино. 37. Окоп. 38. Тоҷик. 39. «Катюша». 40. Ахбор.  
 
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
 
Вайбер: 93-547-00-05, 
bzm_701@mail.ru
 
Масъули рубрика 
Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
 
 
 
ФК «ИСТИҚЛОЛ»
РЕКОРДСМЕНИ ТОҶИК-РЕКОРДСМЕНИ ҶАҲОН ШУД
Тибқи арзёбии сомонаи олмонии Transfermarkt, тими футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон ба қатори дастаҳои рекордсмени ҷаҳон, ки пайи ҳам унвони қаҳрамонии кишварашонро ба даст овардаанд, шомил гардид. «Истиқлол» дар маҷмуъ, 10 маротиба чемпиони Тоҷикистон шуда, аз соли 2014 то 2021-ум 8 маротиба дар майдонҳои сабзи кишвар  яккатозӣ кардааст.  
Бештар аз «Истиқлол» дастаҳои «Лудогоретс» (11 маротиба дар Булғория), «Бавария» (10 бор, Олмон) ва «Ред Булл Залтсбург» (9 карат, Австрия) пайи ҳам дар чемпионати кишварашон ғолиб омадаанд.
Бояд гуфт, ки «Истиқлол» дар қиёс ба дастаҳои болозикр хеле ҷавон буда, ҳамагӣ таърихи 15-сола дорад. Дар ин миён тими шаҳри Душанбе дар баробари ғолиби чемпионат шудан, инчунин, 8 маротиба Ҷоми Тоҷикистон, 11 карат Суперҷоми Тоҷикистон, 6 бор Ҷоми ФФТ-ро ба даст овардааст. Гузашта аз ин, ғолиби мусобиқоти байналмилалии Ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё ва Ҷоми Баҳористон буда, ду карат финалисти Ҷоми КФО мебошад.  
 
Маҳмуд МИРЗОЁН
 
 
 
 
ТАВСИЯ
ИЛОҶИ РАҲОӢ АЗ ТАНБАЛӢ
14. ДАР СУРАТИ НИЁЗ АЗ ДИГАРОН ЁРӢ ГИРЕД
 
Аксари одамҳо хуш надоранд, ки дар ҳолати ниёзмандӣ аз дигарон ёрӣ бихоҳанд. Шояд иллати ин масъала дар тарс ва хиҷолат бошад. Дар ҳар сурат тарсидан аз дархости ёрӣ нигариши носолим аст. Инсон мавҷуди иҷтимоӣ буда, бахше аз вуҷудаш дар иртибот бо иҷтимоъ ва кумак кардану ёрӣ гирифтан аз онҳо маънӣ пайдо мекунад. 
Вақте бо дигарон дар муошират ва иртиботем, ҳисси масъулиятамон бештар мешаваду дармони танбалӣ хеле содатар. Нафароне, ки шуморо дӯст медоранд ва ба дармони танбалиатон кумак мерасонанд, ангезаи лозимае барои тағйири шумо хоҳанд дод.
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
 
КОРРУПСИЯ
ДАР ИТАЛИЯ МОЛИКИЯТИ АЗ ДАРОМАДИ РАСМӢ ЗИЁДРО МУСОДИРА МЕКУНАНД
 
Дар Италия молу мулке, ки аз ҳаҷми даромади расмӣ бештар аст, ҳабс ва мусодира мешавад. Соҳиби ин гуна моликият бояд сарчашмаҳои қонунии ба даст овардани молу мулкашро нишон дода тавонад. Дар ғайри ин сурат, он ришва ба шумор рафта, бидуни ҳукми суд ҳабс ва мусодира мегардад. Ин дар ҳолест, ки дар бисёр кишварҳои олам барои муҷозоти порахӯрон меъёрҳои сангини қонунгузорӣ, ба мисли ҳабси абаду ҳукми қатл пешбинӣ мекунанд. Вале дар Италия ин гуна усул, яъне мусодираи молу мулки ғайрирасмӣ шеваи муассири мубориза бо фасод арзёбӣ мегардад, ки он ба коҳиши сатҳи коррупсия дар кишвар мусоидат кардааст.  
 
Таҳияи Фаромарз РАҲМОНИЁН
 
 
 
 
 
ҲАМШИРАИ ШАФҚАТ БО ХИЛЪАТИ САФЕД РЕКОРДИ ГИННЕССРО ГУЗОШТ
 
Ҳамшираи шафқати амрикоӣ Сэм Рокер аз Филаделфия рекорди нави ҷаҳонии Гиннессро рақам зад, Ин бону дар сабқати марафонӣ бо хилъати бемористониаш масоҳати муқарраршударо дар зарфи 2 соату 48 дақиқаву ду сония тай намуд, - хабар медиҳад шабакаи телевизионии Fox News.
Гуфта мешавад, ки бону ин дастовардро оид ба суръати фосилаи сабқати марафонӣ дар либоси тиббӣ муваффақ шуд. Рекорди қаблиро дар марафони Лондон соли 2019 Ҷессика Андерсон бо натиҷаи се соату ҳашт дақиқаву 22 сония гузошта буд.
Рекорди худро бонуи амрикоӣ ба мушкилоти руҳӣ, ки ҳамшираҳои шафқат ҳангоми пандемияи коронавирус дучор омада буданд, бахшид. Ӯ ва ҳаммаслаконаш бештар аз 45 ҳазор доллар барои хизматрасонӣ дар соҳаи саломатии руҳӣ ҷамъоварӣ намуданд.
 
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
 
 
ДУ ПАНД
 
Баъзеҳо ҳар ҷо, ки мераванд, мӯҷиби шодӣ мешаванд, дигарон ҳар вақт ки мераванд.
***
Худхоҳӣ ин нест, ки як нафар он тавр, ки дилаш мехоҳад, зиндагӣ кунад. Ин аст, ки таваққуф дошта бошад, дигарон ҳамон тавр, ки ӯ мехоҳад, зиндагӣ кунанд.
 
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
 
ГОЛИ РОБЕРТО КАРЛОС
ФИЗИКДОНҲОРО ҲАЙРАТЗАДА ВА БА ТАҲҚИҚОТ МАШҒУЛ КАРД
 
Моҳи июни соли 1997 барои омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон – 1998 дар Фаронса мусобиқоти байналмилалии  рафиқона  бо ширкати мунтахабҳои Англия, Бразилия, Италия ва тими  мизбон баргузор гашт.
Дар даври аввал Фаронса муқобили Бразилия ба майдон баромад. Пас аз он, ки мизбонон қоидаи бозиро муқобили Роналдо вайрон намуданд, довар зарбаи ҷаримавӣ таин намуд. Масофа то дарвоза 35 метр буд. Барои иҷрои зарба Роберто Карлос назди тӯб омад. Ҳамватани Пеле чунон зарбаи сахт зад, ки  тӯб бо масири фавқулода (суръати ҳаракати тӯб 137км/ соат) ба сутутни дарвоза бархӯрда, гол шуд. Дар навори такрорӣ чунин менамояд, ки тӯб ба ҳадаф намерасад, вале ногаҳон самти ҳаракаташ ба таври фавқулода иваз мегардад, ки берун аз қоидаҳои физикӣ арзёбӣ шуд.
Соли 2010 гурӯҳи физикони мактаби политехникии шаҳри  Париж (Ecole Polytechnidue) асрори ин голро мавриди таҳқиқ қарор доданд. Зимнан,  физикдони номвари бразилӣ Луис Фернандо  Фонтанари зарбаи Роберто Карлос (қувваи зарба, нуқтаи тӯби задашуда, масофа то дарвоза)-ро  муъҷиза хонд ва гуфт: “Мо  дар майдони футбол чунин чизеро дигар нахоҳем дид”.
 
Таҳияи Маҳмуд МИРЗОЁН
 
 
 
МЕССИ САФИРИ САЙЁҲИИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ГАРДИД
Ҳамлагари мунтахаби Аргентина оид ба футбол ва дастаи фаронсавии «Пари Сен – Жермен» Лионел Месси расман сафири сайёҳии Арабистони  Саудӣ гардид, - иттилоъ додааст Arab News.
Чанде қабл Месси дар мақоми нав ба Ҷидда ташриф овард.
«Ман хушҳолам, ки Лионел Мессиро дар Арабистони Саудӣ мебинам. Шод аз онам, ки шумо бо муъҷизоти баҳри Сурх ва таърихи бостонии мо шинос мегардед», - навиштааст дар Twitter-и хеш вазири туризми Арабистони Саудӣ Аҳмад ал – Хатиб.
Моҳи январи соли 2021 нашрияи Teleqraph хабар дода буд, ки дорандаи панҷкаратаи «Тӯби тиллоӣ» Криштиану Роналдуи португалӣ бо пешниҳоди 6 миллион евро дар як сол ин мақомро напазируфта буд.
 
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
 
 
 
 
 
ВАТСАППРО 
2 МЛРД НАФАР ИСТИФОДА МЕБАРАНД
 
Маъруфтарини мессенҷери ҷаҳон WhatsApp аст. Шумораи корбарони он дар Чин бештар аст ва ин нишондод рӯз ба рӯз меафзояд. WhatsApp бо чандирии муошират, қобилияти ба вуҷуд овардани  гурӯҳҳо барои тиҷорат, блогҳо ва ВАО маъмул аст. Дар кишварҳои Осиё ҳамчун як шабакаи мукаммали иҷтимоӣ ва манбаи хабар истифода мешавад. Аз тариқи он бисёриҳо маблағи ҳангуфт ба даст меоранд.
 
Таҳияи Оламбегими НЕКҚАДАМ
 
 
 
 
БУЗУРГТАРИН ШИРКАТҲОИ САНОАТӢ
2. APPLE
ДОРОТАРИН ШИРКАТЕ, КИ САРМОЯАШ БА 3 ТРИЛЛИОН ДОЛЛАР РАСИД
Айни замон Apple калонтарину доротарин ширкати дунёст, ки бозори планшету компютер, смартфону аудиоплеерро ба даст гирифтааст. Ширкат дар зарфи 46 сол тавонист аз компютери дастисоз то бисёрфунксионалиро тавлид намояд. Ин буд, ки моҳи январи соли 2018 дар рӯйхати 500 кордиҳандаи беҳтарини дунё аз рӯи баҳогузории маҷаллаи “Форбс” ҷойи 3-юмро ишғол кард. Моҳи январи соли равон бошад, бо сармояи 3 триллион доллари ИМА дар садри ширкатҳои дорои олам қарор гирифт.  
 
Тарҷумаи М. ҚОДИРӢ 
 
 
 
БАЛАНДТАРИН  БИНОИ ЧӮБИН ДАР ДУНЁ
Ширкати «Schmidt Hammer Lassen»-и Дания лоиҳаи бинои чӯбини баландиаш 100-метраро пешниҳод намудааст. Баландтарин бинои чӯбин дар дунё дар шаҳри Винтертури наздикии Сюрихи Швейтсария қомат меафрозад. Сохтмончиҳо мақсад доранд, ки биноро соли 2026 ба истифода диҳанд.
 
Аз русӣ тарҷимаи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ
 
 
 
ҚАДИМТАРИН ШАҲРҲОИ ДУНЁ
ГАЗИАНТЕП
 
Яке аз шаҳрҳои қадимӣ   дар  Туркия  аст. Газиантепро мисли дигар шаҳрҳои Туркия дафъатан хетҳо, ассирийҳо, форсҳо, Александри Мақдунӣ, римиҳо, салҷуқиён, салибдорон,  византиягиҳо ва арабҳо ба зери ҳукм даровардаанд. Артиши миллии он   дар  асорати  даҳмоҳаи фаронсавиён низ мондааст. 
Дар теппаи наздики шаҳр масҷиди мухторияти куртулуши Ҷомӣ қомат афрохтааст. Соли 1892 ҳангоми ҷанги истиқлолиятхоҳӣ чун   макони  маҷлисороии олирутбагони арманиҳо,  баъдан ҳамчун маҳкама  хидмат намудааст. Ҳоло он ба масҷид табдил ёфтааст. Шаҳр, ҳамчунин, бо Осорхонаи бостоншиносии Istasyon Caddesi, ки  дар майдони  800м2 қомат афрохтааст, маълуму машҳур мебошад. Он аз ёдгориҳои назарраси Газиантеп ба шумор рафта, дар баробари дигар нигораҳо аржангҳои римиёнро  ҳифз менамояд.
 
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА
 
 
 
 
 
МАЪРУФТАРИН ОЛИМОНИ  ТАЪРИХИ БАШАРИЯТ
НИЛС БОР (с. 1885 – 1962)
Нилс Бор дар Дания ба дунё омадааст. Аз хурдӣ ба илм майлу рағбати зиёд дошт ва падараш, ки худ физиологи маъруф буд, фарзандашро дастгирӣ менамуд.
Дар айёми донишҷӯӣ олими ҷавон бо гидродинамика ва баъдан ба физика машғул мешавад. Бор ба Кембриҷ омада, бо Ҷон Томсон – муаллифи модели атом якҷо кор кардааст.
Баъдан Нилс Бор «Сохти атом ва молекулаҳо»  ном мақолае ба нашр расонд ва омӯзиши хусусиятҳои атомҳоро идома дод. Олим ба гирифтани Ҷоизаи Нобел дар соҳаи физика мушарраф гаштааст.
Дар замони Ҷанги дуюми ҷаҳон ба Бор пешниҳод намуданд, ки бо Германияи фашистӣ ҳамкорӣ намояд, вале физик онро напазируфт. Борҳо ӯ бо сиёсатмадорон вохӯрда, кӯшидааст, ки онҳоро муътақид бисозад, то аз истифодаи аслиҳаи ядроӣ даст кашанд.
Дастовардҳои олим: модели планетарии сохти атом; таҳқиқи тағйирёбии моеъ; тавзеҳи хусусияти элементҳои кимиёвии ҷадвали Менделеев мебошанд.
 
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
 
 
 
 
 
ГАНҶИ ШОЙГОН
ДАРИ СУОЛ БАСТАЕМ
 
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ мегуфт: - Мо дари суол (чизе хостан аз мардум) – ро бар ёрон (муридон)-и худ дарбастаем. Ва муридонро мефармуд, ки ба касбе машғул бошанду бо арақи ҷабин нон ба даст оранд. Инчунин, таъкид менамуд: 
- Ва ҳар ки аз ёрони мо ин тариқаро наварзад, пуле наярзад, ҳамчунон, рӯзи қиёмат рӯйи мо нахоҳад дидан ва, агар чунон ки ба касе даст дароз кунанд, ман рӯй бад – эшон фароз (боло) хоҳам кардан. Ба тақвияти суханон ин ду байт бар забонаш ҷорӣ буд:
 
Гуфт пайғамбар, ки ҷаннат аз Илоҳ
Гар ҳамехоҳӣ, зи кас чизе махоҳ.
 
Гар нахоҳӣ, ман кафилам мар туро
Ҷаннатулмаъвову дидори Худо. 
 
Китобати Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
 
ФУТБОЛКАИ МУҲОФИЗ
 
Дар  дорухонаҳои Испания футболкаҳое ба фурӯш бароварда шуданд, ки касро аз хомӯшакҳо эмин медоранд.
Коркарди он 4 сол идома ёфт. Мутобиқи андешаи баъзеҳо онҳо бӯйи махсус надоранд, осон шуста мешаванд, барои одамоне, ки аллергия доранд, хатарнок нестанд. Ин гуна футболкаҳо ҳам ба калонсолон ва ҳам наврасон мувофиқанд.
Таркиби махфии онҳо, ки ҳашаротро мегурезонад перментин мебошад. Перментин ба таркиби матое, ки аз он футболкаҳо омода мешаванд, дохил аст.
Ин футболкаҳо дар ширкати «Sanitized» - и Швейтсария коркард шудаанд.
 
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
 
 
АЗ ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ
ФИЛ
ҶОНВАРЕ, КИ ВАЗНИ ДИЛАШ ТО 30 КИЛОГРАММ АСТ
Филҳо ба ҳисоби миёна ним аср умр мебинанд. Машҳуртарин фили дарозумр бо номи Лин Ван мебошад, ки 86 сол ба сар бурд. Филҳо ҷонварони доно ва ороманд, аммо набояд онҳоро ба хашм овард, зеро рафтори фили хашмгин метавонад даҳшатовар бошад.
Фил хотираи қавӣ дошта, дилаш 25-30 килограмм аст. Фили калонсол дар як рӯз 100-200 литр ва аз ин ҳам зиёдтар об мехӯрад. Онҳо бӯйро нисбат ба одамон зуд ҳис мекунанд. Вазни фили калонсол ба панҷ тонна мерасад. Воқеан, дандонҳои фил дар тули умраш тақрибан 6 маротиба иваз мешаванд.
 
Таҳияи Оламбегим 
НЕКҚАДАМОВА
 
 
 
ҚАТРАЕ АЗ БАҲР
14 ҚОНУНИ ПСИХОЛОГИЕ, КИ ДОНИСТАНИ ОНҲО ҲАЁТИ ШУМОРО ТАҒЙИР МЕДИҲАД
Қонуни «Минимум ва максимум». Одамони барҷаста, нобиғаҳо ва, умуман, шахсони неруманд ҳеҷ гоҳ дар миёни муносибатҳо намемонанд, зеро онҳо нисбат ба дигарон бепарво нестанд: онҳоро нодида намегиранд, онҳоро дӯст медоранд. Аз ин рӯ, ин гуна одамон фаромӯш намешаванд, дар бораашон гап мезананд: касе бо мафтунӣ, касе бо ҳасад. Агар шумо аз қабили ин гуна одамон – хушбахт ва дорои табиати дурахшони созанда бошед, пас хавотир нашавед, ки ҳамсояи ошёнаи поёнӣ ба шумо заҳр мепошад. Агар шумо душман надошта бошед, пас шумо ноком шудаед.
 
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
 
 
 
 
ИНСОН ВА АСРОРИ КОИНОТ
ЗУҲРА  НАЗДИКТАРИН САЙЁРА БА ЗАМИН АСТ
Зуҳра шашумин сайёраи калонтарини системаи офтобӣ ва дуюмин сайёраи дур аз Офтоб маҳсуб мешавад. Он баъзан дар рӯз ҳам намоён буда, наздиктарин  сайёра ба Замин аст. Зуҳра нисбат ба дигар сайёраҳо гармтарин ба ҳисоб меравад, ки ҳарорати миёнаи он 477 дараҷа буда, тақрибан 65 дарсади сатҳи рӯи онро ҳамвориҳо ва вулқонҳо фаро мегиранд. Дар он атмосфера зич аст ва 96 дарсад гази карбонро дар бар мегирад. Фишори атмосфера дар сатҳи сайёра нисбат ба Замин 92 маротиба зиёд буда, тақрибан ба фишори об дар чуқурии 900 метр баробар аст.
 
Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.05.2022    №: 90    Мутолиа карданд: 2059
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед